Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд

  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд
  • Вазифаҳо бобати ба марҳилаи нав баровардани ислоҳот дар самти рушди низоми маҳалла муайян гардиданд

14 октябр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои такмили минбаъдаи низоми маҳалла ва ташкили самарабахши корҳо дар маҳалҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Солҳои охир ҷиҳати ислоҳ намудани институти маҳалла ва ба низоми ба ҳаёти мардум наздик ва самарабахш табдил додани он корҳои васеъ амалӣ гардиданд.

Дар маҳалла низоми “ҳафтгона” ҷорӣ гардида, аз ҳисоби ба сатҳи маҳалла поин овардани беш аз 100 намуди хидматҳо, чун кредит, субсидия, ҷубронпулӣ, ёрии моддӣ, 7,5 миллион нафар шаҳрвандон аз камбизоатӣ баромаданд, сатҳи бекорӣ 2 баробар кам шуд. Инчунин, 3,5 ҳазор маҳалла намуди замонавӣ гирифт.

Муддати ваколати раисони маҳалла аз 3 ба 5 сол дароз карда шуд. Зери роҳбарии онҳо низоми вертикалии “ҳафтгона” ташкил гардид, шароит, захира ва ваколатҳои кофӣ фароҳам оварда шуд. Ҳар як имконияти мавҷудаи маҳалларо ба лоиҳа табдил дода, барои ташкили ҷойи кор бонкдорону андозчиён ба маҳаллаҳо вобаста карда шуданд, барои инфрасохтор низ маблағи алоҳида ҷудо карда мешавад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки теъдоди маҳаллаҳое, ки аз инҳо босамар истифода намуда, натиҷа медиҳанд, зиёданд, вале баъзеҳо то ҳанӯз чун дастаи ягона кор бурданро наомӯхтаанд.

– Боздиди ман аз маҳаллаи Шӯрариқи ноҳияи Норин бояд чашми ҳокимони вилоятҳо, роҳбарони сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия, инчунин, “ҳафтгонаи маҳалла”-ро боз намуда, онҳоро барои баланд бардоштани сифат ва салоҳият водор намояд, – гуфт Президент.

Мувофиқи қароре, ки ҳафтаи гузашта имзо шуд, 33 ноҳия ва 330 маҳаллаи дорои вазъи мушкил, ки бояд рӯҳи Ӯзбекистони Нав ба онҳо ворид шавад, муайян гардиданд.

Барои ҳар як ноҳия 100 миллиард сӯм ва барои ҳар як маҳалла 5 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. 100 миллион долларе, ки аз Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди исломӣ ҷалб гардиданд, барои ин мақсадҳо равона мегарданд. Ғайр аз ин, барои инфрасохтори лоиҳаҳои “драйверӣ”-и ин ноҳия ва маҳаллаҳо боз 2 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои маблағгузории ин барнома беш аз 7 триллион сӯм маблағ равона мегардад.

Гуфта шуд, ки ҳокимони вилоятҳо ҳар кадоме ду маҳалларо ва ҳокимони ноҳияҳо як маҳаллаи вазъаш мушкилро интихоб намуда, ба онҳо 5 миллиард сӯмӣ равона намоянд, дар шароити зисти аҳолии 236 маҳаллаи дигар низ ҳатман тағйироти ҷиддӣ бояд ба амал ояд.

Як моҳ пеш оид ба «Будҷети ташаббуснок» қарор қабул гардида, низоми нав ҷорӣ карда шуд ва тибқи он ба лоиҳаҳое, ки сокинон худ дар маҳаллаҳо оғоз кардаанд, кӯмак расонида мешавад. Мувофиқи он дар кадом маҳаллае, ки мардум кори таъмири роҳ, об, мактаб ва кӯдакистонро оғоз намуда бошанд, нисфи хароҷотро давлат пардохт мекунад. Барои ин мақсадҳо соли оянда ба 1000 лоиҳа 500 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Президент дар ин самт боз як навидро эълон кард. Аз соли ҷорӣ Кумитаи андоз бар асоси сатҳи пардохти андозҳои замин ва молу мулк рейтинги “Беҳтарин маҳаллаи андозсупоранда”-ро эълон мекунад. Дар он ба маҳаллаҳое, ки ба садгонаи беҳтарин дохил мешаванд, тибқи низоми нави «Будҷети ташаббуснокр» 75 фоизи хароҷоти инфрасохтор аз буҷет пардохт мегардад. Инчунин, ба ҳар яке аз ин маҳаллаҳо ба таври иловагӣ 2 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори маҳаллаҳои ҳавзаи интихоботии худ ба ҳар яке 3 миллиард сӯмӣ маблағ дода мешавад.

10 фоизи ҷаримаҳои вобаста ба масъалаҳои санитарӣ, экологӣ ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ ба буҷети маҳалла равона мегардад. Аз соли 2026 сар карда, ба буҷети маҳаллаҳо барои ҳар сол 200 миллиард сӯмӣ ҷудо карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби чунин манбаъҳо, дар як соли оянда барои 2000 маҳалла 8,5 триллион сӯм маблағ тақдим мегардад.

Зикр гашт, ки ҳокимони ноҳия бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд ва бо “ҳафтгонаи маҳалла” дар асоси тамоюлҳои нав кор баранд.

Масалан, маҳаллаи Шӯрариқи ноҳияи Норин ба марказе табдил меёбад, ки ба 6 маҳаллаи гирду атроф хидмат мерасонад. Бо илҳом аз ин, даҳҳо соҳибкор лоиҳаҳои гуногунро пешбарӣ намуданд. Дар натиҷаи ҷалби меъмор ва урбанистҳо ба ин маҳалла, барои куллан тағйир додани намуди 7 маҳалла имкон пайдо шуд.

Ба ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳр супориш дода шуд, ки якҷоя бо Ситоди ислоҳот дар марҳилаи аввал корҳои заруриро дар 33 ноҳия ва 330 маҳалла бо чунин усул ба роҳ монанд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои густариши лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо низ баррасӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки дар ҳама маҳаллаҳо корҳои ихтисосонидан бояд ба анҷом расонида шавад. Дар ин самт вазифа гузошта шуд, ки бо аҳолии маҳаллаҳо вохӯриҳо гузаронида, бо назардошти иқтидори онҳо ихтисоси дақиқи маҳалла муайян карда шавад ва микролоиҳаҳо, ки барои таъмини шуғли на кам аз 200 ҳазор нафар мусоидат мекунанд, ташаккул ёбанд.

Ба маҳаллаҳо ваколат дода шудааст, ки иншооти бекорхобидаи давлатиро, ки то 2000 метри мураббаъ майдон доранд, ба музояда гузоранд. Акнун раисони маҳалла ва ёварони ҳоким метавонанд моликияти бекорхобидаи давлатиро, ки то 5000 метри мураббаъ ҳастанд, ба музояда бароранд.  70 фоизи маблағе, ки аз фурӯш ба даст меояд, дар худи маҳалла мемонад ва барои инфрасохтор истифода мешавад.

Ҳамзамон, барои ба марказҳои муосири хизматрасонӣ табдил додани биноҳои маҳалла ба соҳибкорон сабукиҳо дода мешавад.

Аз ҷумла, биноҳое, ки дар марказҳои шаҳр ва вилоят аз тарафи соҳибкорон бунёд мегарданд ва дар ошёнаи поёнии он «ҳафтгонаи маҳалла» ҷойгир мешаванд, барои се сол аз пардохти андозҳои замин ва молу мулк озод карда мешаванд. Дар деҳот бошад, ин имтиёз барои 7 сол амал мекунад. Соҳибкороне, ки соҳиби биноҳо ҳастанд, дар ин давра андоз аз фоида ва гардишро бо ставкаи 50 фоиз кам пардохт мекунанд.

Дар ҷамъомад як қатор масъалаҳо доир ба муҳити иҷтимоӣ ва тарбияи ҷавонон, ки дар маҳаллаҳо ҳалли худро интизоранд, низ баён гардиданд.

Таъкид гардид, ки дучор омадан бо як қатор ҳолатҳои ногувор, чун ҷудошавии оилаҳо, сарпечӣ аз пардохти алимент, тарки оила ва фарзандон бо қарзҳои кредитӣ, инчунин, оқибатҳои манфии никоҳҳои байни хешовандон ва бармаҳал, бояд ҳамагонро – ҳокимон, “ҳафтгонаи маҳалла”, пиронсолон, тамоми намояндагони ҷамъиятиро ба ташвиш оварад.

Таъкид гардид, ки ба ҷавонон фаҳмондан зарур аст, то фаҳманд, ки бунёди оила масъулияти бузург на танҳо дар пеши худ, балки дар назди ҳамсару фарзандон аст. Зарурати тарғиби афзалиятҳои бастани шартномаи никоҳ ҷиҳати пешгирии вазъи душвори молиявии ҷонибҳо, бахусус фарзандон дар ҳолати ҷудошавӣ зикр гарда шуд.

Гуфта шуд, ки дар баъзе маҳалла, кӯча, гирду атрофи сохтмон, ҷӯйбор ва гулгаштҳо ба талаботи озодагӣ риоя намешавад. Ба ин муносибат, дар саросари ҷумҳурӣ эълон намудани соҳонаи тозагӣ ва озодагӣ муайян гардида, ба ҳар як ҳокими ноҳия ва шаҳр, инчунин ҷонишинони ҳокимон, ки барои ободонӣ масъуланд, супоришоти дахлдор дода шуд.

Муайян гардид, ки агар минбаъд «ҳафтгона» ва сокинони маҳалла ташаббуси бунёди минтақаи сабзро ба миён гузоранд, ҳокими ноҳия то 10 хол замин ҷудо карда медиҳад. Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки ҳокимон ва “ҳафтгона” дар ин масъала назорати мутаассири ҷамъиятиро пойдор намуда, агар ин заминҳо ба мақсадҳои дигар дода шаванд, қонун устувор ва ҷазо муқаррар хоҳад буд.

Мутасаддиён вазифадор шуданд, ки низоми баҳодиҳии комплексии фаъолияти “ҳафтгона”-ро ҷорӣ кунанд.

Ҳокимони ноҳияҳо мукофотонидан ва тақдими изофапулиҳои иловагиро ба 10 “ҳафтгона”, ки то поёни сол аз ҳама хуб кор кардаанд, роҳандозӣ менамоянд. Муайян карда шуд, ки минбаъд гузаронидани ҷамъомадҳои алоҳида бо кормандони “ҳафтгона” оид ба ҳар як самт манъ карда мешавад.

Президенти кишвар таъкид кард:

– Ворид намудани нафаси Ӯзбекистони Нав ба ҳар як маҳалла, ки остонаи ислоҳоти мо мебошанд, пеш аз ҳама, ба чун як ҷамоа кор бурдани «ҳафтгонаи маҳалла» вобаста аст, – гуфт роҳбари давлатамон.

Дар ҷамъомад ҳисоботи мутасаддиён ва роҳбарони минтақаҳо шунида шуда, бо раисони маҳаллаҳо мулоқот доир гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: