Дар ду ноҳияи вилояти Сурхондарё барномаи «Маркази тараққиёт ва роҳбарӣ» ба амал татбиқ мегардад.
Президенти кишварамон 16 сентябри соли равон зимни сафараш ба вилояти Намангон ва мулоқот бо фаъолон, ба мақсади ободсозии маҳаллаҳо, татбиқи барномаи «Маркази тараққиёт ва роҳбарӣ»-ро пешниҳод намуда буд.
Ба ин барнома ноҳияҳои вилоёти Фарғона, Самарқанд, Тошканд (аз ҳар вилоят чор ноҳия) ва дигар минтақаҳо (ду ноҳия аз ҳар кадом минтақа), дар маҷмӯъ 328 маҳаллаи авзояшон «сангин» шомил гардиданд.
Минтақаҳое, ки ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардида, аҳолиии худро розӣ кардаанд, соҳиби мақоми «Президент тумани» ва «Президент маҳалласи» шуда, аз имкониятҳои иловагӣ бархурдор мегарданд.
Дар доираи ин барнома аз вилояти Сурхондарё ноҳияҳои Музработ ва Қизириқ интихоб шудаанд.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов ба ноҳияи Музработ ташриф оварда, бо рафти татбиқи лоиҳаҳо дар маҳаллаҳои «Янги диёр» ва «Йӯлчи» шинос шуд.
Тибқи лоиҳа бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони пешсаф дар ноҳияи Музработ ба вуҷуд овардани 35 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи бекорӣ то 4,2 фоиз ва камбизоатӣ то 5,1 фоиз коҳиш ёбад.
Сурайё Норманӣ.
Вилояти Сурхондарё.