Натиҷаи садоқат ба касб

Дар асоси Фармони Сарвари давлат аз 11 сентябри соли равон дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ фидоиёни соҳаи таълим ба муносибати 1 октябр – Рӯзи муаллим ва мураббиён омӯзгори фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашии мактаб-интернати барои бачаҳои ба таълими ҷудогона ниёздошта ихтисосонидаи рақами 61-уми шаҳри Самарқанд Раҳматулло Хушматов бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардонда шуд.

Раҳматулло Хушматов нахуст дар бахши санъати тасвирӣ ва нақшакашии омӯзишгоҳи педагогии Каттақӯрғон, баъдан дар факултаи графикаи бадеии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд таҳсил намуда, аз соли 1999 ин ҷониб дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.

Тӯли ин солҳо садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба маҳфил-студияи «Пайравони Камолиддин Беҳзод» асос гузошт. Хидматҳои устод бо унвонҳои «Аълочии таълими халқ», «Фидоии таълими халқ» ва дигар мукофотҳо низ қадрдонӣ шудаанд.

– Чунин эътироф гардидани фаъолияти 47-солаи педагогиву меҳнатиам меҳри маро ба касбам боз ҳам афзунтар намуд, – мегӯяд Раҳматулло Хушматов. – Ин мукофот ба ман масъулияти бузург бахшида, барои фатҳи қуллаҳои нав водор кард. Бояд гуфт, ки камолоти насли оянда бо таълиму тарбия вобаста аст. Барои он ки онҳо дар оянда ба рушду пешрафти кишвар саҳми муносиб гузоранд, мо – омӯзгорон бояд пайваста дар ҷустуҷӯ бошем. Танҳо дар ин сурат, ояндаи дурахшонеро, ки ҳамагон орзу мекунем, метавонем бунёд намоем.

Фаъолияти Раҳматулло Хушматов нишон медиҳад, ки ӯ дар таълими кӯдакони эҳтиёҷи махсуси таълимидошта таҷриба андӯхтааст. Вақте ӯ дар мактаб-интернати рақами 61 ба фаъолият оғоз намуд, мутахассисони сурдопедагогика ва дефектология хеле кам буданд ва омӯзиши кӯдакон мушкилиҳо дошт ва ҳатто вазифаи душвор буд. Р.Хушматов барои рафъи ин мушкилот аз китобхонаҳо адабиёти махсусро дарёфт намуда, забони имову ишораро омӯхт. Баъдан, якҷоя бо дигар ҳамкасбон дар курсҳои такмили ихтисос таҷриба ва маҳорати методии худро такмил дод.

Раҳматулло Хушматов на танҳо устоди санъат, балки мутахассиси пешсаф дар соҳаи педагогикаи махсус мебошад, ки дониши худро дар амал санҷида, ба дигар омӯзгорон роҳнамоӣ мекунад. Дар байни шогирдони ӯ нафароне, ки роҳи худро ёфтаанду ҳоло фаъолият доранд, дар боргоҳҳои таълими олӣ таҳсил мекунанд ва соҳиби касб шудаанд, хеле зиёданд. Ин бошад, натиҷаи мусбати фаъолияти мактабро нишон медиҳад.

То замоне, ки чунин инсонҳо бари шараф ва масъулияти устод буданро бар дӯш доранд, ояндаи таълими мо, бешак дурахшон хоҳад буд. Мукофоти Президент бошад, баҳои шоиста ба заҳмати чунин фидокорон аст.

Матн ва сурати Алишер ИСРОИЛОВ, ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: