Ҳоло дар дунё бештар аз 8 ҳазор, аз он ҷумла дар Ӯзбекистони Нав беш аз 300 навъи ангур парвариш меёбанд.
Дар мамлакатамон 181 ҳазор гектар, дар вилояти Самарқанд 55 ҳазор гектар замин токзор аст, ки 44,5 ҳазор гектар бо кишмиши мавизбоб ихтисос ёфтааст.
Соли гузашта боғбонони соҳибтаҷриба 663 ҳазор тонна ангур гирифта бошанд, имсол ин рақам 700 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар ним соли равон 2,7 ҳазор тонна ангур ва 2 ҳазор тонна мавиз ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 53,7 миллион доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.
Бори нахуст «Ҷашнвораи мавиз» дар ноҳияи Қӯшработ баргузор гардид, ки намояндагони як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатии вилояти Самарқанд, сайёҳони хориҷӣ, боғбонону кишоварзон, тадбиркору вакилони расонаҳои ахбор ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев иштирокдорони Ҷашнвораи байналхалқиро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки вазифаи асосии боғбонону фермерҳо парвариш, нигаҳдорӣ, азнавкоркард ва экспорти ангур буда, он асоси даромади иқтисодӣ мебошад. Барои ин албатта, дониш, таҷриба, навоварӣ ва инноватсия лозим.
Дар чорчӯбаи «Ҷашнвораи мавиз» вазири адлияи Ӯзбекистон А. Тошқулов ҳуҷҷат-ҳои аз рӯйхати давлатӣ гузаштаи «Мавизи Самарқанд»-ро ба роҳбари вилояти Самарқанд тақдим карда, ба фаъолияти боғбонону соҳибкорон комёбиҳои нав ба нав таманно намуд.
– Мо як гурӯҳ сайёҳон аз шаҳри Новосибирск омада, мавиз ва туршаку чормағз харид кардем, – гуфт доктори фанҳои физика-математика Алексей Антонов, – боварӣ ҳосил кардем, ки хушкмева, хосатан мавиз, мисли қанду асал. Дар Русия табибон ба ҷойи доруворӣ хушкмева истеъмол карданро тавсия мекунанд. Ана барои чӣ мо меҳмони самарқандиён ҳастем.
Мо ғайр аз тамошои ёдгориҳои таърихии Самарқанд ба бозори деҳқони Сиёб низ ташриф оварда, барои савғотӣ маҳсулоти серғизо ва сервитамин харид мекунем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.