Санъат – дилҳоро наздик месозад

Дар саҳнаи театри драмавии ба номи Антон Чехови шаҳри Самарқанд озмуни байналхалқии «Мusic City Samarkand – 2025» баргузор гардид, ки аз Ӯзбекистон ва Русия қариб 200 нафар иштироккунандагон ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни анҷуман рақсу бозӣ карда, сурудҳои дилошӯбу дилнишин сароида, асбобҳои мусиқии гуногунро навохтанд ва мӯдҳои либосҳоро намоиш доданд.

– Афзалиятҳои лоиҳаи мо, – гуфт ташкилкунандаи озмун, президенти хазинаи хайрияи «Мелодия души» Мария Федорских, – кушоду равшан будани  он аст. Ҳар як баромад, нақли таърихи мӯъҷаз тавассути мусиқӣ ва рақсу бозӣ мебошад. Озмун дар асоси дастгирии бевоситаи маркази дӯстии халқҳои Урал ва Ӯзбекистон ҷараён гирифт. Ғояи дар Самарқанд гузаронидани озмун ба роҳбари маркази дӯстӣ ва фарҳангии шаҳри Екатеринбург Обид Турапов вобаста аст.

 – Зодгоҳи ман Самарқанди бостонӣ – маркази илм ва фарҳанги Ӯзбекистони Нав мебошад, – бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод Обид Турапов, – хеле хушҳол ҳастам, ки орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Зеро озмун дилҳоро ба ҳам пайваст ва риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад шуд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: