80,4 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ҷамъоварӣ шуд

Дар мавсими нави пахтачинӣ бо 88-то техникаи пуриқтидор 157 ҳазор тонна, яъне 60 фоизи ҳосилро ҷамъоварӣ намудан ба нақша гирифта шуда, то 7-уми октябр ба хирман 80,4 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ирсол гардид.

Дар вилояти Самарқанд соли равон дар 60 ҳазор гектар майдон пунбадона кишт шуда, ҳоло  ғунучини ҳосил бо техникаи пуриқтидор муташаккилона идома дорад. Бунёдкорони «тиллои сафед»  ният доранд, ки ба хирман 261 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ирсол намоянд.

Дар асоси Фармони сарвари давлатамон аз 19–уми феврали соли равон доир ба ҳосили  пахтаро бо кумаки мошин ҷамъоварӣ намудан тадбирҳои судманд андешидашуда шудааст.

Дар мавсими нави пахтачинӣ бо 88-то техникаи пуриқтидор 157 ҳазор тонна, яъне 60 фоизи ҳосилро ҷамъоварӣ намудан ба нақша гирифта шуда, то 7-уми октябр ба хирман 80,4 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ирсол гардид.

– Мақсади мо, – гуфт мудири шуъбаи садорати кишоварзии вилояти Самарқанд Тоҳир Дувланов, – то охири моҳи октябр нақшаи солонаро иҷро кардан аст. Бинобар ин ҳар рӯз то 10 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардан лозим. Боиси хушнудист, ки 122 ҳазор нафар ҳашарчиёни ҳимматбаланд ба 720 отряд муттаҳид шуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳосили ба ивази ғайрату шуҷоат ва арақи ҷабин бунёдшуда несту нобуд нашаванд.

Фермерҳо ҳисобу китоби меҳнати ҳашарчиёни ғайратманд ва механизаторонро дар саҳро баробарӣ мекунанд. Барои як кило пахта ба чинакчиён ду ҳазор сӯм, ба ронандагони техника 1372 сӯм муайян  шуда, инчунин таъминот бо хӯрокворӣ ва оби тоза зери назорат аст.

Бояд таъкид намуд, ки имсол мо аз  Хитой 50 мошини замонавии пуриқтидори  тамғаи «Boshiran–7419» харид карда, аз онҳо пурсамар истифода мебарем. Он чиз ҷолиби диққат аст, ки техникаи мазкур дар асоси маслиҳату машварати пахтакор фермерҳои вилоят ва  мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба Самарқанд оварда шудаанд.

Дар омади гап бояд иттилоъ дод, дар 36 нуқтаи қабули ҳосил тарозуҳои электронӣ гузошта шудааст, то ба ҳаққи пахтакорон хиёнат нашавад.

Ба хирман барака, бунёдкорони хирмани тиллои сафед!

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: