Ӯзбекистон бештар чӣ гуна маҳсулотро воридот менамояд?

Бо ибтикори Кумитаи гумруки Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати инвеститсия, саноат ва савдои кишвар таҳти унвони «Намоишгоҳи воридоти Ӯзбекистон-2025» чорабинӣ гузаронида шуд, ки то 9 октябр давом кард.

Ҳадафи ин намоишгоҳ оптимизатсияи воридот барои зиёд кардани мундариҷаи маҳаллӣ мебошад, ки тавлиди маҳ-сулоти рақобатпазир ва барои содирот нигаронидашударо дар меҳвар қарор додааст.
Тавре ки сухангӯйи Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ Ҳусайн Тангриев гуфт, имрӯз Ӯзбекистон дорои имкониятҳои васеъ мебошад, ки маҳсулоти он дар бозорҳои беруна рақобат карда метавонанд. 
– Ба ибораи Сарвари давлат маҳалликунонӣ танҳо иваз кардани ҷойи маҳсулоти воридотӣ нест, балки руҷӯъ ба истеҳсоли маҳсулотест, ки ҳам аз ҷиҳати нарх ва ҳам аз ҷиҳати сифат барои афзоиши содирот мусоидат намояд. Аз сӯйи дигар, оптимизатсияи воридот ҳангоми зиёд кардани мундариҷаи маҳаллӣ моро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад ва иқтисодиёти кишвар боло меравад, – мегӯяд Ҳусайн Тангриев.
Аз чашмандози маҳсулоти дар ин намоишгоҳ ширкаткунанда маълум шуд, ки воридоти маҳсулот ба мамлакати мо сол аз сол меафзояд. Аз ҷумла, дар соли 2022 он 19 фоиз, дар соли 2023 он 31 фоиз ва дар 8 моҳи соли равон 10 фоиз рӯ ба афзоиш овардааст. Дар сохтори воридот таҷҳизоти технологӣ, маснуоти металлӣ, воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, электротехника, сӯзишворӣ ва энергетика, маҳсулоти нафтӣ бартарӣ доштаанд.
Масалан, воридоти батареяҳои литий-ионӣ дар соли 2024 19 маротиба афзуда, 160,5 миллион долларро ташкил додааст. Аммо ин нишондод дар соли 2021 3,9 миллион доллар, дар соли 2022 3,8 миллион доллар ва дар соли 2023 ҳудуди 8,3 миллион долларро ташкил медодааст. Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки арзиши истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили кишвар аз нархи воридотӣ чанд маротиба арзонтар аст.
– Бо дарназардошти кашфи захираҳои литий дар кони Нурликони воқеъ дар вилояти Тошканд, маълум карда шуд, ки ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсоли аккумулятор дар худамон хеле умедбахш аст. Инчунин имкони ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолшуда низ вуҷуд дорад, ки аз он даромади қобили мулоҳиза ба даст меояд, – мегӯяд Ҳусайн Тангриев. 
Маълум шуд, ки оинаи сохтмонӣ низ дар рӯйхати молҳои воридотӣ пешсаф унвон гирифтааст. 
Қобили қайд аст, ки дар мамлакати мо барои ба вуҷуд овардани истеҳсоли баъзе молҳо ва ё васеъ кардани иқтидорҳои мавҷуда имкониятҳо хеле фаровонанд. Ин омил метавонад барои коҳиши воридот ва афзун гардонидани ҷойҳои нави кор, беҳбуди салоҳияти содиротии мамлакат хидмат намояд. Бо ин мақсад маҳз дар намоишгоҳ 3000 намуди мол ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар мамлакатамон иқтидори баланди истеҳсолӣ доранд ва барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкониятҳои калони содиротиро фароҳам меоранд.
Дар чаҳорчӯби намоишгоҳ баргузории  ҷаласаҳои панелӣ оид ба беҳсозии воридот низ барномарезӣ шудаанд. 
Интизор меравад, ки намоишгоҳ на танҳо ҳамчун намоиши молҳо, балки ҳамчун платформаи муҳим барои таҳияи қарорҳои амалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ хидмати бузург анҷом хоҳад дод. Зеро бо истифода аз ин намоишгоҳ на танҳо ҳаҷми воридот коҳиш хоҳад ёфт, балки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва афзоиши иқтидори содирот таҷрибаи хуб низ ҳосил хоҳад шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: