Бузургдошти султони шоирон

(Ба ифтихори 1167-умин солгарди зодрӯзи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Рашидии САМАРҚАНДӢ.
Поягузори адабиёти классики форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барҳақ устоди каломи бадеъ мебошад. Ӯ ва ҳамасронаш, дар замоне, ки забони арабӣ дар
Мовароуннаҳр тасаллут дошт, барои истиқлоли забони форсии тоҷикӣ бо шеърҳои мондагори худ саҳми назаррас гузоштаанд.
Осори пурғановати ӯ садсолаҳои зиёд аст, ки ба мардум ғизои маънавӣ медиҳад. Имрӯз дар ҳар қадам ба мушоҳида мерасад, ки одамони одӣ ва зиёиён суханашонро бо шоҳбайтҳои пандомези ӯ тақвият мебахшанд.
Чанде қабл ба ифтихори 1167-умин солгарди ин абармард  дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 17-уми шаҳри Ангрен таҳти унвони «Устоди шеъру сухан» чорабинии адабию фарҳангӣ баргузор шуд. Дар он омӯзгорон ва хонандагони мактаб ширкат ҷустанд. Чорабинӣ зери роҳбарии омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаб Рухшона Абдуқодирова ба вуқӯъ пайваст.
Донишомӯзон шеърҳои устоди суханро қироат карданд, аз зиндагиномаи шоир саҳнаҳо намоиш дода  шуд.
Чорабинии пурмуҳтаво имкон дод, ки донишомӯзон  аз зиндагинома, осор ва нубуғи шоири нотакрор огоҳ гарданд.
Дар охир рақсу суруди дастаи ҳаваскорони мактаб хотири гирдиҳамомадагонро болида сохт.
 
Нозимҷон НАМОЗОВ, 
ҷонишини директор оид ба корҳои маънавияти мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен.
Вилояти ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: