Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба ин мамлакат омад.
Пешвои Ӯзбекистонро дар Аэропорти байналмилалии Габала вазири фарҳанги Озарбойҷон, роҳбари ҳокимияти иҷрои ноҳияи Габала Сабуҳи Абдуллоев ва ашхоси дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.
Тибқи барномаи сафар, Сарвари давлати мо пагоҳ, 7 октябр дар чорабиниҳои расмии Саммити Созмони давлатҳои турк иштирок мекунад.