7 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо пешвои Русияро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва муваффақият, ба халқи бародари Русия пешрафт таманно кард.
Дар доираи татбиқи созишномаҳои сатҳи олӣ, масъалаҳои муҳими рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеи стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Ба идома додани суръати инкишофи ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории корхона ва ширкатҳои пешқадам дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок, ҳамчунин густариши равобити соҳибкории минтақаҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд.
Идома ёфтани мубодилаи фаъол дар соҳаҳои фарҳанг ва гуманитарӣ бо қаноатмандии бузург қайд гардид.
Тарафҳо инчунин дар бораи масъалаҳои муҳими молики аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, нақшаҳои чорабиниҳои ояндаро муҳокима намуданд.