Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот роҳбари Ӯзбекистон Президенти Тоҷикистонро бо раёсати самарабахшаш дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самимона табрик гуфт ва ба баргузории бомуваффақияти вохӯриҳои дарпешистода дар формати «Осиёи Марказӣ – Русия» ва иҷлоси ИДМ барояш муваффақият орзу кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандии амиқ зикр гардид, ки равандҳои ҳамкории дуҷониба ба таври мусбат рушд мекунанд. Ҳаҷми муомилоти молу хизматрасонӣ ва интиқоли бор афзоиш меёбад, шумораи парвозҳои ҳавоӣ зиёд мешавад.
Ба андешидани чораҳои оид ба афзоиши савдои мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳамоҳангшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин зарурати идомаи мубодилаҳои фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ ва робитаҳои судманди байниминтақавӣ таъкид шуд.
Инчунин оид ба масъалаҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт, аз ҷумла омодагӣ ба Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ гардид.