Мисли ин аст, ки ҳанӯз зинда аст...

Дар синни 64-солагӣ, ки барои инсон синни камолот маҳсуб мешавад, аз байни мо шахсе рафт, ки бо инсонигарӣ, илму адаб ва маданияти баланди худ барои атрофиён намуна буд. Нависанда, муаррих, шоир, педегог ва тарҷумон – Абдуллои Тоҳириён дар хотираҳо ҳамчун инсони наҷиб боқӣ мемонад.

Гуфтори устод саршор аз меҳру самимият буд. Ҳар мулоқот бо ӯ фазои рӯшану хотирмон дошт. Суҳбатро бо табассум ва сухани нарм гарм месохт ва мусоҳиб эҳсос мекард, ки дар рӯ ба рӯяш шахси инсондӯсте қарор дорад.

Устод худро қисми ҷудонопазири ҷомеа меҳисобид ва ғами фарҳангу забони миллиро мехӯрд. Бо аҳли сухану фарҳанг робита дошт, ба дӯстӣ арҷ мегузошт ва ҳар гирдиҳамоиро ба маҳфили ҳикмату маърифат табдил медод. Рӯзҳои аввали  бо аҳли оила ба Ангрен омаданашро дар ёд дорам. Ҳар вохӯрӣ бо ӯ як маҳфили адабӣ буд. Дар суҳбатҳои хонаводагӣ ва дӯстона ҳамеша шеър мехонд, қиссаҳои таърихиро бо шавқу завқ баён мекард.

Абдуллои Тоҳириён худро ҳамеша омӯзгор меҳисобид. Солҳои зиёд бо таълиму тадрис сарукор дошт. Ба донишҷӯён ва шунавандагони курсҳои бозомӯзии омӯзгорони вилояти Тошканд на танҳо дониш медод, дар дилашон чароғи муҳаббат ба забону фарҳанги миллиро низ меафрӯхт.

Мо – шогирдон дар ёд дорем: ӯ ба ҳар суол бо таҳаммул ва хоксорӣ посух медод, шогирдонро рӯҳбаланд месохт, ба рӯяшон саҳифаҳои нохондаи таърихро боз менамуд. Осори илмиаш бо такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ навишта шудаанд.

Абдуллои Тоҳириён бо қаламаш собит намуд, ки таърих на танҳо рӯйдод, балки таҷрибаи зиндагии мардум, рӯҳи фарҳанг ва сабақ ба ояндагон низ мебошад.

Устод нависандаи соҳибсабк низ буд. Шеваи умумифорсии баён ва каломи пурбораш ба қимати асарҳояш афзудаанд. Дар онҳо воқеияти зиндагӣ бо тамоми нозукиҳояш инъикос ёфтаанд. Шодравон китобҳои дарсиро бо ҳисси масъулият тарҷума мекард.

Чунин як шахсият моро ногаҳон падруд гуфт. Ақл бовар намекунад. Мисли ин аст, ки  ӯ ҳанӯз зинда аст. Вале дареғ... Дигар навиштаҳои мондагори ӯ бо мо суҳбат мекунанд, роҳи дурусти зиндагӣ меомӯзанд. Пас, ӯ бо мост.

Ёду ёдгораш гиромӣ бод!

Рухшона АБДУҚОДИРОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 17-уми шаҳри Ангрен.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: