Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор сар кард

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқон» корхонаи ихтисосонидашудаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор сар кард.

Маҳсулоти босифати ширӣ, ки аз ҷониби корхонаи оилавии «Садафсут» истеҳсол  мешавад, на фақат дар вилоят, балки дар мамлакат низ харидоргир. Корхона бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва панири «Садафсут», ки арзиши умумиаш 2,7 млн. доллар мебошад, имрӯзҳо заводи дуюм ба кор оғоз намуд. Дар натиҷа, 100 ҷойи нави кори иловагӣ ба миён омад.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: