Ҳафтаи байналмилалии ғояҳои инноватсионӣ баргузор гардид

9-11 октябри соли равон дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳти шиори «Ғояҳои бидуни марз» Ҳафтаи VIII-уми байналмилалии ғояҳои инноватсионии «InnoWeek-2025» баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бар асоси фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои такомули системаи татбиқи амалии ғояҳо, технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ» роҳандозӣ шуд.

Имсол ширкатҳои бузурги маҳаллӣ ва байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тадқиқотӣ, хазинаҳои сармояи венчурӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва намояндагони пойгоҳи додаҳои байналмилалӣ ҷалб карда шуданд. Зиёда аз 130 намоянда ва сафирони қариб 30 кишвар ҳузур доштанд. Иштироки раиси Шӯрои байналмилалии илм, Питер Глюкман, вазири маориф, илм ва ҷавонони Гурҷистон, Гиви Миканадзе, муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури илм, фанноварӣ ва иқтисодӣ бар пояи дониш Тураҷ Амроӣ ва ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон Моримото Шигео нуфузи онро афзун намуд.

Намоишгоҳ тақрибан 400 лоиҳа ва коркардҳои инноватсиониро ба намоиш гузошт. Хусусан иштироки ширкатҳои инноватсионӣ ва марказҳои технологии Чин, Корея, Ҷопон, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Олмон, Маҷористон ва Қазоқистон, ки маҳсулот ва технологияҳои муосири худро ба намоиш гузоштанд, қобили таваҷҷӯҳ гардид. Инчунин дар мавзӯъҳои «Зан дар илм ва тиҷорат: дастовардҳо ва мушкилот» ва «Занони созанда: роҳи ғояҳо, ихтироъҳо ва муваффақият» форуму семинарҳои густурда баргузор шуданд.

Мавзӯъҳо, аз қабили рушди устувор, энергияи сабз, системаҳои интеллектуалии шаҳр, биотехнология, зеҳни сунъӣ ва рақамисозӣ фарогирии васеъ гирифтанд.

Дар ин барнома муаррифии коршиносон, таҳлили шохиси ҷаҳонии инноватсия ва баҳсҳо дар бораи тиҷоратикунонии таҳқиқот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, маркетинг ва пешбурди инноватсия иборат буд.

Зимни таҳлили дастовардҳои Ӯзбекистон дар намоишгоҳ қайд гардид, ки сол аз сол мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад ва он бечуну чаро натиҷаи тадбирҳо дар соҳаи илму навоварӣ мебошад.

Инчунин дар чаҳорчӯби он Форуми IV илмии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ ва хусусӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва ҷомеаи илмӣ — профессорону омӯзгорон, тадқиқотчиён, олимони ҷавон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Дар шароити дигаргуниҳои иқтисодии ҷаҳон яке аз вазифаҳои асосӣ ба бозор баровардани маҳсулот ва хидматҳои инноватсионӣ, расонидани ихтироот ва коркардҳои нав ба истеъмолкунандагон мебошад. Дар мавзӯи «Маркетинг дар инноватсия» барои кӯмак ба академикҳо, стартапҳо, олимони ҷавон ва ихтироъкорон дар тиҷоратикунонии маҳсулоти инноватсионӣ, пешбурди лоиҳаҳои стартап дар байни истеъмолкунандагон ва таҳияи стратегияҳои маркетинг барои бозорҳои байналмилалӣ конфронс ташкил карда шуд. Дар он коршиносони ботаҷриба аз Ассотсиатсияи маркетинги Ӯзбекистон ширкат карданд. Дар ҷаласаи панелӣ омилҳои калидӣ, ки ба таблиғи муассири маҳсулот ва бунёди бренд таъсир мерасонанд, такмил ва дастгирии раванди ба бозор баровардани маҳсулоти инноватсионӣ ва омӯхтани имкониятҳои нав дар маркетинг баррасӣ гардиданд.

Яке аз рӯйдодҳои асосии ҳафтаро Конфронси байналмилалӣ оид ба иртибототи илмӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар ин чорабинӣ коршиносони варзида, олимон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои баррасии нақши ҳалкунандаи муколамаи илмӣ дар ташаккули экосистемаи инноватсионии илмӣ асосёфта ҷамъ омаданд.

Ба таъкиди коршиносон рушди иртибототи илмӣ ҷузъи ҷудонашавандаи рушди устувори инноватсионист ва дар заминаи рушди низоми иртибототи илмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, дастрасӣ ва шаффофияти иттилооти илмӣ сурат мегирад, дар бораи афзоиши босуръати иқтидори илмию технологии минтақа табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

Боз ҷои тазаккур низ ҳаст, ки дар асри 21 стартапҳо ба муҳаррикҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва сарчашмаҳои асосии технологияҳои нав ва моделҳои бизнес табдил меёбанд. Рушди бомуваффақияти онҳо бе ҳамкории қавии маориф, илм, тиҷорат ва бахши давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ташаббусҳои соҳибкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба барои стартапҳо муҳим мебошад. Дар ҳафта ҷаласаи «Рушди экосистемаи дастгирии стартапҳо: мушкилот ва имкониятҳо» ва Форуми фондҳои венчурӣ баргузор гардид. Интизор меравад, ки ҳарду чорабинӣ ба рушди экосистемаи миллии стартапҳо, ҳамгироии ғояҳои пешқадам ба иқтисодиёт, ташаккули фарҳанги соҳибкорӣ ва дастгирии стартапҳо дар ҳама марҳилаҳо – аз консепсия то ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар давоми ҳафта намоиши электромобилҳои тавлиди Чин, намудҳои гуногуни навовариҳои фаннӣ, роҳандозии тақрибан даҳ мизи мудаввар, мубоҳисаҳо ва ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзӯъҳои асосӣ: таҳкими ҳамгироии илму истеҳсолот, рушди устувори минтақаҳои инноватсионӣ, рушди паркҳои технологӣ ва ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ чорабиниро боз бештар шукӯҳ бахшид.

Назокат АБДУҚУНДУЗОВА,

котиби матбуоти Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: