Боз як хушхабар ба мардуми Фарғона ғурур ва ифтихор бахшид.
Пара-варзишгари 25-сола Ёрқинбек Одилов дар мусобиқаи байналмилалии найзапартоӣ дар Ню-Делии Ҳиндустон ба гирифтани медали нуқра соҳиб гашт.
Ёрқинбек соли 2024 барандаи медали тиллои Бозиҳои паралимпӣ дар Париж буд. Вай дар мусобиқаи найзапартоӣ, ки байни мардон дар класси Ф57 баргузор шуда буд, бо партофти 50,32 метр медали тиллои паралимпиро ба даст овардааст.
Ёрқинбек соли 2022 дар Бозиҳои Пара-Осиё дар Ханчҷоуи Чин ширкат карда, соҳиби медали нуқра гардида буд. Инчунин ин варзишгари фарғонагӣ соли 2023 дар чемпионати ҷаҳон дар Париж соҳиби медали нуқра гардидааст.
Ӯ хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Фарғона буда, соли 2017 узви тими миллии пара-атлетика шудааст ва таҳти мураббигии Яҳё Ёқубов машғули тамрин мебошад.
Ё. Одилов дар Бозиҳои паралимпии соли 2020 дар Токио мақоми 4-умро касб намудааст.
Ёрқинбек Одилов бо амри Президент соҳиби медали «Шуҳрат» ва нишони «Ӯзбекистон ифтихори» шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».