Саҳни ҳавлии мактаби рақами 7 ба худ симои идона дошт. Меҳмононро дар роҳрави таълимгоҳ шогирдон бо сару либоси миллӣ пешвоз гирифтанд.
Овезаву шиорҳои гуногунандоза саҳнаро зеби хосса мебахшид.
Чорабиниро роҳбари мактаб Рустам Раҳмонов ифтитоҳ намуда, устодону меҳмононро бо ҷашни якасра, яъне 100-солагии мактаб ва Рӯзи омӯзгорону мураббиён муборакбод намуд. Аз таърихи кушодашавӣ, нахустин омӯзгорон, дастоварду шогирдони беҳисоби ин маскани таълим, ки дар соҳаҳои гуногун баҳри пешрафти кишварамон саҳм гузоштаанду имрӯзҳо низ саҳмгузоранд, маълумоти муфассалеро ба самъи ҳозирин расонд. Масъули корҳои маънавию маърифии таълимгоҳ М.Ҷаъфаров ҳозиринро бо Иди омӯзгорону мураббиён табрик намуда, «ҷашни асрина»-и мактабро ба ҳамагон шодбош гуфт.
Меҳмонон, аз қабили Фахриддин Шоҳмуродзода, шогирди ҳамин даргоҳ, алҳол профессори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон Саидалӣ Гулов, хатмкардаи мактаб Шамсиддин Орипов, собиқ омӯзгор Давлатбой Маҳмудов ва мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Тоҷиддин Ӯзбеков риштаи суханро ба даст гирифта, оиди бурду бохти таълимгоҳ фикру андеша ва хотироти рангоранги хешро баён карданд.
Садри маҳфил М.Ҷаъфаров навбатро ба шогирдони мактаб дод, ки онҳо дар даст акси бузургонамон – аз Рӯдакию Фирдавсӣ то Бедилу Зебуннисо (ҷамъ 20 нафар) рӯйи саҳна омада, аз ашъори онҳо байтҳо пешкаш намуданд, ки хеле ҷолиб буд. Гурӯҳи дигари шогирдон аз шеърҳои онҳое, ки дар ин мактаб таҳсил гирифтаанд, ё фаъолият намудаанд, аз қабили М.Шукуров, М. Раҷабӣ, А.Раҳмон ва ҳамзамон аз ашъори шоирони имрӯз – меҳмони ин даргоҳ Фозил Шукурӣ қироат намуданд.
Устоди ДД Самарқанд ба номи Рашидов Фозил Шукурӣ ба шогирдон шеър қироат намуда, ба китобхонаи мактаб як даста китобҳои бадеӣ туҳфа намуд. (Падари Ф.Шакурӣ 14 сол дар ин мактаб директор буд).
Пас аз он сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Исмоилзода ҳамагонро бо ин ҷашни муштарак муборакбод намуд, ба таълимгоҳ «Ташаккурнома» ва аз шумораи нави маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»ба китобхонаи мактаб 100 адад китоби бадеӣ тақдим намуданашро изҳор намуд.
Собиқадори илму маориф Абдуҷаббор Фаттоев низ аҳли давраро муборакбод намуданд. Аз китоби «Бузургмардони Худо» ду иқтибос оварда, аҳамияти баланди тарбиявӣ доштани онро гуфтанд ва ҳатман хондану омӯхтани онро таъкид карданд.
Дар чунин ҷашни пуршукӯҳ ба меҳмонони фахрӣ, омӯзгорони собиқадор чун рамзи шарқиёна ҷомаҳо пӯшониданд.
Хонандаи синфи 9-уми мактаб Сафина Неъматуллоева аксҳои муаллимонро рӯйи коғаз кашидааст, ки хеле диққатрабо буд. Ба ӯ ташаккурнома ва туҳфа супориданд.
Ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозанд.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи Сариосиё,
вилояти Сурхондарё.