Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 6 октябр бо сафари корӣ ба ин кишвар рафт.
Сарвари давлати мо дар чорабиниҳои асосии Саммити навбатии Созмони давлатҳои турк иштирок мекунад.
Дар рӯзномаи вохӯрӣ, ки таҳти мавзӯи «Амният ва сулҳи минтақавӣ» доир мегардад, масъалаҳои боз ҳам амиқтар намудани ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои устувор баррасӣ мешаванд.
Дар анҷоми саммит доир ба густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ байни мамлакатҳои созмон як қатор ҳуҷҷатҳо қабул мегарданд.