Навобод мешавад обод

Имрӯз дар маҳаллаи «Навобод»-и ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд тибқи мизони «Маҳаллаи обод – кӯчаи обод – хонадони обод» корҳои ободониву бунёдкорӣ босамар идома доранд

Ҳоло бо ташаббуси Президенти мамлакатамон дар тамоми маҳаллаву овулҳои кишвар корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, тозаву озодагӣ бурда мешавад. Аз ҷумла, пас аз таъкиди Сарвари давлатамон дар ҷамъомади видеоконфронсе, ки 16 июни соли ҷорӣ доир ба ҳаллу фасл намудани муаммои аҳолӣ дар ҳудудҳо, бартараф намудани омилҳои кайфияти шаҳрвандонро халалдоркунанда, бекорӣ ва кам кардани камбизоатӣ, беҳтар намудани муҳит як қатор вазифаҳо дода шуданд. Алҳол бо мақсади иҷрои ин гуна вазифаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканд ва 883 маҳалла корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Имрӯз шамоли ин гуна корҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навободи ноҳияи Бӯка низ мевазад. Шурӯъ аз 19 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси ҳокими вилояти Тошканд З.Мирзоев, ҳокими ноҳияи Бӯка Б.Бегматов ва корхонаву ташкилотҳои вилояту ноҳия корҳо бобати беҳтар намудани инфрасохтори маҳалла, босамар ташкил намудани фаъолияти объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, бекорӣ ва кам кардани камбизоатӣ ба амал бароварда мешаванд.

– Имрӯз дар маҳаллаи «Навобод» корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ тибқи барномаи давлатии «Маҳаллаи обод – кӯчаи обод – хонадони обод» босамар идома доранд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод» Холиқбердӣ Додобоев. –  Тӯли чанд рӯзи ҳашар аллакай кӯчаи марказии маҳалла ранги дигар гирифт. Хонадонҳои ду тарафи роҳи марказӣ бо деворҳо маҳкам шуд, рангу бор карда шуданд. Дар ду тарафи роҳ роҳгардҳои бетонӣ барои аҳолӣ рехта мешаванд. Дар лаби сойи маҳалла сохтмони майдончаи варзишӣ, майдончаҳои волейбол, воркаут барои ҷавонони маҳалла ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Дар давоми корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маҳалла аз ҷониби ходимони тиббиёт барои аҳолӣ назорати амиқи тиббӣ гузаронда шуд. Аз ҷониби мутахассисони соҳаи санитарӣ, бехатарии сӯхтор, газ, қоидаи роҳ ва ғайра барои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Дар майдончаи варзишии мактаби 55-уми маҳалла барномаи консертӣ баргузор гардид.

– Бо мақсади болидахотирии шаҳрвандони маҳаллаи Навобод дар майдончаи варзишии мактаби 55-ум барномаи консертӣ, намоиши баромади ҳарбиён гузаронда шуд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Бӯка Одил Ҷӯраев. – Дар барномаи консертӣ аъзои ҷамъияти тарғиботчиёни «Маърифат»-и ҷумҳурӣ, доктори илмҳои филологӣ Мансур Юнусов, шоир Бобур Бобомурод ва хонандаи эстрада Кумуш Муъминова, ҳамчунин ҳофизони шуъбаи маданияти ноҳия хидмат намуданд. Баромади ҳарбиёни Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа бобати баланд бардоштани муҳити ватанпарварӣ, хидмат дар соҳаи ҳарбии ҷавонон хеле аҳамиятнок аст. Фикр мекунам, барномаи консертии мазкур ба мардуми маҳал писанд омад.

– Дар маҳаллаи Навобод тӯли сол бо ташаббуси сарвари ҷавонони маҳалла бо мақсади пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо варзиш мунтазам шуғл варзидани онҳо озмун ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» гузаронда шуданд. Имрӯз бошад, мо дар маҳалла мусобиқаи гӯштини миллиро бо ҳамкории Садорати кор бо ҷавонони вилояти Тошканд байни ҷавонон баргузор намудем, – мегӯяд роҳбари шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳия Муродулло Исмоилов. – Ҳамчунин нақша дорем дар рӯзҳои наздик мусобиқаи футбол ва бозии интеллектуалии «Заковат»-ро байни ҷавонон ба роҳ монем.

М. Мирмаҳмадов.

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: