Дар доираи таваҷҷуҳ ва супоришҳои Президент

Солҳои охир дар доираи таваҷҷуҳ ва супоришҳои Президенти кишварамон оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, дар вилояти Сурхондарё низ иншооти зиёди иҷтимоию инфрасохторӣ қад афрохтанд.

Ин ҳолат ба фароҳам омадани шароити мусоиди зиндагӣ хидмат менамояд.

Дар вилоят 29 иншооти нави арзиши умумиашон 55 миллиард сӯм, сохта ба истифода дода шуд, ки ба таркиби он 19 муассисаи таълимӣ, 3 километр роҳи дохилӣ ва 8 иншооти дигар низ дохил мешавад.

Дар маҳаллаи «Ӯзбекистони нав»-и ноҳияи Тирмиз барои Донишкадаи давлатии педагогии Тирмиз ба истифода дода шудани бинои нави таълимии дорои 1500 ҷой ҳодисаи масарратбахш буд. Дар ин чорабинӣ ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов иштирок намуд.

Тавассути видеоконфронс дигар иншооти нав низ ба аҳолӣ ва сохторҳои гуногун барои истифода супорида шуданд.

Ҳоким таъкид намуд, ки корҳои анҷомёфта натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи вилояти Сурхондарё мебошад ва то охири сол ба истифода додани чанд иншооти дигар дар мадди назар аст.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: