Гуфтан мумкин аст, ки аксари мардуми мо фасли тирамоҳро дӯст медорад. Тирамоҳи зарнигор ҳатто нисбат ба баҳори гулафшон бештар миёни мардум маҳбубият дорад.
«Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд...» сурудааст шоире. Шоири халқи рус А. Пушкин иброз доштааст, ки ӯ баҳорро дӯст намедорад, ба хотири он ки наму лойи бисёр дорад. Ва шӯхиомез мегӯяд, ки метавонист тобистонро ҳам дӯст дорад, агар пашшаву хомӯшакаш намешуд. Аммо тирамоҳи нозанинро ошиқона дӯст медошт ва ба васфи он шеърҳои зиёде сурудааст.
Тирамоҳ ҷамъбасти натиҷаи меҳнати яксолаи деҳқон аст. Тирамоҳ фаслест, ки анборҳою дилҳоро пур мекунад. Беҳуда нест, ки яке аз ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик «Меҳргон» маҳз дар анҷоми тирамоҳ сурат мегирад. Ва ҷашни ҷамъбасти кишту кору ҳосилғундорӣ, ҷашни сериву пурӣ ва сарбаландии мардуми заҳматкаш аст.
Ҳусну таровати табиати тирамоҳи заррини диёрро шоиру нависандагон ва мусаввирон моҳирона тавсифу тасвир намудаанд. Дар ин фасл баргҳои зарди дарахтон пайи ҳам рехта, манзараи зебо ва мафтункунандаро ҳосил мекунанд. Таровату дилрабоии тирамоҳро бисёртар дар деҳа, боғҳои истироҳатӣ, хиёбон ва кӯчаҳои сердарахт мушоҳида кардан мумкин аст. Гули тоҷихурӯс, нозбӯ ва дигар гулҳои тирамоҳӣ ҷилою тобиши нав пайдо мекунанд. Шамоли форам, садои шитир-шитири баргҳо ба кас ҳаловат ва оромӣ мебахшад.
Баъзан фасли тирамоҳро ҳамчун фасли хазон, урён шудани дарахтон баъзеҳо намеписанданд. Шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз манзараҳои ҳузнангези тирамоҳ илҳом гирифта, як байти бисёр сермазмун гуфтааст:
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез.
Чаро одам надонад қимати умр,
Чаро ночиз гардад аз пайи чиз?
Дарҳақиқат, ивазшавии фаслҳои сол аз гузашти умри инсонӣ дарак медиҳанд. Чанд баҳору тобистон, чанд тирамоҳу зимистон умр дидани инсон ва тамоми мавҷудоти зинда ба ҳисоб аст. Дар ин айём оби дарёҳову рӯдҳо шаффоф мешаванд, тамоми ҷонзот барои зимистонгузаронӣ ризқу рӯзӣ ҷамъ карда, омодагӣ мебинанд. Майдонҳои пахтаи кишвар осмони пури ситораро мемонанд, хӯшаҳои заррини гандум ба замин гӯё ба хотири арзи сипос сар хам мекунанд. Оё ин манзараҳои фасли пойиз дилкашу дилрабо нестанд? Рӯзҳои боронии тирамоҳи деҳаамро ба ёд меорам. Тамошои шаррос рехтани борон аз паси тиреза касро ба хаёлҳои ширин мебарад. Қатраҳои борон дар кафи баргҳои хазон мисли дур медурахшанд.
Аз чорбоғ ҳосилғундории падарамро ба ёд меорам. Болои девору бомҳои лоин аз қоқии себу олу, биҳию шафтолу, чормағзу санҷид пур буд. Биҳиҳои зарди тиллорангро дар устуни хонаҳо меовехтем, то баҳузур пазаду мазза бахшад. Ва тамоми ҳавлиро бӯйи биҳӣ фаро мегирифт. Ва имрӯз гӯё аз ҳавлии падар ҳамон хушбӯйиро ҳис мекунам...
Тирамоҳи кишвари мо дасторхони пурнеъматеро мемонад, ки пур аз мева мебошад. Ин меваҳо аз меваҷоти дигар диёрҳо фарқи куллӣ доранд. Хориҷиён ошиқи харбуза, тарбуз, ангур, анҷир, себ ва нокҳои гулӯсӯзи тирамоҳи заррини кишвари моянд.
– Фасли тирамоҳ, рангҳои гуногуни дилрабои онро дӯст медорам. Дар ин фасл натиҷаи меҳнати яксолаи бо арақи ҷабин ҳосилшударо мегирем. Фоидаи меҳнатамонро дида, аз он меболем, ки дар диёри зебову обод, замини ҳосилхез ҳаёт ба сар мебарем. Имрӯзҳо дар ширкатамон кор дар авҷ аст. Ба ғайр аз ноку себ, шафтолую анор, хурмою биҳӣ ангурҳои гуногуннавъро ҷамъоварӣ намуда, ӯҳдадориро барзиёд иҷро кардем. Ҳосили боқимондаро ба бозор мебарорем ва дар пурфайз гардондани дасторхони мардум ҳиссаи худро мегузорем, – мегӯяд Сабоҳат Эшматова аз деҳаи Заркенти ноҳияи Паркент.
Тирамоҳ таҷассуми тамоми рангҳо, тасвирҳо, манзараҳоест, ки бузургтарин рассом – табиат онро эҷод кардааст:
Тирамоҳ асту барг мерезад,
Дар лабонаш таронаи падруд.
Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст,
Меравад хастаҷон ба хонаи буд.
Ёд орам зи чашми бодомат,
Накҳати навбаҳор меояд.
Ёд орам чу хандаҳоятро,
Қаҳ-қаҳи обшор меояд...
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».