Боиси хурсандист, ки алоқаҳои дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон торафт мустаҳкамтар мегардад. Хусусан ин робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ бештар ба чашм мерасад.
9 октябри соли ҷорӣ дар Бухоро дар доираи ташрифи намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри бостонӣ бо сардор Садорати сайёҳии вилояти Бухоро Сӯҳробҷон Бобокалонов вохӯрӣ ба амал омад. Аввал вобаста ба иқтидори сайёҳии ду ҷумҳурии бародар тақдимот сурат гирифт. Сипас, масъалаҳои хатти сайёҳии сайёҳони Тоҷикистон, истифодаи самаранок аз имкониятҳои масҷуда, бо назардошти шавқи ташрифоварандагон таҳия намудани равияҳои сайёҳӣ (турпакетҳо), инчунин дарозтар намудани муддати будубоши сайёҳон мавриди муҳокима қарор ёфт. Ҳамин тариқ, дар давоми мулоқот бо мақсади васеътар гардондани ҳамкориҳои тарафайн ва фаъолтар намудани ҷойивазкунии сайёҳон вохӯрии В2В ба амал омад. Дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳии босалоҳияти вилоят иштирок намуда, байни ҳамдигар ҳуҷҷатҳои манфиатнок таҳия карданд.
Дар хотима тарафҳо бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, бобати амалӣ гардондани лоиҳаҳои муштарак ва афзунсозии сифати хидматрасониҳо созии расиданд.
Бояд таъкид намуд, ки ин гуна вохӯриҳо ба равуои самараноки сайёҳон такон бахшида, боиси мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстӣ мегардад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.