Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоиши асарҳои рассоми шинохта, узви Иттиҳоди эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон Муртазо Эргашев ва 13 нафар шогирдони ӯ ташкил карда шуд.
Дар намоишгоҳ тасвири манзараҳои табиат, тирамоҳи заррин, кӯҳҳои осмонбӯс, борони тирамоҳ, офтоби баъди борон ҷой доранд, ки ба тамошобин як олам завқ мебахшанд. Асарҳои устоду шогирдон бо номҳои «Тирамоҳи Хумсон», «Шӯълаи офтоб», «Ҳаёти рӯзмарра», «Тирамоҳ дар деҳаи Сӯқоқ», «Се қадам», «Оби ҷӯй», «Хива», «Оҳангҳои Чирчиқ», «Хонае дар баландӣ» ва ҳоказо тамошобинро бефарқ намегузоранд.
Муртазо Эргашев соли 1959 дар шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Институти театр ва рассомии Тошкандро хатм намудааст. Ҳоло дар Институти миллии рассомӣ ва дизайн дотсенти кафедраи рангтасвир мебошад.
Ҳ. Абдуназаров.