Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ дар муддати кӯтоҳ байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мавқеи муносибро соҳиб гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар донишгоҳ шурӯъ аз маъмурият то устодону шогирдон масъулиятшиносанд.
Мақсади асосии таълим ба камол расондани мутахассисони соҳибмаърифату соҳибихтисосест, ки ба рушди ҷомеа хидмат мекунанд. Технологияҳои муосир, ба вижа воситаҳои рақамии таълим имкон медиҳанд, ки ин раванд тезтар ва самараноктар сурат пазирад. Масалан, омӯзиши фосилавӣ, курсҳои онлайн ё платформаҳои мултимедӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки донишро бо суръати тез аз бар намоянд. Раванди таълиму тарбия дар баробари дониш додан, бояд хислату характерҳои инсониро инкишоф диҳад, ҷавононро ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ содиқ тарбия намояд.
Аз ин рӯ, ба масъалаи тарбия беэътинову бепарвоӣ ва яктарафа назар афкандан нашояд. Инчунин, маҳдуд кардани донишҷӯ танҳо бо донишҳои илмию назарӣ низ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Пурмазмун гузарондани вақти холии талабагон ба дараҷаи дониш, шавқу ҳавас, ҷаҳони маънавӣ ва фаъолияти ояндаи онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Бинобар ин, дар муассисоти таълими олӣ ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои гуногун аҳамияти калон дорад. Маҳфилҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки истеъдоди худро сайқал диҳанд ва дӯстони нав пайдо кунанд. Масалан, донишҷӯён метавонанд дар маҳфилҳо тавассути анҷом додани тадқиқоти илмӣ, ё ба воситаи омӯзиши забонҳо вақти холии худро пурмазмун гузаронанд. Ин чиз ба камолоти шахс ва дар ҷомеа пайдо кардани мавқеи худ мусоидат мекунад.
Ин аст, ки дар назди кафедраи адабиётшиносии ӯзбеки факултаи гуманитарии Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ барои донишҷӯён якчанд маҳфил амал мекунад. Ҷавонони эҷодкор ба назм, театр, мусиқӣ, рассомӣ, рӯзноманигорӣ, техника ва адабиёт шавқу ҳаваси зиёд доранд. Аз ин ҷост, ки маҳфилҳо барои инкишоф додани қобилияти онҳо ҳамчун як платформаи муҳим хидмат мекунанд.
Масалан, маҳфили «Истеъдод»-е, ки дар назди кафедраи номбурда фаъолият дорад, тавассути бедор кардани муҳаббат ба шеър, қобилият, тафаккури эҷодӣ фаъолияти ҳунарии истеъдодҳои ҷавонро инкишоф медиҳад. Ба маҳфил устодони эҷодкори кафедра – шоир Гуландом Тағоева ва Нафиса Раҳмонова роҳбарӣ мекунанд. Бо дастгирии онҳо на танҳо ҷавонони боистеъдод, балки донишҷӯёне, ки ба эҷодкорӣ майл доранд, вале ҳанӯз роҳи худро наёфтаанд, қобилияти худро инкишоф медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар раванди тайёр кардани муаллимони оянда дар муассисоти олӣ на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ ҳам аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин дар назди кафедра маҳфили эҷодии маҳорати педагогӣ таъсис дода шудааст, ки ба камолоти маънавии донишҷӯён мусоидат менамояд. Ба ин маҳфил устодони кафедра Райҳон Расулова ва Соҳиба Арзиқулова роҳбарӣ мекунанд. Онҳо семинару тренингҳо ташкил мекунанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки нерӯи касбии худро инкишоф диҳанд, технологияи таълимро дар амал санҷида, болои худ кор кунанд. Маҳфили маҳорати педагогӣ барои фаъолияти ояндаи касбии донишҷӯён заминаи мустаҳкам мегузорад. Он дар талабагон маҳорати гузарондани дарс, маданияти нутқ, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ ва қобилияти бо ҷамоа кор карданро инкишоф медиҳад.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва ташаккули фарҳанги китобхонӣ дар байни онҳо «Маҳфили китобхонони ҷавон» таъсис дода шудааст, ки ба он яке аз омӯзгорони ҷавони кафедра Эмина Очилова роҳбарӣ мекунад. Маҳфили китобхонони ҷавон воситаи муассир барои пурмазмун гузарондани вақти холии донишҷӯён, бо адабиёти илмӣ ва бадеӣ шинос намудани онҳо, ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури мустақил мебошад. Дар доираи маҳфил муаррифии китобҳо, баргузории шабҳои баҳс, вохӯрӣ бо адибон нерӯи зеҳнии ҷавононро афзун мекунад. Фаъолияти ин маҳфил бо тарғиби китобхонӣ маҳдуд намешавад. Дар он инчунин баромади эҷодӣ, мубоҳиса, мусобиқоти рефератнависӣ ва иншоҳои эҷодӣ гузаронида мешаванд. Зеро мутолиа на танҳо хондан, балки таҳлили асарҳои хондашуда низ мебошад.
Чанд сол аст, ки дар назди ин кафедра маҳфили «Эҷодкорони ҷавон» амал мекунад. Ба он устодони гурӯҳи тоҷикии факултети фанҳои гуманитарии донишгоҳ Ҳикмат Султонзода ва Ҳошимҷон Қучқоров раҳбарӣ мекунанд. Шогирдони ин маҳфил бештар дар таҳияи маводи тарҷумавӣ ва иншои шеъру тарона дар донишгоҳ ва қаламрави кишварамон маълум гаштаанд. Масалан, мақолаҳои илмии муҳассилини курси сеюм Ҳадиса Алимаматова, Ҷавоҳир Шакаров ва талабаи курси дуюм Сардор Давлатов дар маҷаллаи конфронси байналмилалии «Фалсафа ва эътиқод» интишор шудааст. Инчунин хабару мақола ва шеъру таронаҳои аъзои ин маҳфил дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» рӯйи чопро дидаанд. Роҳбарони маҳфил ният кардаанд, ки ояндаи наздик намунаи эҷоди шогирдонро дар шакли китоб пешкаши алоқамандони адабиёт гардонанд.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар саросари кишварамон эҳтиёҷ ба донистани забонҳои гуногун рӯзафзун аст. Ба ин мақсад дар донишгоҳҳо ташкил намудани маҳфилҳои забономӯзӣ суди зиёде дар пай дорад. Дар назди кафедраи мо маҳфили алоҳидаи омӯзиши забони туркӣ низ амал мекунад. Дар ин маҳфил талабагон бо маданият, адабиёт ва таърихи халқҳои ҳамсоя шинос мешаванд. Аъзои маҳфил дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкориро бо роҳи омӯзиши забонҳо таҳким мебахшанд. Маҳфилҳо дар баробари ба ҷустуҷӯҳои эҷодӣ водор намудани толибони илм, дар ташаккулёбии тафаккури нав нақши муҳим доранд.
Зиёдахон Усмонова,
докторанти ДДОЧ.