Гармхонаҳо ба оилаҳои камдаромад

Дастгирӣ кардани оилаҳои камдаромад, расондани кумак ба онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, ҳоло масъалаи долузарби сиёсати давлатист.

Имрӯз дар 70 маҳаллаи ноҳияи Ғиждувон ҷараёни кор вобаста ба ин масъала муташаккилона сурат мегирад. Оилаҳое, ки ҷойи кори муайян ва даромади мушаххас надоранд, ё ки вазъи саломатиашон имкон намедиҳад, ки ба ҷойи дур раванд, эътибори асосӣ ба истифодабарии самаранок аз қитъаҳои назди ҳавлӣ нигаронида шудааст. Баробари ин тавсия шудааст, ки то охири сол ба чунин оилаҳо 745-то гармхонаи ҳаҷмашон якхолӣ (нархи чунин гармхона 7,5 миллион сӯм) сохта дода шавад. Бо ин мақсад кредитҳои имтиёзнок низ дода мешаванд. Ин гармхонаҳо имконият медиҳад, ки дар фасли сармо низ дар оғӯши хонадон сабзавоту зироати зарурии рӯзгор ва бозоргир рӯёнда, аз истеъмол зиёдатиаш бо мақсади даромад ба бозор бароварда шавад. Ин тадбир хусусан дар ҷамоати шаҳрвандони «Омад»-и ноҳия беҳтар амалӣ мегардад.
 

А. АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: