4-уми октябр бо ибтикори Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд “Ориёно” ва ҳамдастию ҳамоҳангии маъмурияти мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен ба пешвози Иди забони форсии тоҷикӣ (5 октябр) бо иштироки омӯзгорон ва толибилмон маҳфили бузургдошти забон зери унвони «Забони тоҷикӣ – лаҳни фаришта» баргузор гардид.
Як рӯз қабл раиси Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд “Ориёно” – Тоҷибой Икромов хоҳиш кард, ки омода бошам, фардо, яъне 4-уми октябр, бо ибтикори марказ ва ҳамдастию ҳамоҳангии маъмурияти мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен ба пешвози Иди забони форсии тоҷикӣ (5 октябр) бо иштироки омӯзгорон ва толибилмон маҳфили бузургдошти забон зери унвони «Забони тоҷикӣ – лаҳни фаришта» баргузор хоҳад шуд.
Автомобили “Спарк”-и узви марказ – Дониёр Оллоёров дар роҳи чун кафи даст тахту ҳамвори Тошканд – Ангрен, ба қавле, бо суръти бод мерафт. Суҳбати пурбор аз ҳар дар, мушоира ва латифаҳои пур аз лутф роҳро кӯтоҳ мекард. Раҳораҳ ҳамчунин сари ин байт:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Баҳси кӯтоҳе ба вуқӯъ пайваст, ки муллифаш кист, оё фариштагон ба тоҷикӣ ҳарф зада метавонанд? Натиҷа гирифтем, ки ин байти Унсурии Балхӣ ишора ба зебоӣ, шевоӣ ва салосати забони форсии тоҷикӣ аст.
Чун бори аввал ба ин мактаб даъватӣ будем, тасаввур надоштам, ки чӣ мактабест. Дар худ меандешидам: шояд аз қабили мактабҳоест, ки ҳарчанд таҳсил ба забони тоҷикист, нишонаҳо аз ин забон аҳён-аҳёнанд.
Роҳбалади телефони дастии раис – Нафисаи маҷозӣ (Анфиса) моро то дами дарвозаи мактаб бурд. Моро қабл аз ҳама монитори бузурге, ки дар давори даромадгоҳи мактаб насб шуда буду тавассути он пасу пеш чеҳраҳои адибони муосири тоҷик – Устод Айнӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва абёти мондагорашон ба назар мерасид, «пешвоз» гирифт. Байтҳои устодони сухан дар сифати забони форсии тоҷикӣ буданд.
Аз ҳавлии фарох, биноҳои нав аз дасти таъмир баромада ва боғи сабзу хуррами мактаб хушамон омад. Фурсати мадиде нагузашта директори мактаб Зебуннисо Маҳкамова, ҷонишини директор доир ба маънавият Нозимҷон Намозов ва омӯзгорон ба истиқболамон баромаданд.
Дар дафтари кории директор сари як финҷон қаҳва суҳбати фишурдае доштем. Камераҳои дар синфхона ва роҳравҳо насбгардида ҷараёни таълимро тавассути монитор ба роҳбари мактаб менамуданд. Яъне ҳаёти мактаб таҳти назорат буд.
Оне, ки сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад, гуфтаанд. Андешаҳои Зебуннисо доир ба дастовардҳои мактаб ва таълиму тарбия ба забони ҳол мегуфтанд, ки ӯ аз роҳбарони зуккову чашмикордон аст. Бо мо дар доираи забони меъёр (адабӣ) ҳарф мезад. Дар рафти суҳбат ёдрас намуд:
– Хонандагони мо забони давлатиро хуб медонанд. Комёбиҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳо далели ин гуфтаанд. Аз ҳар омӯзгор талаб мекунам, ки дар ҷараёни таълим аз доираи забони адабӣ берун нараванд. Таассуф, ки дар ҷадвал соатҳои таълими забони тоҷикӣ хеле каманд. Ин ҳолат имкон намедиҳад, ки насли ҷавони тоҷик забони меъёрро ба таври бояду шояд омӯзад.
Дуруст мегӯяд роҳбари мактаб. Калиди асосие, ки дари фанҳои дигарро ба рӯйи насли ҷавон мекушояд, забон аст. Ин мушкил (кам будани соатҳои таълими забон)-ро дар дигар мактабҳои тоҷикӣ низ амиқ дарк намудаанд. Номаҳое, ки дар ин хусус ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва идораву вазоратҳои дахлдор мерасанд, ин гуфтаро собит менамоянд. Ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикони ҷумҳурӣ, дур аз муҳити парвариши забони меъёр ба сар мебаранд. Фикр мекунам, бо назардошти ин ҳолат, соатҳои таълими забони модарӣ дар мактабҳо бояд зиёд бошанд. Умед аст, ки ин мушкил роҳи ҳаллашро меёбад...
То дар толори мактаб ҷамъ омадани толибилмон, бино ба хоҳиши роҳбар, аз хонаҳои таълимӣ дидан кардем.Ҷуз дар синфхонаи таълими забони давлатӣ, шиору деворовезаҳо дар ҳар қадам буданд. Аз синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим ва тахтаҳои электронӣ хушамон омад. Бале:
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Дар ин мактаб, ба мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муҳити насли ҷавонро тоҷикӣ бунёд карда буданд...
Дар толори фароху барҳавои маҷлисгоҳи мактаб омӯзгорону хонандагон меҳмононро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Баъд аз ҳунарнамоии дастаи ҳаваскорони санъати мактаб, намоиши саҳна ва қироати шеърҳо аз ҷониби толибилмон, барандаи хушбаён, омӯзгори фанни забон ва адабиёт Ҳамидулло Рӯзиматов риштаи суханро ба меҳмонон дод.
Раиси маркази фарҳанг Тоҷибой Икромов, журналист Шарофат Эрматова, омӯзгори собиқи мактаб Зайниддин Иброҳимов, шоири маҳаллӣ Исомат Қӯшматов ва дигарон аз роҳи тайкардаи забони форсии тоҷикӣ, латофату назокати ин забон ва пос доштани он сухан ба миён оварданд. Шеърҳои шоир Абдуқайюми Ҳасанзод ва чанд машқи инҷониб, ки дар васфи забони модарӣ буданд, ба самъи ҳозирин расонда шуд.
Сипас, ба хотири баҳрабардории насли ҷавон дар ҳудуди дасткам 400 нусха китобҳои шахсии адабиётшиноси шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор, шодравон Ҳамидҷон Ҳомидӣ ва инчунин номзади улуми филология, шарқшинос Зиёмиддин Садриддинови марҳум зери кафкӯбиҳои бардавом ба китобхонаи мактаб супорида шуд.
Барои маълумот бояд бигӯем, дар мактаби мазкур, ки се бинои дуошёнаи таълимиро дар бар дорад, ба 1479 донишомӯз 84 омӯзгор асосҳои фанро меомӯзанд. Омӯзгорони пешқадам Рухшона Абдуқодирова, барандаи нишони “Халқ таълими фидоийси” Дона Шамсиддинова, Шаҳло Бобоҷонова, Фирӯза Наримова ва дигарон барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия кушиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Ҳар сол теъдоди назарраси хамткунандагони мактаб ба муассиасаҳои таълими олии кишвар дохил мешаванд. Ин ҳодиса рӯйи ин гуфтаи беасос: “мактабҳои тоҷикӣ оянда надоранд, бояд забони таълими хонандагонро дигар кард” хати батлон мекашад.
Мактаби овозадор дорои як майдони фарох ва як толори варзишии пӯшидаи муҷаҳҳаз аст. Дар тӯли соли таҳсили 2023-2025 5 нафар хонанда дар марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат ҷуста, ҷойи 4-умро гирифтаанд. Толибилмони мактаб дар марҳилаи вилоятии мусобиқаҳои волейбол, баскетбол ва футбол сазовори ҷоя 1-ум гардидаанд.
13-14-уми июни соли равон хонандаи синфи 11 Муслима Мараҷапова дар Олимпиадаи байналмилалии “HIPPO - 2025” аз фанни забони англисӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Озарбойҷон ва Муғулистон ширкат ҷуста, сазовори ҷои 1-ум гардидааст.
– Мактаб чанде қабл дар озмунӣ “Мактаби бе телефон” пирӯз гардида, соҳиби 300 миллион сӯм мукофоти пулӣ шуд, – гуфт бо мамнуният роҳбари мактаб.
Воқеан, мо дар рафти мулоқот бо хонандагон надидем, ки хонандае аз телефони дастӣ истифода бурда бошад. Магар ин ҳодисаи ибратпазир нест?
Дар хотима пешниҳоде доштем. Дар ҳама соҳа, аз ҷумла соҳаи таълиму тарбия, ки рушди кишвар ба он бастагии зиёд дорад, таҷрибаивазкунӣ натиҷаи матлуб медиҳад. Гуфтанӣ будем, ки мактаби намунавии рақами 17-уми шаҳри Ангренро дар байни мактабу гурӯҳҳои тоҷикии Ӯзбекистон метавонад ба пойгоҳи таҷрибаивазкунӣ табдил дод.
Абдулло Субҳонов,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти Тошканд.
Аксбардор: Т.Ховарӣ.