Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё ташкилоти таълими томактабии ғайридавлатии «Kinderwelt», ки аввалин кӯдакистони ӯзбекӣ-олмонӣ дар Осиёи Марказӣ буда, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ernst Klett AG»-и Олмон таъсис ёфтааст, ба фаъолият оғоз намуд.
Кӯдакистон дар доираи ҳамкориҳо таҳти ташаббуси Сафоратхонаи Олмон дар мамлакатамон бунёд гардида, дар чорабинии ифтитоҳи он ҳокими вилоят Муродҷон Азимов, ҳайати намояндагони Олмон таҳти сарварии роҳбари ширкати «Ernst Klett AG» Филипп Ҳауссманн, инчунин, масъулони ҳокимият ва намояндагони ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Нахуст ҳокими вилоят ба сухан баромада, ҳамкории Ӯзбекистон ва Олмонро дар соҳаи таълим баланд арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ин робитаҳо барои ба марҳилаи нави рушд бардоштани сифати таълими томактабӣ дар вилоят саҳм мегузоранд.
– Таълиму тарбияи босифат аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки рушди минбаъдаи мамлакатро муайян мекунанд, – иброз дошт ҳокими вилоят. – Иқтисодиёт мустаҳкам бошад, таълим инкишоф меёбад. Ва дар навбати худ, дар мамлакате, ки сифати таълим волост, иқтисод пайваста рушд мекунад.
Нотиқон таъкид карданд, ки аз бори аввал дар Ӯзбекистон таъсис ёфтани чунин ташкилоти таълими томактабии ғайридавлатии замонавӣ, ки дар асоси методологияи Олмон кор мебарад, хурсанд ҳастанд. Зикр гардид, ки ин муассиса кӯдаконро мутобиқи стандартҳои муосири Аврупо таълиму тарбия хоҳад дод.
– Бовар дорам, кӯдаконе, ки ба кӯдакистони «Kinder-welt» меоянд, баъди 15 сол таҳсилро дар беҳтарин донишгоҳҳои Олмон оғоз хоҳанд кард, – гуфт Филипп Ҳауссманн.
Дар амалӣ шудани ин лоиҳа аз ҷониби ҳамкорони олмонӣ кӯмаки хуби методӣ расонида шуд: барномаҳои нави таълим, бозомӯзии тарбиядиҳандагон ва муаллимон, методикаи дарсдиҳӣ ва равишҳои тарбиявӣ пурра бар асоси таҷрибаи олмонӣ роҳандозӣ гардид. Инчунин, чор муаллими маҳаллӣ дар Олмон такмили ихтисос намуда, аз рӯйи методологияи Klett омодагӣ диданд. Рӯзҳои наздик ба шаҳри Қаршӣ омадани тарбиядиҳандагони олмонӣ ва идома додани ҳамкориҳои амалӣ дар назар аст.
Кӯдакон дар бинои замонавӣ, ки дорои 300 ҷой ва шароити мувофиқу бехатар аст, таълиму тарбия мегиранд. Таъкид гардид, ки арзиши умумии лоиҳа 400 ҳазор доллар буда, он дар ҳамкории сармоягузорони олмонӣ ва маҳаллӣ ташкил гардидааст. Дар оянда ба 30-то расонидани шумораи чунин муассисаҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ дар мамлакат ба нақша гирифта шудааст.
АИ "Дунё".