Дар ҳамин лаҳза ба ёди ӯ ҳамон воқеа омад: аз ин қариб даҳ сол муқаддам шаппотии сахту садодоре зада, «дар оянда аз ту одами дуруст намебарояд, як безории худобезор мешавӣ» гуфта буд.
Муаллими Сайфиддин дар кате, ки зери ангури кишмиш гузошта буданд, каҷпаҳлу зада бо завқ рӯзнома мехонд. Ҳамин дам ҳамсараш аз дарвоза даромада:
– Навакак писари акои Акмалро дидам. Шуморо пурсид, – гуфт.
– Кадом писарашро? – ҳайрон пурсид муаллими Сайфиддин.
– Ҳӯ як писарашон ҳаст-ку... дар шаҳр соҳибкорӣ мекунад...
– Ҳа-ҳа, Ориф гӯй?
– Ҳа, Ориф! Пурсид, ки «муаллим дар хонаянд?». «ҳа, дар хона» гуфтам. «Як назди устод мегузарам» гуфт. Ҳа нагуфта, ояд даркор. Ман аз пайи пухтупаз шавам.
Ҳамсараш ҷониби ошхона шитофт. Муаллими Сайфиддин ба фикр фурӯ рафт. Муаллим чанд сол муқаддам Орифро барои як рафтори ноҷояш «ту одам намешавӣ» гуфта, ба зери гӯшаш торсакии обдоре зада буд. Акнун ӯ дар шаҳр як ширкати калонро роҳбар, соҳибкори бадавлат аст. «Ҳавлии боҳашам, мошинҳои иномарка дорад» мегӯянд.
Муаллим ин ҳамаро медонад. Нисбат ба ӯ як зарра кина ё бадхоҳие надорад. Майлаш, омадашро диҳад. Дар ҳамин лаҳза ба ёди ӯ ҳамон воқеа омад: аз ин қариб даҳ сол муқаддам шаппотии сахту садодоре зада, «дар оянда аз ту одами дуруст намебарояд, як безории худобезор мешавӣ» гуфта буд. Ҳамон вақт аз зарби торсакӣ аз чашми Ориф оташак париду дар чашмонаш ашк ҳалқа зада, «муаллим, шумо ояндаро пешгӯӣ накунед! Ман дар оянда як одами номдор шуда, пешатон омада салом надиҳам, номамро дигар мекунам!» гуфта буд. Аҷаб нест, ки имрӯз омада, ҳамон «салом»-и худро мерасонад... Муаллими Сайфиддин истеҳзоомез хандид.
Дар он айём Ориф мактабро хатм мекард. Машғулотҳои охирини соли таҳсил буд. Муаллими Сайфиддин аз фанни «таърих» дарс мегузашт. Орифро, ки шӯхӣ мекард, чанд бор огоҳ кард, аммо новобаста аз ҳушдориҳо, ӯ торафт аз меъёр мегузаронд. Ба занги «баромад» ҳамагӣ чанд дақиқа монда буд. Ногоҳ духтараке, ки дар партаи пеши Ориф менишаст, «вой-й!» гуфта фарёд зад. Ҳама ҳангу манг шуда, ба он тараф рӯ оварданд. Тасмаи матои камбари маҳину ранга, ки духтар мӯйи худро баста буд, дар партаи Ориф овехта мондааст. Корро ҳамон Ориф карда буд ва акнун бо ғурур, гӯё кори калоне кардааст, механдид.
Аз ин рафтори бемавриду беҷои хонанда, ки ҳам дарсро халалдор кард ва ҳам ба ҳамсинфаш озор дод, фиғони муаллими Сайфиддин ба фалак печид, ба хашм омад. Худдорӣ карда натавонист. Тирвор ба пеш рафта, дар назди Ориф истод ва бо оҳанги амр «аз ҷоят хез!» гуфт. Ориф хест. Муаллими Сайфиддин ба рӯйи чапи ӯ торсакии обдоре фаровард. Рӯйи Ориф лолавор сурх шуда, аз дидагонаш оташак парид.
– Маллим, барои чӣ мезанед? – даст ба рӯйи сурхидаи худ гузошт Ориф.
– Бетарбия! Ту ҳеч гоҳ одам намешавӣ, безории худобезор мешавӣ!
– Ҳоло сабр кунед, муаллим, – дар чашмаш ашк ҳалқа зад. – Дар оянда як одами номдор шуда, пешатон омада салом надиҳам, номамро дигар мекунам!..
Садои занги баромад баланд шуд. Пас аз андак ҷойи ғазаберо, ки муаллимро ба шӯр оварда буд, раҳмдилӣ гирифт. «Бечора бачаро хафа кардам. Ҳамин чӣ даркор буд? Аз як тараф, осмон канда шуда ба замин наафтодааст. Ҳаш-паш нагуфта мактабро хатм карда мераванд... Лекин худаш ҳам кори нобоб кард!» – дар худ андешид муаллим ва барои ин то ҳадде афсӯс хӯрд...
Аҷобати кор, пас аз чанд рӯз муаллим тасодуфан дар кӯча бо падари Ориф – акои Акмал рӯ ба рӯ омад. «Муаллим, кори дуруст кардаед. Орифи мо вақтҳои охир хеле гарданшаху гапногир шудааст» гуфта буд. Пас, Ориф гӯшмол додани муаллимро бо эҳтимол ба падараш ҳам расондааст. Муаллим ҳам «дарде»-ро, ки чанд рӯз боз дарунашро мехӯрд, ба падари Ориф гуфт: «Ман ҳам камтар сахтгирӣ кардам. Аслан, киройи гап ҳам набуд-у...» Акои Акмал самимона табассум карда, «муаллим, шумо танбеҳ надиҳед ҳам, ман худам дар хона адабашро медодам. Шумо ҳеч хиҷолат нашавед!» гуфта муаллими Сайфиддинро дилбардорӣ карда буд...
Аз ин воқеа қариб даҳ сол гузашт. Ин рӯйдод аз ёдҳо ҳам фаромӯш шуда буд. Аммо имрӯз боз дар лавҳи хотир ҷон гирифт.
Аз ошхона тақ-тақ ба оштахта бархӯрдани корд ба гӯш мерасид. Аз афт ҳамсараш барои палав сабзӣ пора мекард.
Пас аз андак дар назди дарвоза садои бозистодани мошин шунида шуд. Ана, дари мошинро ҳам кушода бастанд. Муаллими Сайфиддин рӯзномаеро, ки мехонд, рӯйи кӯрпача монд ва оҳиста аз ҷой хеста, пойпӯши сабукашро пӯшиду ҷониби дарвоза қадам зад. Ӯ ҳанӯз ба дарвоза нарасида, табақи хурди он боз гардида, як ҷавони хушлибос, дар даст чанд тӯрбаи селлофании пур аз чизҳои хӯрданӣ вориди ҳавлӣ шуд. Муаллим ӯро зуд шинохт: шогирди собиқаш Орифҷон. Вай тӯрбаҳои селлофаниро болои мизи назди чорпоя гузошту:
– Ассалому алайкум, устод! – гуфта хушҳол ба муаллим канор кушод.
Муаллими Сайфиддин:
– Э, Орифҷон, биёед-биёед, – гуфта даст дароз кард, аммо ҷавон ӯро бо самимият сахт ба оғӯш кашид.
– Сиҳат ҳастед, устод?
– Марҳамат Орифҷон, ба кат бароед!
Онҳо болои кат баромаданд. Муаллим рӯ ҷониби ошхона оварда:
– Занак, меҳмон омад, – гуфт. – Нону чоятро биёр!
Баъд муаллим аз шогирдаш ҳолпурсӣ кард.
– Орифҷон, саломатӣ чӣ хел? Аҳли оила сиҳату саломатанд? Камнамоед. Ба тарафи мо кадом шамол овард?
– Пеши волидон омада будам, устод. Як аз ҳоли шумо ҳам хабар гирам гуфтам, – гуфт Ориф ва хиҷолатомез илова кард:
– Аз шумо хеле қарздорам!
Муаллими Сайфиддин бо як гӯшаи чашм ба шогирди собиқаш нигоҳ кард: қарздор?! Муаллим «қарздорӣ»-и ин бачаи якравро хеле хуб медонад. Мехоҳад ӯро шарм доронад. Аз оҳанги гуфтораш бараъло маълум. Муаллим ҳам аз аноиҳо не. Дар таги замин мор ҷунбад, хабар меёбад. Хай, суханро гирд гардондан гир канӣ!..
Ҳамсари муаллим дар лаълии калон дасторхон, қанду қурс ва чой оварда, дар миён гузошт. Як гӯшаи рӯймол дар лаб, аз меҳмон ҳол пурсиду боз ҷониби ошхона рафт. Муаллими Сайфиддин дасторхонро паҳн кард. Нонро пора намуд ва аз чойнак дар пиёлаҳо чой гардонда, ба Ориф дароз кард.
– Орифҷон, аз нону чой гиред. Янгаатон дар тараддуди ош аст. Ҳоло мепазад.
Ориф ба маънои инкор сар ҷунбонда:
– Не-не, устод, ташвиш накашед!
– Чӣ ташвиш дорад, Орифҷон? Худаш чӣ хел як омадед, омадед-дия. Аз ин тарафу он тараф суҳбат мекунем!
– Не, устод, вақтам тангтар аст. Барои суҳбат дигар бор меоям, – саросема чойи пиёларо ҳӯрт-ҳӯрт дам кашид Ориф.
Тавба, ба оҳанги гуфтораш нигоҳ кунӣ, хеле мулоим. Вақти мактаб бениҳоят саркаш буд, ба замин занӣ, ба осмон меҷаст. На ба сухани муаллим гӯш медоду на вазифаҳоро хуб иҷро мекард. Дар байни Орифи имрӯза ва он донишомӯз,«хасаки ба ҳама расак», аз замин то осмон фарқ ҳаст. Ин ҷавоне, ки дар назди ӯ нишастааст, то андозае орому бамулоҳиза, баодобу баандеша менамуд. Ё ба назари муаллим чунин мерасид. Боз кӣ медонад! Чӣ ҳам набошад, ин ҷавон дар дилаш як «дард» дорад. Аҷаб нест, барои баёни «дард»-и дили худ фурсати муносибро интизор бошад.
Муаллим боз як бор номаълум нигоҳи андешаманди худро ҷониби Ориф равона кард. Аз афт ҷавон намедонист, ки гапро аз куҷо сар кунад.
Ориф чойи пиёлаашро нӯшида, аз мизбон иҷозати рафтан хост:
– Устод, акнун ба мо рухсат диҳед. Ба шаҳар бармегардам. Махсус пеши шумо омада будам, то миннатдориямро баён кунам.
Муаллими Сайфиддин табассум кард: ҳа, барои миннатдорӣ гуфтан! Мехоҳӣ «ана бин, ман бойбача шудам. Ба куҷо даст дароз кунам, мерасад. Ту бошӣ, Аҳмади порина!» бигӯӣ. Ман ин ҳамаро аз аввал ҳис карда истодаам. Маро «муаллими Сайфиддин» мегӯянд.
Ориф иҷозат додани муаллимро интизор буд.
– Орифҷон, дар як дам ош тайёр мешавад. Ошро хӯрда равед, хеле хуб мешуд.
– Раҳмат устод, дафъаи дигар...
– Хай, ман чӣ ҳам мегуфтам!
Ниҳоят муаллими Сайфиддин даст ба дуо кушод.
Ба дасторхон дуо карда, аз ҷо хестанд. Онҳо аз пайроҳа пай ба пай мерафтанд ва Ориф ба он тӯрбаҳои селлофанӣ, ки рӯйи миз гузошта буд, ишора карда:
– Устод, инҳоро аз шаҳр махсус барои шумо овардам! – гуфт.
Ҳамсари муаллим дар даст кафгир саросема аз ошхона баромад.
– Мешиштӣ хуб мешуд, Орифҷон. Ман палав пухта истода будам.
– Раҳмат янга! Насиб, ин сафар ош мехӯрем. Шумо ҳам бо муаллим хонаи мо меҳмонӣ равед, – бо эҳтиром гуфт Ориф.
Дар як лаҳза дар ботини муаллими Сайфиддин оташе афтод. Дар мағзаш андешаҳои печидаву парешон чарх мезаданд. Ҳеч ба як хулоса омада наметавонист. Ин бача худ чӣ гуфтан мехоҳад? Ягон чизро фаҳмида намешавад. Аз афт ин олуфтаи сатанг намехоҳад хап равад. Бо гап бошад ҳам, мекӯшад алами торсакиро канда-канда гирад.
Берун баромаданд. Каме дуртар аз дарвоза мошини босалобати рангаш сип-сиёҳ, ки истеҳсоли хориҷ буд, зери нури офтоб ҷило медод. «Эҳе, ана, гап дар куҷо будааст? Мардак хостааст, ки мошини иномаркаи худро ба «устодаш» нишон диҳад» – аз дил гузаронд муаллим.
Ориф бо кӯмаки пулт муҳаррики мошинро ба кор дароварда, дари кабинаро боз карда:
– Муаллим, ман аз шумо як умр миннатдорам! – гуфт ва дасти рости муаллимро дошта, ба тарафи чапи рӯяш расонд. – Устод дар хотир доред, ки соли хатми мактаб ба рӯям торсакии обдоре зада будед...
Муаллими Сайфиддин лабханд кард. «Ана акнун ба сари мақсаду муддаои худ наздик мебиёӣ. Бигӯ, дарду аламат дар дарунат намонад. Ҷавоби ман ҳам чун тири милтиқ тайёр аст: ҳама худро ҳақ медонад. Ҳамон вақт мувофиқи рафтори худ ҷазо гирифта будӣ» – аз хаёли муаллим гузашт.
– Ҳамон зарбе, ки бо ҳамин дасти муборак задед, – кафи устодро бо меҳри хоса ва беғаразона навозиш кард Ориф, – ҳаётамро комилан тағйир дод, маро ба як самти умуман нав роҳнамун кард. Агар ҳамон вақт чизе намегуфтеду хомӯш мемондед, мумкин ба худ авбоширо касб мекардам, шояд чун имрӯз ин қадар муваффақ намешудам. Аз таҳти дил мегӯям: барои ин ҳама ташаккур, устод!
Ориф бо лутфу меҳрубонӣ аз дасти устодаш оҳиста бӯсид ва ба мошин нишаст...
Муаллими Сайфиддин аз шогирдаш шунидани чунин суханонро ҳеч интизор набуд. Дар он лаҳза забонаш ба сухан намеомад, батамом карахт шуда буд. Гӯё ғайриинтизор касе торсакие зада буду рӯяш аз ғояти зарб месӯхт. Ӯ то аз назар нопадид шудани мошин чашмони худро аз он наканда, ҳайкалвор рост истод.
Абдуқаюм БЕККАМОВ.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Ф. ФАРҲОДЗОД.