Аз соли оянда пардохтҳои хидматрасониҳои давлатӣ барои педагогҳо 2 баробар кам карда мешавад. Инчунин, чун омӯзгорони фаннӣ, барои муаллимони таълими ибтидоӣ низ низоми тақдими сертификати миллӣ роҳандозӣ шуда, ба онҳое, ки сертификат доранд, ба андозаи 15 фоиз иловапулӣ тақдим мегардад.
Обрӯву эътибори муаллим – пеш аз ҳама, обрӯи миллат ва тамоми халқ аст. Зеро омӯзгор «сутуни маънавии ҷомеа» ва такягоҳи асосии тараққиёт ба шумор меравад. Устодоне, ки дар кишвари худ қадр меёбанд, ҳеҷ гоҳ хаста намешаванд ва бо илҳом аз эътибори бузург фаъолияти худро идома медиҳанд.
Аммо замоне обрӯ ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа то ба ҳадде коҳиш ёфта буд. Чунин давраҳое шуданд, ки аз омӯзгорон – таълимдиҳандагони насли ҷавон, дар чорабиниҳои дилгиркунанда чун «омма» барои пур кардани ҷойҳои холии толор истифода бурданд.
Маҳз ба туфайли иродаи сиёсӣ ва халқпарварии воқеии Президент Шавкат Мирзиёев акнун он рӯзҳо паси сар монданд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар раванди ислоҳи низоми таълим, ба масъалаи баланд бардоштани нуфуз ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеа диққати махсус дод.
Аз соли 2016 эътибору муносибат ба онҳо куллан тағйир ёфт. Дар ҳашт-нуҳ соли охир ҷиҳати афзунсозии ҷойгоҳ ва таъсири муаллим ва мураббӣ дар ҷомеа, ташкили низоми таълим дар асоси талаботи замона ислоҳоти густурда амалӣ гардид.
Дар навбати аввал, омӯзгорон аз ҷалб ба меҳнати маҷбурӣ – пахтачинӣ, корҳои ободонӣ озод шуданд. Коғазбозӣ дар муассисаҳои таълимӣ комилан аз байн рафт. Корҳо бобати фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзгорон, рағбатноксозии меҳнати пурзаҳмат ва беҳсозии таъминоти моддии онҳо ба марҳилаи нави рушд баромаданд.
Ба музди меҳнатии онҳо беш аз 10 намуди иловапулӣ ҳамроҳ шуд. Имрӯз зиёда аз 60 ҳазор омӯзгор, ки ҷиҳати такмили маҳорат ва таҷрибаи худ кор мебаранд, 10-12 миллион сӯмӣ маош мегиранд. Тамоми омӯзгорони 300 мактабе, ки тибқи низоми нави баҳодиҳӣ натиҷаи мусбат ба даст овардаанд, то 40 фоиз иловапулӣ мегиранд. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши директорони мактаб, мудирони кӯдакистон ва муовинони онҳо низ аз 10 миллион сӯм бештар гардид.
Тақдими кредитҳои истеъмолии имтиёзнок ба муаллим ва мураббиён, муайян кардани иловапулиҳо барои омӯзгорони ботаҷриба, ки дар минтақаҳои дурдаст кор мекунанд, бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардидани кормандони соҳа, аз комилан тағйир ёфтани эътибор ба низоми таълим, бахусус, фидокорони касби худ дар Ӯзбекистони Нав гувоҳӣ медиҳад.
Дар фурсати кӯтоҳ дар соҳа як қатор қонунҳо қабул шуда, пойгоҳи ҳуқуқии ин бахш мустаҳкам гардид. Бахусус, қонунҳо «Дар бораи таълим», «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи таълим ва тарбияи томактабӣ», «Дар бораи илму фан ва фаъолияти илмӣ» ба болоравии мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат карданд.
Дар таҳрири нави Конститутсия, ҳифзи шаъну шарафи муаллимон, ғамхорӣ барои фаровонии иҷтимоиву моддӣ, дастгирии рушди касбии онҳо ҳамчун вазифаи давлат муайян гардидааст. Дар натиҷаи ин саъйу талош, имрӯз масъалаи мактаб ва таълим ба як ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфт. Нақш ва мақоми намояндагони соҳаи таълим дар ҷомеа афзуд.
Қабули Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои монеият намудан ба педагогҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ» боз як намунаи равшани эътибори бузурги мамлакат ба омӯзгорон мебошад.
Ман ҳам солҳои зиёд дар соҳаи таълим фаъолият намудаам. Аз гарму сарди соҳа хуб огоҳам. Ростӣ, аз ин ҳашт-нуҳ сол қабл ба ин соҳа дар сатҳи зарурӣ эътибор дода намешуд. Ба омӯзгорон низ дар ин сатҳ эътибору ғамхорӣ зоҳир нашудааст. Ба туфайли кам будани музди меҳнат аксар омӯзгорони таҷрибадор корро тарк карда, маҷбур ба хориҷ рафтанд.
Имрӯз ба омӯзгороне, ки дар соҳаи таълим фаъолият доранд, бо чашми ҳавас менигарам. Обрӯ ва мақоми онҳо боз ҳам баланд мешавад. Муҳимтар аз ҳама, онҳо зери таваҷҷуҳи давлат ва Президент қарор доранд. Барои ҳамарӯза дар болои худ кор кардан, пайваста донишҳои замонавиро аз бар намудан ва ба насли нав таълими босифат додани омӯзгорон, шароит ва имконоти зарурӣ фароҳам гардидааст.
Дар чорабинии тантанавор, ки чанде пеш ба муносибати Рӯзи муаллим ва мураббиён дар ноҳияи Бӯстонлиқ доир гардид, доир ба беҳсозии шароити иҷтимоии онҳо як қатор ташаббусҳо пешбарӣ шуданд. Ин навгониҳо дили омӯзгоронро бениҳоят шод намуда, онҳоро барои боз ҳам бештар ҷустуҷӯ намудан, хубтар кардани раванди таълиму тарбия водор кард.
Бахусус, аз соли нав сар карда ба омӯзгорони соҳиби тоифаи олӣ, ки собиқаи кории на кам аз 15-сола доранд, пардохт намудани 25 дарсади пешпардохти кредити ипотека, аз соли нави таҳсил барои фарзандони омӯзгороне, ки ба донишгоҳҳои давлатӣ дохил мешаванд, ҷорӣ намудани 30 фоиз имтиёз дар пардохти маблағи шартнома, намояндагони соҳаро ба фаъол будан даъват карда, онҳоро ба ҷунбиш овард.
Аз соли оянда 2 баробар кам гардидани пардохтҳои хидматрасониҳои давлатӣ барои педагогҳо, чун омӯзгорони фаннӣ, барои муаллимони таълими ибтидоӣ низ ҷорӣ гардидани низоми тақдими сертификати миллӣ, ба андозаи 15 фоиз супоридани иловапулӣ ба онҳое, ки сертификат доранд, омӯзгоронро водор кард, то ҷиҳати такмили маҳорати хеш бештар кор кунанд, ба ҷавонон таълиму тарбияи босифат диҳанд.
Ба онҳое, ки зинаи бакалаврро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, ба мактаб барои кор меоянд, ба таври автоматӣ тақдим намудани тоифаи дувум, ба магистрҳо додани тоифаи якум, барои педагогҳои оянда, ки ба донишгоҳҳои TOP-300-и ҷаҳон дохил мешаванд, то 20 ҳазор доллар ҷудо намудани кредити имтиёзноки таълимӣ, ба маънои воқеӣ ҳам қадр ва ҳам қади омӯзгоронро баланд бардошт.
Устодон ашхоси бузурге ҳастанд, ки ояндаи миллатро муайян мекунанд. Шароите, ки барои онҳо муҳайё карда мешавад, на танҳо ҳаёти педагогҳоро беҳтар месозад, балки барои рушди маънавии тамоми ҷомеа хидмат мекунад. Дар натиҷаи эътибори пайвастаи давлат ва ҷомеа, дар низоми таълим тағйироти сифатии воқеӣ ба амал омада, насли ҷавон бо дониш ва маънавияти баланд ба камол мерасад.
Азиза АМИНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.