Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммити Созмони давлатҳои туркӣ

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳои намояндагон!

Аз дидор бо Шумо, бародарони гиромӣ дар шаҳри беназири Габала, ки аз қадим яке аз марказҳои муҳими савдо ва фарҳангии Роҳи бузурги абрешим ба шумор меравад, бениҳоят хушҳолам.

Пеш аз ҳама, барои дар сатҳи олӣ ташкил намудани саммит, меҳмоннавозии анъанавӣ ва самимона ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев миннатдории худро изҳор менамоям.

Бевосита бо ташаббуси шумо мо дар солҳои охир ба бисёр минтақаҳои замонавии Озарбойҷон ташриф овардем. Ба рӯз то рӯз ободтар гардидани Қаробоғ, корҳои бузурги бунёдкорӣ дар шаҳрҳои Шуша, Хонкенди ва Ағдам шоҳид гардидем. Албатта, ҳамчун дӯстони қарин ин равандҳои мусбат моро хеле хушҳол мекунад.

Эъломияи сулҳ, ки ба туфайли иродаи сиёсии қатъии шумо бо Арманистон имзо гардид, ғалабаи умумии давлатҳои туркзабон аст гӯем, муболиға нахоҳад шуд. Ин тавофуқи таърихӣ барои мамлакатҳои мо дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, нақлиёт ва гуманитарӣ дари имкониятҳои васеи ҳамкориро боз менамояд.

Ҳамкасбони муҳтарам!

Мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қирғиз, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Содир Нурғожоевич Ҷапаров барои роҳбарии пурсамараш дар фаъолияти созмон дар давоми сол ва саҳми арзандааш бобати ба зинаи нав бардоштани ҳамкориҳо изҳори сипос намоям.

Мулоқоти имрӯзаи мо дар мавзӯи «Сулҳ ва амнияти минтақавӣ» дар шароите, ки дар ҷаҳон тағйироти геосиёсии мураккаб рӯй медиҳанд ва таҳдидҳо ба амният меафзоянд, баргузор мешавад. Ҳамкасбонам, ки ҳозир ба сухан баромаданд, оид ба ин мушкилиҳо фикр ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Суханронӣ ва бархӯрдҳои пешвоёни ҷаҳон дар сессияи ҷашнии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, бори дигар вуҷуд надоштани мавқеи якдилонаро дар архитектураи сиёсиву амнияти ҷаҳони муосир нишон дод.

Замон худ аз мо тақозо мекунад, то низоми идоракунии глобалиро амиқан ислоҳ намоем ва такмил диҳем, нақши СММ ва Шӯрои Амниятро баланд бардорем. Аз ҷумла, дар таҳкими нақш ва овози давлатҳои рушдёбанда, пурзӯр намудани ҳамкории наздик вазифаи муҳим аст.

Дардноктарин мушкилоти ҷаҳон, ҷанг ва низоъҳое, ки дар минтақаи Авруосиё шиддат мегиранд ва интиҳояшон норавшан аст, албатта ба давлатҳои мо низ таъсири манфии худро мерасонад.

Фоҷиа дар навори Ғазза, вазъият дар атрофи Украина, мушкилоти барномаи ҳастаии Эрон, масъалаҳои пойдории Афғонистон боиси нигаронии ҷиддии ҳамаи мо мегарданд.

Мо талош ва нақшаҳои навро, ки аз тарафи давлатҳои тавоно барои ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ, таъмини боварӣ ва амният пешниҳод мешаванд, истиқбол менамоем.

Фикр мекунам, замон худ тақозо менамояд, то барои таҳлили амиқи вазъи глобалӣ ва қабули қарорҳои зарурӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони хадамоти махсуси Созмони давлатҳои туркиро мунтазам ташкил намоем. Мо пешниҳод мекунем, ки нахустин вохӯрии муштарак соли оянда дар шаҳри Самарқанд гузаронида шавад.

Муҳтарам, роҳбарони ҳайатҳои намояндагон!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Созмони давлатҳои туркӣ дар муддати кӯтоҳ ба қатори созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки босуръат рушд мекунанд, ворид шуд. Пеш аз ҳама, фаъол гардидани мулоқотҳои сиёсии сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо, таҳким ёфтани эътимоди тарафайн, татбиқи фаъоли лоиҳаҳои амалӣ ва барномаҳои гуманитарӣ инро бараъло тасдиқ мекунанд.

Мехоҳам як мисол оварам. Имрӯзҳо дар доираи Созмони мо дар беш аз сию панҷ самт ҳамкориҳои амалӣ идома доранд. Ҳаҷми тиҷорати байни мамлакатҳои мо устуворона афзоиш меёбад то соли 2030 ба ду баробар афзудани ин нишондиҳанда дар назар аст.

Дар ҳамбастагӣ бо рӯзнома, мехоҳам ба як қатор масъалаҳо алоҳида таваққуф намоям.

Боз ҳам афзун намудани мавқеъ ва иқтидори созмон, таҳкими ҷойгоҳи он дар ояндаи наздик ба сифати майдони босамари ҳамкорӣ вазифаи муҳимест, ки дар назди мо қарор дорад.

Дар ин замина, мо ҷонибдори ҳар чӣ зудтар ба мувофиқа расидан ва қабул кардани созишнома дар бораи шарикии стратегӣ, дӯстии абадӣ ва бародарии миёни давлатҳои туркӣ ҳастем. Албатта, ин санади муҳим дар роҳи рушди ҳамкориҳо ҳамчун ҳуҷҷати асосии сиёсӣ барои боз ҳам наздиктар кардани халқҳои бародари мо, ба марҳилаи нав баровардани муносибатҳои амалӣ чун заминаи мустаҳкам хидмат хоҳад кард.

Бо мақсади густариш ва суръат бахшидани ҳамкории бисёрҷанба пешниҳод менамоем, ки Стратегияи рушди Созмон то соли 2030 ва “харитаи роҳ”-и алоҳида таҳия карда шавад. Дар он ба назар гирифтани чунин самт ва чорабиниҳои мушаххасро мувофиқи мақсад меҳисобем:

Якум, рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва амиқсозии ҳамкориҳои саноатиро байни мамлакатҳоямон чун самти асосӣ меҳисобем.

Мо ҷонибдори онем, ки дар ояндаи наздик дар доираи Созмон Макони имкониятҳои нави иқтисодӣ ташаккул дода шавад. Сухан, дар навбати аввал, дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид, заминаи ҳуқуқӣ ва созмони инфрасохтор барои савдо, тиҷорат ва сармоягузории тарафайн меравад.

Вақти он фаро расидааст, ки бо мақсади рушди пайвастаи ҳамкории амалӣ ва таҳияи лоиҳаҳои мушаххас, аз ҷумла, созиш намудан дар мавриди нақшаҳо дар доираи Хазинаи сармоягузории туркӣ, Шӯрои доимии давлатҳои туркиро доир ба шарикии иқтисодӣ таъсис диҳем.

Ин ниҳод аз ҷониби ҷонишинҳои Сарвазирони мамлакатҳои мо идора гардида, фаъолияти доимӣ намудани онҳо муҳим аст. Мо омодаем, ки Идораи лоиҳаи шӯроро дар Тошканд ҷойгир намоем.

Дар доираи шӯро метавон як қатор ташаббусҳои навро амалӣ намуд. Аз ҷумла, таъсис додани Иттиҳоди саноатии давлатҳои туркӣ ва тавассути ин дар бахшҳои мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, электротехника, нафту кимиё, дорусозӣ, саноати сабук, озуқаворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон пешбарӣ намудани лоиҳаҳои ҳамкории ширкатҳои пешқадам; бо мақсади бамаротиб зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобил ва наздик намудани меъёрҳои техникӣ, ҷорӣ намудани низоми электронии “Пайроҳаҳои сабзи туркӣ” хеле муҳим аст; барои татбиқи якҷояи лоиҳаҳои “энергетикаи сабз”, “водород ва аммиаки сабз”; ҷалби технология, стандарт ва компетенсияҳои пешқадам таъсис додани консорсиуми “Трансформатсияи сабз”; маҳаллӣ кардани пойгоҳи минералҳои стратегӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии Шӯро қарор бигиранд.

Барои ин, дар асоси тамоюли “ашёи хом – коркард – илм ва технологияҳо – маҳсулоти тайёр” қабули Барномаи ҳамкории амалӣ аҳамияти калон дорад.

Дуввум, дар таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва интиқоли онҳо, кишварҳои мо метавонанд ба яке аз пешсафони ҷаҳон табдил ёбанд.

Тибқи таҳлилҳои Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО), ҳоло ҳаҷми маҳсулоти органикӣ дар бозори ҷаҳонӣ беш аз 225 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ҳар сол то 10 фоиз афзудани ин рақам дар назар аст.

Бо назардошти иқтидори давлатҳоямон дар ин самт, моро зарур аст, ки дар истеҳсоли маҳсулоти босифат ва серталаби органикӣ корҳои таҳқиқотии илмӣ ва селексия, ҳамкориҳои саноатӣ ва равобити логистикиро таҳким бахшем.

Дар оянда, маҳсулоти органикии мо мумкин аст бо бренди ягона вориди бозори ҷаҳонӣ шаванд. Дар ин самт, пешниҳод мекунем, ки таҳти назорати вазирони кишоварзии худ Гурӯҳи кории коршиносонро таъсис дода, нахустин лоиҳаҳои "пилотӣ"-ро интихоб кунем ва дар мамлакатҳоямон амалӣ намоем.

Сеюм, мо ҳама хуб дарк мекунем, ки таҳкими ҳамбастагии давлатҳои туркӣ дар бахши нақлиёт ва рушди роҳҳои байналмилалии транзитӣ ниёз ба сиёсати ҳамоҳангшуда дорад.

Тамоми нақшаҳоро, ки дар бораи рушди пайвастаи пайроҳаи миёна, зикр гардиданд, комилан дастгирӣ мекунем. Муҳимтар аз ҳама, ин роҳ бояд бо рақобатпазир будани худ фарқ кунад. Он барои ҷомеаи тиҷоратӣ бояд шароити аз ҳама мусоидро фароҳам оварад.

Дар ин самт ба лоиҳаҳое, ки ба татбиқи тарифҳои мақбули транзитӣ, рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани тартиботи гумрукии рақамӣ равона шудаанд, аҳамияти калон медиҳем.

Зикр бояд кард, ки пайроҳаи миёна агар ба роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки ҳоло бунёд мегардад ва пайроҳаи ояндадори Трансафғон пайваст шавад, мо метавонем дар минтақаи васеи худ як низоми магистралии бисёрсамтаи стратегиро ба вуҷуд оварем.

Бовар дорам, ки тамоми ташаббусҳои мо дар бахши нақлиёт дар доираи Форуми байналмилалии ҳамлу нақли мултимодалӣ, ки 12 ноябр дар шаҳри Тошканд доир мегардад, муфассал баррасӣ мешаванд. Итминон дорем, ки дар ин чорабинӣ вазирони нақлиёт, роҳбарони ширкатҳои бузурги логистикӣ ва иттиҳодияҳо, олимон ва коршиносон аз ҳайатҳои миллӣ фаъол иштирок мекунанд.

Чорум, вақте дар бораи лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ва инфрасохторӣ ҳарф мезанем, истифодаи самараноки абзорҳои молиявӣ аҳамияти хоса касб мекунад.

Дар ин самт, мо албатта ҷонибдори густариши фаъолияти Фонди сармоягузории туркӣ ҳастем. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаҳои афзалиятнок пешниҳод мекунем, ки бо Бонки рушди исломӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва институтҳои рушди миллӣ Барномаи ҳамкории стратегӣ қабул карда шавад.

Панҷум, соҳаҳои зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ ва иқтисодиёти эҷодӣ ба муҳаррикҳои муҳими рушди устувори кишварҳои мо табдил меёбанд.

Барои ҳамоҳангсозии саъйу кӯшишҳо дар ин бахшҳо, қабули “харитаи роҳ”-ро оид ба татбиқи лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти эҷодӣ” пешниҳод мекунем.

Ҳамзамон, ташаббуси гузаронидани Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳони туркиро дар мамлакатамон иброз менамоем.

Шашум, дар асоси тамоюли “Бар зидди ҷаҳолат – маърифат” ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фан ва таълим муҳим аст.

Ӯзбекистон дар солҳои 2025–2026 раёсати Иттиҳоди донишгоҳҳои туркиро, ки зиёда аз 100 донишгоҳро дар бар мегирад, ба уҳда хоҳад гирифт. Ҳафтаи оянда Ассамблеяи генералии иттиҳод дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад.

Мо дар давраи раёсати худ ташаббуси гузаронидани “Рӯзҳои илму фан ва инноватсияи туркӣ”-ро пешбарӣ менамоем.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт ва ҳавасмандгардонии тадқиқотҳои олимони боистеъдод, дар Ӯзбекистон Донишгоҳи байналмилалии давлатҳои туркӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Дар асоси ин донишгоҳ Барномаи дастгирии таҳқиқоти муштаракро таҳия намоем, айни муддао мегардид.

Ҳафтум, бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои бегона ва вайронкор дар байни ҷавонон, пешниҳод мекунем, ки Нақшаи ҳаракатҳо ҷиҳати мубориза бар зидди мафкураи экстремистӣ ва радикалӣ дар қаламрави давлатҳои туркӣ қабул гардад.

Ҳамзамон, мо мулоқоти наздикро ҷиҳати мубориза алайҳи ҳар гуна зуҳуроти исломҳаросӣ идома медиҳем.

Ғайр аз ин, дар доираи Созмон таҳияи Чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, бешубҳа дар ин самт қадами муҳим мегардад.

Мехоҳам боз ба як масъалаи дигар алоҳида таваққуф намоям. Мо соли оянда 585-солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ ва 885-солагии шоири бузурги озарбойҷонӣ Низомии Ганҷавиро ба таври густурда ҷашн мегирем.

Бо мақсади таблиғи васеи осори гаронбаҳои адабӣ, ғояҳои ин чеҳраҳои мумтоз дар бораи инсонпарварӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамҷиҳатӣ пешниҳод менамоем, ки конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Эҷоди Низомии Ганҷавӣ ва Алишер Навоӣ – дар ҳаёти маънавии дунёи туркӣ” баргузор гардад.

Муҳтарами роҳбарони ҳайатҳои намояндагон!

Дар анҷоми сухан мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев, ки раёсати Созмони моро ба уҳда мегиранд, комёбиҳои бузург таманно кунам.

Бовар дорам, Эъломияи Габала, ки имрӯз қабул мешавад, ташаббус ва нақшаҳои неки муштараки моро боз ҳам мустаҳкам намуда, дар рушди умумии кишварҳоямон, фаровонии халқҳои бародари мо саҳми арзанда мегузорад.

Барои эътиборатон ташаккур!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: