Донишкадаи нав – қадами нав ба сӯи густариши ҳамкориҳои халқҳои Осиёи Марказӣ дар бахши илму фарҳанг

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов таҳти рақами 295 дар ин боргоҳи бонуфузи таълимӣ Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд.

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар ин боргоҳи бонуфузи таълимӣ Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд.

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо мақсади ривоҷу равнақи илму фарҳанг, таҳкими ҳамкориҳо бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар боргоҳи таълимӣ боз як институт ташкил ёфт. Дар арафаи таҷлили 605-солагии донишгоҳи мазкур Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ бо тантана кушода шуд.

– Дар 4-5 соли охир панҷ институти нав – биокимиё, физикаи муҳандисӣ, агробиотехнология ва амнияти озуқаворӣ, омилҳои инсонӣ ва идоракунии рушди маҳалла ва институти илмӣ-тадқиқотии туркологӣ дари худро боз намуданд, – гуфт доктори фанҳои технологӣ, сенатор Рустам Холмуродов. – Ташкил намудани институтҳои соҳавӣ имкониятҳоеро фароҳам меорад, ки на танҳо равияҳои нави илмӣ рушду такомул меёбанд, балки донишҷӯён аз аввал бо муҳити илму фарҳанги муосир рӯбарӯ мешаванд. Баъзе мактабҳои олии вилояти Самарқанд мушкилоти норасоии бино ва таҷҳизоти таълимӣ доранд, аммо мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ бо роҳандозии сохтмонҳои калон инфрасохтори хешро куллан нав намоем.

Донишгоҳи давлатии Самарқанд яке аз аввалин университетҳо дар Ӯзбекистони Нав гардид, ки дар раддабандии QS Stars соҳиби мақоми «Донишгоҳи 5 ситорадор» шуд. Ва ҳамаи ин натиҷаҳо бешубҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон илму дониш ва фарҳанги миллӣ ривоҷу равнақ меёбад.

– Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ соҳиби 10 кафедра ва 6 шуъбаи таълиму тарбият аст, – иттилоъ дод директори он, доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҷӯлибой Эртазаров, – институти мо дар заминаи собиқ факултаҳои филологияи забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ ташкил шуда, таълиму тарбия ба якчанд забон ҷараён гирифт. Доништалабон аз рӯйи 40 тахассус сабақ мегиранд. Толибилмони мактаби олии мо на танҳо аз Самарқанд, инчунин Намангон, Фарғона, Ҷиззах, Бухоро, Қашқадарё ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон мебошанд. 18 нафари устодону мураббиён аз хориҷанд. Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистони бародарӣ, Эрон, Олмон, Амрико, Фаронса, Туркия, Ҷопон, Сингапур, Финландия ва дигар кишварҳои ҷаҳон густариш меёбад.

Чанде пеш мо, чанд нафар аз донишкада ба Эрон азми сафар карда, меҳмони як қатор мактабҳои олии Машҳад, Нишопур, Теҳрон, Тӯс ва дигар шаҳрҳо шуда, таҷрибаомӯзӣ ба амал омад. Зиёрати қабри Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз ва дигар алломаҳои форсу тоҷик хотирнишин буд. Дар рӯзҳои наздик ташрифи ҳамкасбони эронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Эрон панди ҳикматомези Абулқосим Фирдавсӣ ба хотир расид, ки айни муддао буд:

Касе к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор,

Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор!

Бинобар ҳамин ман ба ҳамкоронам маънои ин ҳикматро такрор мекунам.

– Ҷӯлибой Данабоевич, болои мизи кории шумо рӯзномаи «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва дигар матбуоти даврӣ ва китобҳоро мебинем...

– Бовар кунед, бо рӯзномаи «Овози тоҷик» аз солҳои таҳсил дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос ҳастам. Зеро аксарияти ходимон дипломи мактаби олиро дар Самарқанд гирифтаанд.

Бинобар ҳамин ба ҷамоати Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, инчунин толибилмони тоҷиктабор супориш медиҳам, ки ба рӯзномаҳои забони модариашон обуна шаванд. Ба қавли мардум: «Бародарӣ – баробарӣ».

 – Дар гурӯҳи тоҷикӣ, ки дар он омӯзгорони фанни забони модарӣ омода мешавад, 112 нафар таҳсил гирифта истодаанд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҷонишини директори донишкада Ғайрат Раҳимқулов, – барои онҳо китобҳои дарсӣ ва асбобҳои аёнӣ пурра муҳайёст. Дар китобхона низ адабиётҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст. Профессор аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Давлатбек Хоҷаев ва дигарон ба шогирдон сабақ медиҳанд. Камина аз фурсат истифода бурда, ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сипосгузорӣ мекунам, ки эшон хеле асарҳои гуногуни бадеӣ ва дарсиро ҳадя карданд.

Вохӯрӣ бо эҷодкорон ва олимону пажӯҳишгарони хориҷӣ тез-тез ба вуқӯъ пайваста, барои боз ҳам мустаҳкам намудани пойдевори дӯстӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Собирҷон Бурҳонов,

муҳаррири калони бахши тоҷикии ширкати симо ва садои Самарқанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

Дар сурат: директори Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ Ҷӯлибой Элтазаров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: