ДАР ОЛМОН АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИББИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

Дар сафорати кишвари мо дар шаҳри Берлин анҷумани аввалини кормандони тибби Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби сафорати Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тиббии олмониву ӯзбекистонии «Кох–Авитсенна» (DUMGKA) ташкил шуд, аъзои ҷамъият, табибон, ҳамшираҳои шафқат, муҳаққиқон ва донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар соҳаи тиб дар Олмон таҳсил ё фаъолият доранд, иштирок карданд.

Ҳадафи асосии анҷуман  ба низом даровардани муносибатҳои ҷомеаи тиббии ӯзбекистониву олмонӣ ва табдил додани мубодилаи дониш ва таҷриба ба як майдони доимии ҳамкорӣ буд.

Дар маросими ифтитоҳ сафири Ӯзбекистон дар Олмон Дилшод Ахатов ҳамаи иштирокчиёнро бо баргузории нахустин анҷуман табрик гуфта, ба онҳо муваффақият орзу намуд. Ӯ таъкид кард, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни ду кишвар самти стратегии афзалиятнок мебошад ва омӯзиши мутахассисони баландихтисосу татбиқи навовариҳои илмӣ вазифаҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор мераванд.

Дар анҷуман ҳамчунин ҳадафҳо ва вазифаҳои Ҷамъияти нави кормандони тибби Ӯзбекистон дар Олмон, меъёрҳои узвият ва нақшаҳои оянда муаррифӣ гардиданд.

Раиси Ҷамъияти тиббии олмониву ӯзбекистонии «Кох–Авитсенна» (DUMGKA) профессор Хелмут Хан, ба асосҳои таърихии ҳамкориҳои мактабҳои тиббии Олмон ва Ӯзбекистон ва нақши онҳо дар амалияи муосир ишора намуд. Ӯ зикр кард, ки баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, мубодилаи профессорону омӯзгорон, ҳамоҳангсозии стандартҳои лабораторӣ ва татбиқи ҳалли телетиббӣ натиҷаҳои амалӣ хоҳад дод.

Маърӯзачиён омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии тиббӣ ва клиникаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мубодилаи таҷриба, телетиб ва усулҳои муосири табобат изҳор намуданд.

Қисми дуюми анҷуман ба саволу ҷавоб ва муҳокимаҳо бахшида шуд. Ҳамватанон дар бораи тартиби гирифтани иҷозатнома ва ба кор дохил шудан дар Олмон, сертификатҳои забон, инчунин нақшаи рушди касбӣ дар Олмон маълумот гирифтанд. Пешниҳодҳо оид ба ташкили барномаҳои мубодилаи грантҳо ва таҷрибаомӯзӣ, гузаронидани дарсҳои маҳорат ва сессияҳои телетиббӣ дар Ӯзбекистон иброз гардиданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ барои амиқбахшии ҳамкориҳои дуҷониба, наздиксозии стандартҳои таълим ва амалияи клиникӣ, инчунин тақвияти шабакаи илмӣ ва коммуникатсионии табибони ӯзбек дар Олмон вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Афкор ва пешниҳодҳои садодода ба ташаккули муҳтавои лоиҳаҳои муштараки оянда мусоидат хоҳанд кард.

Баъзе иштирокчиён таассуроти худро аз анҷуман баҳам диданд:

Анестезиолог-реаниматологи клиникаи «Vivantes Auguste-Viktoria-Klinikum» (Берлин) Ларс Дрегер:

– Ман аз ҳамкорӣ бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ дар соҳаи анестезиология шодам. Инро имконияти олие барои мубодилаи таҷриба медонам. Умедворам, ки дар оянда ин ҳамкорӣ боз ҳам густариш меёбад ва мо шоҳиди ҳузури шумори бештари ҳамкасбони ӯзбек дар Берлин хоҳем шуд.

Раиси «Ҷамъияти кормандони тибби Ӯзбекистон дар Олмон», духтури шуъбаи равоншиносӣ, психология ва психосоматикаи кӯдакон ва наврасон Уткир Иброҳимов:

– Дар айни ҳол дар Олмон на камтар аз 350 корманди тиб аз Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ҳадафи ҳамаи онҳо мусоидат ба рушди соҳаи тибби ватан аст. Барои ҷамъоварӣ ва пуштибонии ин гуна ташаббусҳо ва ғояву афкор мо ин ҷамъиятро таъсис додем. Мо на танҳо табибон, балки дорусозон, кормандони миёна ва хурди тиббиро низ муттаҳид сохта, ба ҳамдигар кумак хоҳем кард ва ба рушди минбаъдаи ин соҳа дар кишварамон саҳм мегузорем.

Ҷарроҳи клиникаи шаҳри Байройт Умедҷон Абдукаримов:

– Дар Ӯзбекистон бемориҳои меъда ва системаи ҳозима, инчунин бемориҳои саратон паҳн шудаанд. Сабаби асосӣ  ғизои нодуруст ва истифодаи зиёди нуриҳои сунъӣ ҳангоми парвариши сабзавот мебошад. Имрӯз низ ин мавзӯъ дар анҷуман баррасӣ шуд. Масъалаи тарҷумаи дастурҳои тиббии олмонӣ ба забони ӯзбекӣ ва татбиқи дурусти онҳо низ муҳокима гардид.

Духтури анестезиологи клиникаи «Vivantes Auguste-Viktoria-Klinikum» (Берлин) Аброр Валихонов:

– Дар ду соли охир, ки дар Берлин кор мекунам, дониш ва малакаи зиёде пайдо намудам. Имрӯз дар сафорати кишвари  мо аз таъсиси Ҷамъияти табибони Ӯзбекистон дар Олмон суҳбат кардем. Бо шарофати ин чорабинӣ мо бори аввал бо ҳамватанони худ аз наздик шинос шудем. Ба сафир ва ташкилкунандагон миннатдории самимии худро изҳор мекунам. Мо омодаем барои рушди соҳаи тиб фаъолона кор кунем ва мутмаин ҳастам, ки ин ҷамъият дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил мегардад.

АИ "Дунё",

ш. Берлин

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: