Як сӯ нонпазиву як сӯ дуредгарӣ, як сӯи дигар муҳандисӣ...

Ин ва дигар омӯзандагони касбҳоро на дар ягон мактаби касбӣ ва ё олӣ, балки дар муассисаи таълими томактабии рақами 14 «Қуёшча», ки дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд фаъолият дорад, дидан мумкин аст.

Ин муассисаи таълими томактабӣ бо вуҷуди он, ки ба қарибӣ таъсис ёфтааст, аллакай хоҳишмандони зиёд пайдо кардааст, ки фарзандони худро ба он гузоранд. Дар муассисаи томактабӣ 240 нафар кӯдак ба 8 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар он ба ғайр аз касбҳои маъмулӣ бачагон аз кӯдакӣ ба забонҳои хориҷӣ, арифметикаи ментал, машғулот бо намудҳои гуногуни варзиш ва маҳфилҳои мухталиф худро озмуда метавонанд. Дар ин муассиса ҳар кӯдак метавонад худро чун муҳандиси сохтмон, роботсоз, хоҳари шафқат, қолидӯз ва дӯзандаву андовакаш ва сангчин эҳсос карда метавонад.

Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки кӯдакон аз ноболиғӣ ба касбҳои гуногун нафақат меҳр пайдо кунанд, балки худро ҳамчун мутахассиси ягон соҳаи дақиқ озмуда бинанд, ки дар натиҷа дар кӯдакон меҳр ба касбу кор ва умуман ояндаи худ ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа барои онҳо интихоби касб дар ояндаи наздик саҳл мешавад, ки то андозае чунин масъала дар назди худ ва падару модаронашон ҳаллу фасл мегардад.

Кӯдакистон ба тарзи шарикии давлатӣ бунёд гаштааст.

Дар сурат: сартарошони ояндаи кӯдакистони «Қуёшча».

Суратгир: Р. Галеев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: