СҲШ: марҳилаи нави мулоқот ва ҳамкорӣ

Солҳои охир Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба платформаи муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Қарорҳое, ки аз ҷониби созмон қабул мешаванд, дар муайян кардани самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.

Дар иштироки Ӯзбекистон дар СҲШ ба прагматизм диққати махсус дода мешавад. Яъне аз тарафи ҷумҳурӣ дар чорчӯби созмон пешниҳоду ташаббусҳое пешбарӣ мешаванд, ки аз мақсадҳои сиёсиву мафкуравӣ озод буда, ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба нигаронида шудаанд. Онҳо соҳаҳои муҳимеро дар бар мегиранд, ки ба манфиатҳои миллии мамлакат ва самтҳои устувори таҳкими суботу ҳамкорӣ дар минтақа мутобиқ мебошанд.

Ташаббусҳое, ки Президенти мо Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқоти формати «СҲШ плюс» дар шаҳри Тянсзин пешбарӣ кард, на танҳо барои мамлакатамон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон аҳамияти бузург доранд.

Бахусус, ташаббуси афзунсозии самаранокии ниҳодҳои СҲШ ва тавсеаи он аз ҳисоби давлатҳои Иттиҳоди Ҷануб пешбарӣ карда шуд. Ин бесабаб нест. Зеро дар ҷаҳони муосир на бо роҳи инзиво, балки бо густариш ва муколама метавон ба муваффақият ноил шуд. Ҳамроҳ шудани давлатҳои Иттиҳоди Ҷануб бошад, СҲШ-ро ба як қувваи бонуфуз ва таъсиргузор дар майдони байналмилалӣ табдил хоҳад дод.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар самтҳои иқтисодӣ, зеҳнӣ, захиравӣ ва технологӣ дорои иқтидори бузург аст, таъсиргузории худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ пайваста васеъ менамояд. Дар шароити ҳозира, ки ноустувории ҷаҳонӣ мушоҳида мешавад, ин дорои аҳамият бузург мебошад.

Дар ин замина, СҲШ макони муколамаи баробарҳуқуқ, эҳтироми мутақобил ва шарикӣ боқӣ мемонад. Маҳз ҳамин ҷиҳат имкон медиҳад, ки тавозуни манфиатҳо таъмин гардида, ба хатару таҳдидҳои мураккаби замон ҷавобҳои муштарак дода шаванд.

Боз яке аз ташаббусҳои муҳим ба масъалаи амният – манфиати умум нигаронида шуда, он аҳамияти вижа дорад. Яъне қабули Эъломияи амнияти ҳастаӣ, аз нав барқарор кардани фаъолияти Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ, омодасозии барномаи мубориза бо маводи мухаддир то соли 2030 ва фаъол намудани фаъолияти гурӯҳи мулоқотии «СҲШ – Афғонистон». Ин ташаббусҳои Президенти мо барои осудагии минтақа такягоҳ мебошанд. Эъломияи амнияти ҳастаӣ қадаме ба сӯи суботи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар солҳои охир табиати терроризм ва ифротгароӣ ба таври назаррас тағйир ёфта, ҷиноятҳои кибер ва истеҳсолу гардиши маводи мухаддири синтетикӣ низ афзоиш меёбад. Инчунин бо мақсади пешгирии афзоиши ҷинояткории муташаккил ва муборизаи босамар бар зидди чунин таҳдидҳо пешниҳодот дар бораи аз нав ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, бознигарии Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҳияи Барнома бобати мубориза бо тобеият ба нашъамандӣ, ки то соли 2030 нигаронида шудаст, пешбарӣ карда шуд. Ин як роҳи ҳалли муносиб дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва тобеият ба нашъамандӣ хоҳад буд, ки дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Бо назардошти тамоюлҳои кунуние, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мушоҳида мешаванд, пешниҳоди афзалият ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, имзои созишнома дар бораи соддагардонии тартибу тамоюли тиҷорат ва ҳар чӣ зудтар роҳандозӣ намудани воситаҳои самараноки дастгирии молиявии лоиҳаҳои саноатию инфрасохтории минтақавӣ, дар рушди савдои байни кишварҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Инчунин масъалаҳои рушди роҳҳои нақлиётии транзитӣ дар самтҳои Шимол – Ҷануб ва Шарқ – Ғарб, ташаккули «Макони ягонаи нақлиётии СҲШ» ва ҳамоҳангсозии он бо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» низ махсус таъкид гардид. Роҳҳо пуле мебошанд, ки мамлакатро ҷониби тараққиёт мебаранд ва ин ташаббус метавонад минтақаро ба як маркази стратегӣ дар логистикаи ҷаҳонӣ табдил диҳад.

Натиҷаи муҳими ҳамоиш ташкил кардани як ниҳоди доимӣ дар шаҳри Тошканд — Маркази универсалӣ оид ба муқовимат бо таҳдид ва хатарҳои амниятӣ барои давлатҳои узви СҲШ ва дар пайи он фаъол гардидани Маркази амнияти иттилоотӣ гардид. Акнун Тошканд ба як такягоҳи асосии амният на танҳо дар минтақа, балки барои тамоми фазои СҲШ табдил меёбад.

Ташаббусҳои Президентамонро сарони давлатҳои узви СҲШ ва иштирокдорони саммит дастгирӣ карданд. Сабаби асосии ин дар он аст, ки ҳар як масъалаи аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистон ба рӯзномаи байналмилалӣ пешниҳодшуда, баробари аҳамияти минтақавӣ доштан, ба манфиатҳои тамоми мамлакатҳо мувофиқ мебошад.

Дилбар МАМАҶОНОВА,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: