ҚИССАИ МӮЗА

Ман дар кӯдакӣ ба падарам меҳри беандоза доштам. Ҳамроҳи ӯ хоб мекардам.

Нақлҳои аҷибро бори аввал аз падарам шунидаам. Зарби тасмаи чармин дар баданам низ бори аввал аз дасти падарам нақш гузошта буд. Бо вуҷуди ин, падарамро хеле дӯст медоштам. 

Як хусусияти аҷиб дошт. Гармиро чунон мепарастид, ки ҳатто ҳангоми баҳору тобистон ҳам боре «ҳаво гарм шуд, ё гарм шудам» гуфтани ӯро нашунидаем. Дар зимистон бошад, аз назди бухорӣ дур нарафта, хотираҳои аҷибро нақл мекард.

– Чаро ин қадар гармиро мепарастед, – рӯзе пурсидам аз падарам.

– Бачем, – гуфт, – ман аз ҷавонӣ гармипарастам. Болои ин даврони шӯравӣ дар мактабҳои дурдасти кӯҳистон муаллимӣ кардам. Зимистони он солҳо сахт буд. Хуллас, бо айби худам ё дигарон зимистони қаҳратуни соли 1969-ро бо як пойафзоли латтагин гузаронидам. Аз хона то мактаб дарунаш пури об мешуд. Муаллимон пойафзорҳои кӯҳнаашонро медоданд. Кӯҳна кӯҳна-дия, аз онҳо низ нам мегузашт. Ҳамон сол пойҳоямро сармо зад. То ҳол азобам медиҳад.

– Акнун гӯш кун, – нақлашро давом дод падарам дар хобгоҳаш алави бухориро бод дода. – Ман то дами вопасин ин воқеаро фаромӯш карда наметавонам. Онро то имрӯз ба касе нақл ҳам накардаам. Ба ту мегӯям, то ки ба дилам монда наравад.

Соли 1965 дар Мачай муаллим будам. Он сол дар Мачайи Боло барфи баланд борид. Баъди анҷоми дарс чанд нафар хонандагони синфҳои болоӣ (дар байни онҳо писари яккаю ягонаи директори мактабамон ҳам буд) ба кадом теппаи баланд баромада яхмолакбозӣ мекунанд. Чӣ мешаваду писари директор ҳангоми яхмолак бо шаст ба харсанги калоне омада зада, аз сараш ҷароҳат гирифта, баъди як-ду соат вафот мекунад.

Директори мактаб қариб даҳ-понздаҳ рӯз ба худаш наомад. Баъди як моҳ ба мактаб баргашт. Ӯ лоғару абгор шуда буд. Баъди соати дуюми дарс дар дасташ мӯзаеро бардошта ба синфи ман даромад. Ҳеч чизро намефаҳмидам. Ӯ дар ҳаяҷон буд, дастонаш меларзиданд, дар рухсораҳояш донаҳои ашк падидор буд. Вай чун одаме, ки ғарқ мегардаду аз хас ҳам имдод металабад, дар рӯ ба рӯям рост меистод. Канда-канда ба гап даромад:

– Ҳангоми таътили зимистона ту дар деҳа будӣ, Мирзо, – гӯё аз чизе хавотир бошад сараш ҳам ба худаш итоат намекарду меларзид, гап сар кард директор. – Ман мӯзаҳои бо қарори ҳукумат ба шумоён додашударо ба муаллимон тақсим кардам... Ин ҳангом тану баданаш ҳам ба ларзиш даромада буд. Гӯё, ки худ ба худ гап мезад...

– Ин мӯзаи ту буд, – чашмонаш ба дигар тараф бошад ҳам, мӯзаро ба ман дароз кард... – Писари марҳумам пӯшида гирифту аз пояш набаровард. Азбаски ӯ фарзанди ягонаи ман буд, ман ҳам чизе нагуфтам. Бин, ин мӯза ба ӯ насиб накард. Бо вуҷуди сардиҳои зимистон ту аз ман мӯзаро напурсидӣ.., – инҳоро гуфта истода якбора беҳуш гашта афтиданӣ шуд, ки базӯр доштамаш. Ӯро рӯ – боло оҳиста ба замин гузошта, хонандаҳоро аз синф бароварда, ҷамоаро хабардор кардам. То омадани муаллимон ӯ мӯзаи чармин дар даст ҷон таслим карда буд...

Ин ҳангом дар чашмони падарам низ ашк ҳалқа зад ва мӯзаи чанд сол пеш овардаамро, ки кӯҳна шуда буд, оҳиста гирифта дуртар аз гармии бухорӣ гузошт...

ДУРӮҒИ НАХУСТИН

Лаҳзаҳое буд, ки дурӯғ гуфтам. Бо дурӯғ модарамро бовар кунонида тавонистам. Вақте ки аз деҳа ба шаҳр омадам, ба як олами дигар ворид гаштам. Баъди як соли кор, маро ба хидмати ҳарбӣ даъват намуданд.

Он солҳо падарам барои сохтани бинои нав пардохта буд. Азбаски зиндагии оилаамон вазнин буду падарам ба як музди ночизи муаллимӣ ҳашт нафари моро хӯронда мепӯшонид, баъди хидмати ҳарбӣ низ рост ба шаҳр омадам.

Бо як шиму пойафзори ҳарбӣ дар коргоҳи истеҳсолии бетону оҳан ба кор даромадам. Хонаву дар надоштам. Баъди даҳ рӯзи корӣ дар қатори дигар коргарон ба ман низ маоши даҳрӯзаамро доданд.

Рӯзи истироҳат ба аёдати модарам аз шаҳр ба деҳа омадам. Баъди ду рӯз боз роҳи шаҳрро пеш гирифт. Очаам ду нони калони хонагиро ба борхалтаам андохта, роҳи сафед талабид. Гуфт, ки ба ту азоб: дар куҷоӣ, ҷойи хоб дорӣ? Аз гӯшаки рӯмолаш ду сесӯмаро гирифта, ба ман дароз кард. Не, гуфтам ва аз маоши даҳрӯзаам як қабза бароварда ба модарам додам.

Гуфтам:

– Коргоҳ ба ман ҳуҷра дод, баъди даҳ рӯз камтар пул ҳам ёрдам кард. Ҳатто пӯшоки корӣ низ дод.

Модарам хурсанд шуд. Аз чашмонаш ашк таровид...

Ин аввалин маоши ман буд, ки ба модарам бахшидам ва аввалин дурӯғам буд, ки ба ӯ гуфтам. Азбаски ҳоло соҳиби ин чизҳо набудам, модарам дурӯғи маро ба ҷойи рост қабул карда, онҳоеро, ки ҳоло ба ман дасти мадад дароз накарда буданд, дуо кард...

Искандар Мирзо.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: