Одам шудам, валекин одам намеёбам...

Ё худ назаре ба ҳаёт ва эҷодиёти шоири зуллисонайн

Ба туфайли истиқлол имрӯзҳо дар ҳама соҳа навгониҳо рӯйи кор меоянд. Мисли ҳамин дар соҳаи адабиётшиносӣ низ дар даврони истиқлол корҳои бисёре анҷом ёфта истодаанд, ки сазовори таҳсин аст. Имрӯзҳо худшиносӣ ва ба худӣ баргаштан яке аз равандҳои мусбати ҷомеаи инсонӣ мебошад. Пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳои адабӣ сабаб мегарданд, ки рӯз то рӯз шахсони бузурги таърихиву фарҳангӣ, ки солиёни дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ буданд, чеҳра менамоянд.

Қаҳрамони навиштаи мо низ яке аз шоирони хушбаёну ҳозирҷавоб, ҳаҷвнигору зарофатгӯ, ҳикматниҳоду ростгӯ мебошад, ки имрӯзҳо осораш аз ҷониби муҳаққиқон мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Мирзо Олим яке аз шоирони охири асри XIX ва ибтидои садаи XX буда, бо эҷодиёти пурмазмун ва рангини худ ҳам дар адабиёти тоҷик ва ҳам дар адабиёти ӯзбек мавқеи ба худ хос дорад. Вай дар муҳити мардумӣ зиндагӣ карда, бештар бо ҳазлу шӯхӣ, шеъру таронаҳои пандомез ва ҳаҷву мутоибаҳояш дар байни халқ шинохта шудааст. Номи аслии ӯ Мирзо Олим аст. Вале аз он, ки шеъру байтҳояш бештар шӯхиомез буданд, мардум ба ӯ лақаби “Девона”-ро низ дода буданд. Вай дар асл девона набуд, ин лақаб ифодагари озодандешиву озодфикрӣ ва шартакигӯии ӯ буданд. Ин аст, ки дар манбаъҳои адабӣ низ бо унвони Мирзо Олими Девона сабт шудааст. Вай дар муҳити одии деҳот таваллуд шуда, умри худро дар байни мардум сипарӣ намудааст. Аз сабабе, ки ҳаёти вазнин ва пурмашаққат дошт, ба маҷрои зиндагӣ аз паси панҷа назар меафканд ва аз талху тундии он сахт бепарво буд. Кӯшиш мекард, ки пешомади зиндагиро бо шӯхиву лоқайдӣ пазироӣ кунад, то аз машаққати он ба осонӣ халос гардад. Таҳқиротро бо тамкинӣ мепазируфт ва ба он либоси ҳазлу шӯхӣ пӯшонда, ба мардум пешниҳод мекард. Гузашта аз ин, ба нобаробариҳову ноҳақиҳои ҳаёт тамасхуромезона назар афканда, аксар вақт бо ҳозирҷавобию шартакигӯйиҳо посух мегардонд.

Шеърҳои Мирзо Олими Девона асосан аз даҳон ба даҳон гузашта, дар байни мардум паҳн шудаанд. Бисёре аз байтҳои ӯ ҳоли ҳозир ҳам дар ёди мардум ҳастанд, вале онҳо ба шакли китоб дароварда нашудаанд. Яъне ашъораш ба пуррагӣ то имрӯз дастрас нест.

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти вай дар баъзе манбаъҳо маълумот дода шудаанд, ки барои пурра омӯхтани зиндагиномаву осораш даст намедиҳанд. Масалан, дар ҷилди 8-уми маҷмӯаи дастхатҳои Шарқи Академияи фанҳои Ӯзбекистон оиди дар дарбори Амир Музаффар мирохӯр будани ӯ ба таври умумӣ маълумот дода шудааст. Инчунин дар китоби «Мирӣ ва ҳамзамонони ӯ»-и В. Абдуллоев ва Б. Валихоҷаев номи вай ҳамчун як шоири боистеъдод қайд гардидааст.

Тибқи маълумоти дастрасгардида қиссаи «Равзаи асрор»-и вай дар ду нусха, мухаммасаш бар ғазали Алишери Навоӣ ва асари дигареро, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, дар хазинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии Академияи фанҳои Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи осори вай рангоранг буда, аксари онҳоро мардум ба осонӣ қабул менамудаанд ва дар маҷлису тӯйҳо ва базмҳои мардумӣ ба камоли завқ мехондаанд. Шеъру байтҳои вай асосан мазаммату танқиди хислату характерҳои бади инсонӣ, чун ҳирсу тамаъ, кибру ғурур, пастфитратию ноҳақгӯӣ, дуздиву ғоратгариро дар бар гирифтаанд. Аз ҳамин ҷост, ки ӯро дар таърихи адабиёт ҳамчун шоири базлагӯ ва сарояндаи панду ахлоқ эътироф кардаанд.

Мирзо Олим дар шеърҳои худ камбудиву норасоиҳои ахлоқӣ ва нобаробариву тазодҳои иҷтимоӣ, аз қабили ҳарисиву молпарастӣ, дурӯғгӯиву нодонӣ, кибру манманӣ ва ноадолатиро сахт мазаммат кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки чӣ ашъори ӯзбекӣ ва чӣ ашъори тоҷикиаш аз даҳон ба даҳон гузашта, дар аксар маврид бе номаш ҳам истифода гардидаанд. Аз ин ҷост, ки аз ӯ фақат байтҳои парешоне, ки дар манбаъҳои хаттӣ сабт ёфтаанд, боқӣ мондааст. Вайро дар қатори шоирони номии халқӣ Қаландар Ҳофиз, Базруллоҳ Ҳоҷӣ, Ҳоҷӣ Ҳақназар ва дигарон ба забон гирифтаанд.

Эҷодиёти Мирзо Олими Девона хусусиятҳои хос дорад: якум ин ки ба гӯйиши мардумӣ наздик аст, дувум ин ки танқидро бо шӯхиву ҳазл ва тамасхур меоварад, ки он мардумро ҳам механдонад ва ҳам ба андеша водор месозад. Савум ин ки дар ҳар шеъраш андешаҳои ахлоқӣ инъикос ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз муҳаққиқони имрӯза талаб карда мешавад, ки осори ӯро на ҳамчун як шоири ҳаваскор, балки ҳамчун шоири касбӣ мавриди тадқиқ қарор диҳанд. Зеро дар вақти хондани байтҳои шоир ба ҳар ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гувоҳи фаровон истифода шудани санъатҳои бадеӣ, чун такрор, рамзу киноя, ҳаҷву мутоиба, ташбеҳу тазод, талмеҳу таҷнис мегардем.

Тавре ки дар боло гуфта гузаштем, мавзӯи панду андарз, ҳикмату насиҳат як қисми офаридаҳои шоирро ташкил медиҳанд. Ба ин мавзӯъ муроҷиат кардани ӯ бесабаб нест. Зеро вай дар даврони Амир Музаффар зиста, коста гардидани меъёрҳои одобу ахлоқ, инсофу адолат, дӯстиву душманиро ба чашми худ мебинад. Чунончӣ:

Одам шудам, валекин одам намеёбам,

Дар ҳар қадам нишони бедод мебинам.

Тибқи маълумотҳо Мирзо Олими Девона забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ-ӯзбекиро хуб медонистааст. Аз ин ҷост, ки дар навиштаҳояш таъсири байниҳамдигарии ин забонҳо бараъло намудор мегардад. Ин таъсирпазирӣ шеъри ӯро боз ҳам рангину дилкаштар намудаанд. Чунончи:

Равшан агар шамъи сухан айладим,

Ҳожат агар бӯлди ани ёқмадим.

Як худи ҳамин байт гувоҳи гуфтаи болоӣ аст, ки вожаҳои «равшан» ва «сухан» – тоҷикӣ, «ҳоҷат» ва «шамъ» – арабӣ ва «айладим», «бӯлди», «ани», «ёқмади» – туркӣ-ӯзбекӣ мебошанд.

Вақти он расидааст, ки паҳлӯҳои мухталифи осори ин шоири дузабона аз ҷониби муҳаққиқони соҳа ба риштаи таҳқиқ кашида шавад.

Рухсора Муродова,

устоди Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: