Омилҳои олудашавии ҳаво кадомҳоянд?

Чанде пеш пойтахти мамлакат – Тошканд дар рейтинги шаҳрҳое, ки ҳавои нотоза доранд, мақоми аввалро гирифт. Албатта зуд-зуд рӯй додани чунин ҳолат таассуфангезу ташвишовар аст. Бояд гуфт, ки вайрон шудани ҳаво барои ҳаёт ва саломатии инсон низ хатарнок мебошад.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон ифлосшавии ҳавои атмосфера, бамаротиб зиёд шудани моддаҳои ба саломатии инсон зараровар ба яке аз мушкилоти мубрами экологӣ табдил ёфтааст. Чанде пеш пойтахти мамлакат – Тошканд дар рейтинги шаҳрҳое, ки ҳавои нотоза доранд, мақоми аввалро гирифт. Албатта зуд-зуд рӯй додани чунин ҳолат таассуфангезу ташвишовар аст. Бояд гуфт, ки вайрон шудани ҳаво барои ҳаёт ва саломатии инсон низ хатарнок мебошад.

Мо дар бораи омилу сабабҳои олудашавии ҳаво ва роҳҳои рафъи ин мушкилот бо депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби экологӣ Наврӯзбек Юсупов суҳбат кардем.

– Омилҳои асосие, ки ҳоло боиси ифлосшавии ҳавои сайёраи Замин мегарданд, кадомҳоянд?

– Барои ҳаёти инсон обу хӯрокворӣ дар чӣ сатҳ зарур бошанд, ҳаво ҳам дар ҳамон ҳад муҳим аст. Тоза будани ҳавои атмосфера асоси ҳаёти солим, шарти зарурии рушди устувори табиат ва тамоми биосфера мебошад. Аз ин рӯ, пешгирии ифлосшавии ҳаво, ҳифз ва таъмини тозагии он яке аз вазифаҳои таъхирнопазири ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

Агар ба сабабҳои ифлосшавии ҳавои атмосфера диққат диҳем, аён мегардад, ки як қатор омилҳо боиси ба миён омадани ин мушкилот мешаванд. Пеш аз ҳама, кам шудани миқдори оксигени тоза дар ҳаво асосан ба омилҳои антропогенӣ, яъне фаъолияти инсон вобаста аст.

Аз ҷумла, партови корхонаҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ, газҳое, ки аз мошину воситаҳои нақлиёт хориҷ мешаванд, партов ва партобҳои гуногуне, ки дар натиҷаи истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда – нафту газ ва ангишт, сӯзонидани партовҳои маишӣ ва афзоиши масрафи нерӯи барқ ба миён меоянд, буридани дарахтон, кам шудани майдонҳои сабз ва ғайра аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки бевосита ба инсоният иртибот доранд.

Ғайр аз ин, омилҳои табиӣ – тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои об, биёбоншавии тадриҷии заминҳо, оташфишонии вулқонҳо, тӯфонҳои чангу ғубор, сӯхторҳои ҷангал низ ба тозагии ҳаво таъсири манфӣ мерасонанд.

– Ҳавои нотоза бошад, ба саломатии инсон низ бетаъсир намемонад...

– Дуруст, ҳавои олудае, ки дар таркиби худ моддаҳои зарарнок дорад,  паёмадҳои нохушро ба миён меорад. Ифлосшавии ҳавои атмосфера, пеш аз ҳама, ба саломатии одамон, табиат ва иқлим хатари ҷиддӣ дорад. Боиси афзоиши бемориҳои гуногуни роҳи нафас, аллергия мегардад. Инчунин барои афзудани бемориҳои дилу раг, паст шудани ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва вайрон шудани қабати озон мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, боиси суръат гирифтани боз як мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлим мегардад. Яъне бубинед, мушкилоти экологӣ мисли силсила ба ҳам пайвастаанд ва аз пайи яке, дигаре ба миён меоянд.

– Чӣ гуна роҳҳои ҳифз ва нигоҳ доштани тозагии атмосфера вуҷуд дорад? Ба кадом масъалаҳо бояд диққат кард?

– Ҳифзи тозагии ҳаво яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат ва ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Дар ин самт татбиқи як қатор чорабиниҳо зарур мебошад. Аз ҷумла, пеш аз ҳама, васеъ намудани минтақаҳои сабз – ниҳол шинонидан, ҳифзи ҷангал ва майдонҳои сабз аҳамияти калон дорад.

Дувум, роҳандозии истифодаи нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза – электромобил, велосипед ва нақлиёти ҷамъиятӣ, бештар оммавӣ кардани он.

Сеюм, ворид кардани дастгоҳҳои полоишӣ ва поксозии замонавӣ ба раванди истеҳсолот мувофиқи мақсад аст.

Чорум, кам кардани истифодаи сӯзишвории маъданӣ ва суръат бахшидан ба раванди гузариши тадриҷӣ ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб, шамол ва об. Ҳамзамон, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ ва тақвияти корҳои таблиғотӣ доир ба ҳифзи атмосфера низ муҳим аст. Вақте ки доираи васеи аҳолӣ ба рафъи омилҳои таҳдидкунандаи муҳити зист бо эҳсоси масъулияти шахсӣ муносибат мекунанд, ислоҳоте, ки дар ин самт дар сатҳи давлатӣ амалӣ мегарданд, натиҷаи беҳтару бештар хоҳанд дод.

Хулоса, ҳифзи ҳавои атмосфера, кафолати ҳифзи саломатии наслҳои оянда ва рушди устувор мебошад. Агар ҳар яки мо дар ҳаёти рӯзмарра қадамҳои хурди амалӣ гузорем, масалан, ниҳол шинонем, партовҳоро дар ҷойҳои махсус партоем, онҳоро дуруст коркард намоем, аз манбаъҳои тозаи энергия истифода барем, дар ин ҷода, яъне  ҳифзи ҳавои тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бузург хоҳем гузошт.

Мусоҳиб

Муҳтарама КОМИЛОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: