Вақте муаллимаи забон ва адабиёти рус Сабина Рустамова ба ведомости маош имзо гузошта, бештар аз 25 миллион сӯм музди меҳнат мегирад, аксарияти ҳамкасбон бо ҳавас сӯяш нигариста, «ба рӯзи нек сарф шавад» мегӯянд.
– Сабина Рустамова омӯзгори тоифаи олӣ, навовару пешқадам ва соҳибтаҷриба аст, – иброз намуд сарвари таълимгоҳи рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд Холида Шамсиддинова, – ӯ исбот карда тавонист, ки ба ивази ғайрату ташаббуси нек кас метавонад аз академикҳо ҳам бештар музди кор гирад. Рӯсурхии одам кор бошад, ранҷи мо – ганҷи мост.
Бузургон фармудаанд:
Бирав танҳо, бар сӯи коре,
Ки аз меҳнат набошад нангу оре.
Боиси ифтихору хушнудист, ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии мо беш аз се ҳазор нафар талабагон таълиму тарбият гирифта, ба онҳо қариб 200 нафар аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд. Яке аз чеҳраҳои намунавӣ, ки бо масъулият ва садоқат ба касби педагогӣ шӯҳратёр гаштааст, Сабина Рустамова аст, ки на танҳо дар ноҳия, инчунин вилояту ҷумҳурӣ эҳтироми хоса дорад.
Мактаб якчанд маротиба дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, хонандагон бо комёбиҳои назаррас номбардори маскани мӯътабари таълиму тарбият шудаанд. Боиси хушнудист, ки соли равон 36 нафар хатмкунандагони синфи 11-уми «б», ки роҳбараш Сабина буд, сад фоиз ба мактабҳои олии Ӯзбекистон ва хориҷӣ дохил шудаанд. Аз онҳо 16 нафар факултаи филологияи русро интихоб кардаанд, ки далели муҳаббат ба касби устоди арҷманд аст.
– Камина солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аз Алла Сорокина аз фанни забони русӣ сабақ гирифта, ба устоду ба фанни ӯ дил бастам, – бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод мусоҳиби мо, – баъд ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар асоси гранти давлатӣ дохил шудам. Дар мактаби олӣ аз омӯзгорони номдор Евгений Малиновский, Светлана Ким, Сусанна Васикиян ва дигарон асрори забони русиро омӯхта, ҳатто бо кори эҷодӣ машғул шудам.
Соли 2012 бо роҳхат ба мактаби рақами 51-уми шаҳри Самарқанд омада, фаъолияти педагогиамро оғоз намудам. Ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 10-уми ноҳия муаллимаи забон ва адабиёти рус мебошам.
Маҷлиси видеоселекторӣ, ки чанде пеш бо иштироки Президент доир ба боз ҳам беҳтару хубтар намудани сифати таълим дар мактабҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо ба вуқӯъ пайваст, дар назди мо – педагогҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баъзе муаллимон ба касби педагогӣ муносиб нестанд. Охир омӯзгор бо вазифаи пурмасъул – бо таълиму тарбияти насли наврас машғул мешавад. Бинобар ҳамин, муаллим бояду шояд машъалафрӯзи илму маърифат мебошад.
Камина бо педагогикаи рақамӣ машғул гашта, дар асоси талаботи байналхалқӣ рисолаҳои илмӣ иншо мекунам. Маводи ҷолиби диққат ҳангоми иштирок дар анҷуманҳои байналхалқӣ дар Русия, Олмон, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷамъоварӣ шудааст.
Забони русӣ забони Пушкин, Толстой, Достоевский, Чехов, Горкий, Шолохов ва дигарон аст, ки мисли забони форсу тоҷик барои назму наср, сода, самимӣ, дилнишину гуворост. Он аҳамияти байналхалқӣ дошта, аксарияти анҷуманҳои гуногуни фарҳангӣ ба ин забон баргузор мегардад. Ман маҳз ба ҳамин забон асари «Таърихи як қадами қатъӣ» навиштаам, ки шояд дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамдӯстӣ маҳбубият пайдо кунад.
– Маслиҳату машварати шумо нисбати 25 миллион сӯм музди меҳнат гирифтан ба ҳамкасбон чист?
– Агар дар хотир дошта бошед, сарвари давлатамон ваъда дода буданд, ки маоши муаллимон бояд ба 1000 доллар расад. Хушбахтона он дучанд афзуд. Шоири ширинкаломи тоҷик Носири Хусрав байте дорад:
Агар коре кунӣ, музде ситонӣ,
Чу бекорӣ, яқин: бемузд монӣ.
Дар мактаб ман ва Фарзод Рустамов беш аз 25 миллион сӯмӣ музди меҳнат мегирем. Ҳоло замони «себ пазу ба даҳонам афт» нест.
«То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ набинӣ» гуфтаанд. Раҳматӣ модарам мегуфтанд, ки «Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад, миннат аз Ҳотами Той набарад».
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.