Дар шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Як нуронӣ – ба даҳ ҷавон масъул» баргузор гардид.
Раиси бахши вилоятии Бунёди «Нуронӣ» Шуҳрат Неъматов таъкид намуд, ки барои тарбияи насли наврас, ба замона хос гузаронидани тӯй ва маъракаҳои дигар, хосатан кам кардани вайроншавии оила аз таҷрибаи мӯйсафедони рӯзгордида пурсамар истифода бурдан лозим аст.
Дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон нуронии маҳаллаи Юқори Қайроқлии ноҳияи Ургут Акрамбобо Суюнов ғолиби марҳилаи вилоятии озмун, соҳиби диплом ва мукофотпулӣ гардид.
Вакилони ноҳияҳои Қӯшработ Норбобо Шакаров ва Пастдарғом Азамат Рӯзиқулов ба шоҳсуфаи дуюм ва савум баромаданд.
– Барои ман шарафи бузург аст, ки дар мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ иштирок мекунам, – гуфт Акрамбобо Суюнов, – кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҷойҳои фахрӣ насибам шавад.
– Гарчанде шоҳсуфаи баланд насибамон нашуд, аз таҷрибаи якдигар баҳраманд гардидем, – иброз дошт ҷонишини раиси Бунёди «Нуронӣ»-и ноҳияи Самарқанд Равшан Исроилов, – озмуни мазкур рамзи меҳру муҳаббат ба ҷавонон, эҳтиром ба нурониён буда, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ хидмат мекунад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.