Бинои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби соҳибкорӣ

  • Бинои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби соҳибкорӣ
  • Бинои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби соҳибкорӣ
  • Бинои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби соҳибкорӣ
  • Бинои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби соҳибкорӣ

Дар вилояти Самарқанд як ҳазору 272 мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёна, 18-то ихтисосӣ, 46-то ғайридавлатӣ ва як мактаби Президентӣ арзи вуҷуд дошта, дар онҳо 392 ҳазору 672 нафар талабагон таълиму тарбия мегиранд. Беш аз 62,5 ҳазор нафар муаллимон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд.

Боиси хушнудист, ки бо ташаббусу дастгирии соҳибкори маърифатпарвар Илҳомҷон Рустамов барои мактаби миёнаи рақами 52-юми шаҳри Самарқанд ба ивази 15 миллиард сӯм, бинои хушсохту замонавӣ қад афрохта, 540 нафар талабагон ба дарсхонӣ шурӯъ карданд.

Дар иншооти чаҳорошёна синфҳо барои  омӯхтани забонҳои  хориҷӣ, утоқи маркази  таълими касбӣ-техникӣ, китобхона мавҷуд буда, бо асбобҳои аёнӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.

–  Соҳибкори саховатпеша  Илҳомҷон Рустамов собиқ талабаи мактаби мазкур буда, бо ёрии ӯ бинои нав бунёд гардид, – бо ҳисси шодмонӣ иттилоъ дод сарвари таълимгоҳ  Фирӯза  Наҷмиддинова, – зеро бинои кӯҳна 55 сол қабл аз ин бунёд гардида, ба таъмиру тармим эҳтиёҷ дошт. Вай таклифу пешниҳоди бунёди бинои навро гуфта буд, ки аҳли маҳалла, ҳокимияти шаҳри Самарқанд ва садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят якдилона дастгирӣ карда, мо соҳиби иншооти зебо ва дилнишин шудем.

– Илҳомҷон Рустамов ба кори неку хайр даст зад, ки лоиқи таҳсину ситоиш аст, – иброз дошт  роҳбари  Садорати таълими томактабӣ ва мактабҳои вилояти Самарқанд Музаффар Ҳамдамов, –   дигарон низ ташаббуси ӯро дастгирӣ карда, барои мактабҳои муҳтоҷ кумаку ёрии беғаразона расонанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: