Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардид

Пахтакорони ноҳияҳои Қумқӯрғон ва Олтинсой, дар ҷумҳурӣ пештар аз ҳама, нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд.

Дар мавсими имсола, бо вуҷуди гармии ҳаво ва хушкии зиёд, дар вилояти Сурхондарё ҳосили фаровони пахта рӯёнда шуд.

Чорабиниҳое, ки барои ҷамъоварии саривақтии ҳосил андешида шудаанд, натиҷаи дилхоҳ дод.

То имрӯз дар ноҳияи Қумқӯрғон 31 ҳазору 750 тонна, ноҳияи Олтинсой 9 ҳазору 834 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 45-47 сентнерро ташкил дод.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Сурайё Норманӣ,

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: