«Рафтам савоб кунам, кабоб шудам...»

Панду ҳикмат, мақолу зарбулмасал дар тарбияи мардум, хусусан насли ҷавон, аҳамияти калон дорад. Шоирони классики мо ба зарбулмасалу мақолҳои халқӣ такя карда, шоҳбайтҳо офаридаанд.

Эҷодкори мақолу зарбулмасалҳо асосан халқ аст. Халқ беҳтаринҳояшро баргузида, аз насл ба насл интиқол медиҳад. Дар мавриди муносиб кор фармудани мақол ва зарбулмасал аз гӯяндаи он маҳоратро талаб мекунад.

Баҳра бардоштан аз онҳо ҳамеша муфид аст. Дар поён чанд мақолу зарбулмасали халқиро бо шарҳашон пешкаши хонандагон мегардонем.

«Ростӣ завол надорад», яъне ҳам дар амалу ҳам дар гуфтор ҳамеша ростӣ варз, ки аз ростӣ ҳеч кас осебе надидааст. Ростгӯй сазовори иззату ҳурмати ҳама мегардад.

Байт аз Сайидои Насафӣ:

Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

***

«Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад», яъне мушкилии зиндагӣ ва эҳтиёҷ ҳар касро ба ҳар чиз ва ба ҳар кор маҷбур мекунад.

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Абдулқодири БЕДИЛ.

***

«Рӯзии кас, кас нахӯрад», яъне инсон бояд ба рӯзии худ қаноат кунад. Он чизе, ки насиби касе шудааст, ҳаққи ҳалоли ӯ мебошад.

Бар ӯ дод яздон зи роҳи нафас,

Нахӯрдаст кас рӯзии ҳеч кас.

Низомии ГАНҶАВӢ.

***

«Раҳ чунон рав, ки раҳравон рафтаанд», яъне роҳеро пеш гир, ки дигарон онро паймудаву озмуда бошанд.

Бар он раҳ, ки норафта бошад касе,

Марав, гарчи ҳамроҳ дорӣ басе! 

Низомии ГАНҶАВӢ.

***

«Рафтам савоб кунам, кабоб шудам», ин зарбулмасалро вақте меоваранд, ки ба ивази некии худ бадӣ ва ё ба ҷойи хушу хурсандӣ ғаму андӯҳ дида бошанд:

Ҷойи некӣ ба ман бадӣ кардӣ,

Хостам роҳатат, азоб шудам.

Рафта будам ба ту савоб кунам,

То ки огаҳ шудам, кабоб шудам.

Аҳмади АХТАР.

***

«Ранги мард аз кафи дасти худ аст», яъне саломатию осудаҳолии ҳар кас вобаста ба меҳнати ӯст.

Сайд ҳамон беҳ, ки зи дасти худ аст,

Ранги мард аз кафи дасти худ аст. 

Хусрави ДЕҲЛАВӢ.

***

«Пулдор кабоб мехӯрад, бепул дуди кабоб»

Садриддин АЙНӢ.

***

«Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад», яъне нодон аз бемаънӣ гуфтани худ шармандаю расво мегардад.

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Абдулқодири Бедил.

Таҳияи С.РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: