Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди устувори низоми энергетикии кишвар ба шумор меравад. Ин лоиҳаҳо на танҳо ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро афзун мегардонанд, балки ба рушди иқтисодӣ, устувории экологӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об низ мусоидат мекунанд.
Бартарии асосии энергетикаи обӣ дар он аст, ки он бар пояи захираҳои табиӣ асос ёфта, бе ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера неруи барқ истеҳсол мекунад. Неруи барқи тоза ва дастрас аз ҳисоби қувваи ҷараёни об ба вуҷуд меояд. Чунин лоиҳаҳо самараноктарин навъи энергетикаи «сабз» ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз ноустувории нархҳо ба нафт ва газ дар бозори ҷаҳонӣ ва вобастагӣ аз бозори беруна барои бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Аз ин ҷиҳат неругоҳҳои барқии обӣ, ки бар асоси захираҳои обии дохилӣ бунёд меёбанд, барои таъмини амнияти энергетикӣ аҳамияти калон доранд.
Сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ба иқтисодиёти маҳаллӣ низ такони қавӣ мебахшад. Дар ҷараёни сохтмони чунин иншоотҳо инфрасохтори зарурӣ: роҳҳо, шабакаҳои барқ, маҳаллаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар натиҷа, фаъолияти иқтисодии минтақа афзуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Муҳимаш он аст, ки неругоҳҳои барқии обӣ низоми энергетикии кишварро устувор мегардонанд. Агар неруи барқи офтобӣ ё бодӣ вобаста ба шароити табиат ҳосил карда шавад, пас неругоҳҳои обӣ метавонанд шабонарӯзӣ ва дар ҳама фасли сол неруи барқ ҳосил намояд. Онҳо дигар манбаъҳои неруро дастгирӣ намуда, устувории тамоми низомро таъмин мекунанд.
Соли гузашта Сарвари давлат ташаббуси сохтмони неругоҳҳои навро дар вилояти Намангон пешбарӣ намуд. Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ яке аз онҳо — марҳилаи аввали маҷмӯи неругоҳҳои барқии обии Норин ба истифода дода шуд.
Президент ҳангоми сафари ахираш ба вилояти Намангон аз ин иншооти энергетикӣ боздид намуд. Мо низ бо ин иншоот шинос шуда, дар бораи аҳамияти он маълумоти муфассал ба даст овардем.
Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун самти стратегии таъмини устувории иқтисоди миллии кишвар муайян шудааст. Лоиҳаҳои бузурги чунин навъ барои таъмини боэътимоди аҳолӣ бо неруи барқ, фаъолияти бефосилаи соҳаҳои саноат ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ аҳамияти калон доранд.
Бо ин мақсад, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» сохтмони шаш силсиланеругоҳи барқии обиро дар рӯди Норин оғоз намудааст, ки иқтидори умумии онҳо 228 мегаваттро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳа 428,5 миллион доллар буда, истеҳсоли дохилии таҷҳизот ва технологияҳо арзиши иловагии онро таъмин менамояд.
Сохтмон марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар соли оянда НБО-2 ва НБО-3 ба истифода дода мешаванд ва то соли 2027 — дигар каскадҳо низ пурра мавриди истифода қарор мегиранд. Қувваи ҳар як неругоҳ 38 мегаваттро ташкил дода, пас аз анҷоми пурраи лоиҳа ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
– Дар марҳилаи аввал НБО-1 ба истифода дода шуд, – мегӯяд сардори раёсати ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Авазбек Зокиров. – Муҳимтаринаш он аст, ки дар сохтмон танҳо маҳсулот ва таҷҳизоти ватанӣ истифода шуданд. Аз ин ҷиҳат онро метавон «аввалин неругоҳи миллии барқии обӣ» номид. Ин истгоҳи ибтидоӣ дорои иқтидори истеҳсоли 171 миллион киловатт-соат неруи барқ дар як сол мебошад. Пас аз татбиқи пурраи лоиҳа 430 ҳазор хонаводаро бо неруи барқ таъмин намуда, ҳамасола 290 миллион метри мукааб газ сарфа хоҳад шуд. Фоидаи иловагӣ барои иқтисодиёт қариб 300 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, каскади Норин на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки иҷтимоиву иқтисодӣ низ дорад.
Ба Сарвари давлат фаъолияти НБО-ҳои кучаки инноватсионӣ низ нишон дода шуд. Ин лоиҳаҳо низ аз ҷониби муҳандисону тарроҳони маҳаллӣ таҳия шудаанд.
Агрегатҳо бо қобилияти фаъолият дар шароити фишори пасти об ва осонии идоракунӣ фарқ мекунанд. Дар кишвари мо обанборҳои фишори паст зиёданд ва истифодаи васеи ин таҷриба метавонад натиҷаҳои хуб диҳад.
Бори аввал дар таърихи гидроэнергетикаи Ӯзбекистон дар доираи ин лоиҳа агрегатҳои капсулии уфуқӣ татбиқ шудаанд. Онҳо бо самаранокии баланд, ҳатто дар фишори паст кор мекунанд ва марҳилаи нави рушди гидроэнергетикаи ватаниро мекушоянд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳим – сохтмони биноҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ, инчунин маркази диспетчерӣ мебошад. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва ободонии минтақа 6000 бех дарахти ороишӣ шинонида шудааст ва баҳори соли оянда боз 7000 бех дарахти мевадиҳанда шинонда мешавад.
Силсиланеругоҳҳои барқии обии Норин — лоиҳаи стратегиест, ки ба таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона шудааст.
Икром АВВАЛБОЕВ,
мухбири ӮзА.