Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10-уми октябр бо сафари корӣ ба ин мамлакат меравад.

Роҳбари давлати мо дар саммити дуввум дар қолаби "Осиёи Марказӣ - Русия" ва ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Аз рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистода масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба, аз ҷумла, таҳкими мулоқоти сиёсӣ, пешбарии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика ва инфрасохтор, идома додани табодули фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ ҷой гирифтааст.

Сарони давлатҳо паҳлуҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақавиро низ муҳокима хоҳанд кард.

Дар анҷоми нишастҳо қабули як қатор ҳуҷҷат ва қарорҳои муштарак, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ нигаронида шудаанд, дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: