11-уми октябри соли ҷорӣ дар мактаби рақами 19-уми деҳаи Навдаки ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд бо ибтикори Бунёди фарҳангии тоҷикони Тошканд «Ориёно» ва дастгирии мудирияти мактаб ҷашни фархундаи Меҳргон баргузор шуд.
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад...
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Меҳргон. Ҷашни бостонӣ ва миллии мардуми эронӣ, ки дар дили ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд карда, бо таровату шукӯҳи хоси худ то замони мо расидааст.
Ҷашни посдошти меҳру муҳаббат, Эзади нуру равшаноӣ, нигаҳбону муаррифи неъматҳои заминӣ, ки решаҳои амиқ дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дорад ва таҷлили он дар замонҳои дури таърихӣ, чунончи, дар аҳди Ҳахоманишҳо, Зартуштиён, Сосониён, Сомониён доир гардида, дар асри мо низ бо шавкату ҳашамати хос баргузор мешавад.
11-уми октябри соли ҷорӣ мактаби рақами 19-уми ноҳияи Паркент, ки дар деҳаи Навдак воқеъ аст ва 1016 нафар донишомӯзу 80 нафар омӯзгорро дар оғӯш мегирад, симою намои идона дошт. Роҳраву ҳавлии ин дабиристон, ки дар миёни дарахтони болобаланду гулзори ботароват ҳавою насими дилпазиреро ба машом мезад, бо овезаҳои идона, суфраҳои меҳргонӣ ва гурӯҳ-гурӯҳ донишомӯзону омӯзгороне, ки либоси тару тоза ба бар карда, шоду масрур гирди ҳам меомаданд, ба дилҳо сурур мебахшид. Ба ҳар ҷо нигоҳ меафтод, рамзе, нишонае аз ҷамоли тирамоҳи зарин ва бузургдошти ҷашни мардумӣ – Меҳргон дида мешуд.
Дар он рӯзи нек бо ибтикори Бунёди фарҳангии тоҷикони Тошканд «Ориёно» ва дастгирии мудирияти мактаби 19 ҷашни фархундаи Меҳргон баргузор шуд. Ҷамоаи мактабро дар ин ид меҳмонони олиқадр аз идораи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Правда востока», «Ташкентская правда», шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва вилояти Тошканд, аз ҷумла, Абдулло Субҳон, Тоҷибой Икром, Юнуси Имомназар, Шарофат Ҷӯразода, Моҳларойим Қурбонова, Сергей Мутин, Рашид Галеев ҳамроҳӣ намуданд.
Оғӯши боз, дили гарми тоҷикона ва дасткушодии ин миллати куҳантаърих дар ҳама давру замон меҳмонҳояшро ба ваҷд овардааст. Ба вижа, дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, ки аз ҳар ҷиҳат моҳияти ягона ва иртиботи тавъами таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, ин хислати хуби халқи тоҷик равшан ба назар мерасад. Бо баргузории ҷашни Меҳргон мудири мактаб Фатҳулло Камолов, омӯзгорони ботаҷриба Зумрад Ҳасанова, Моҳрухсор Солиева, Рисқинисо Икромова, Наврӯза Тӯева ва шогирдони онҳо боз як бори дигар расму оини миллӣ ва олиҳимматии волои мардумии моро намоиш доданд. Дар зери оҳангҳои дилрабои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурудҳо доир ба меҳру навозиш, дӯстию рафоқат, ишқи ватан садо дод, рақсу бозиҳои ҷолиб ба намоиш гузошта шуд. Тайи суханрониҳо иброз гардид, ки барои таъйин намудани рӯзи Меҳргон аксари пажӯҳишгарон асосан ба гуфтаҳои Абӯрайҳон Берунӣ такя намудаанд ва тибқи навиштаи ин донишманд ҷашни Меҳргон 16-уми меҳр (7-8 октябр) ва Меҳргони бузург, ки «Ромрӯз» номида мешудааст, 21 меҳр (баробар бо 12-13 октябр) доир мегардад. Хабарномаҳои бостонӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён – Фаридун нисбат медиҳанд. Дар ин рӯз шоҳ Фаридун бо ёрии Коваи оҳангар Заҳҳоки бедодгар ва хунхорро шикаст дода, ӯро дар кӯҳи Дамованд зиндонӣ мекунад. Одамон ба ҳамдигар мактуб навишта, якдигарро табрик мекунанд, ба ҳамдигар туҳфаҳо медиҳанд. Ва ин рӯзи некро, ки меҳру дод бар ҷаҳлу ситам, нуру рӯшанӣ бар зулмату торикӣ пирӯз меояд, Меҳргон мехонанд. Панҷ рӯзи аввал ҳамчун ҷашни мардумӣ таҷлил мешавад, ки онро Меҳргони омма ё хурд меномиданд. Аз рӯзи шашум ҷашни расмӣ сар шуда, подшоҳ ва дарбориён шодмонӣ мекарданд.
Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оғози ҷашни Меҳргонро ба нахустин рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мутобиқ медонад:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми Каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ...
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!
Таҷлили Меҳргон ба Наврӯз шабоҳат дорад. Мардум хонаву дарҳои худро тоза карда, либосҳои беҳтарини худро ба бар мекунанд, худро оро дода, ба ҷашнгоҳ мераванд. Саҳни оростаи мактаб гузашта аз ин зебоӣ, фаровонии неъматҳои худододи заминро низ рӯнамоӣ мекард. Суфраҳои густурдаи мактабиён бо анвоъу ақсоми ҳосилоти деҳқонӣ пур буд – сабадҳои анор, ангур, себ, хӯшаҳои гандум, каду, тарбуз, харбуза, лаълиҳои бодому пиставу шӯрдонак ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷумлаи фаровардаҳои Бобои Деҳқонанд. Дар воқеъ, Бобои Деҳқон ба унвони рамзи Одамато дар замин аст, ки ҳамчун ҳомӣ ва нигаҳбони тамоми кишоварзон шинохта шудааст. Ӯ қуту ғизову ризқу рӯзии инсонҳоро фароҳам меоварад.
Ризқу рӯзӣ ба он чизҳое гуфта мешавад, ки мояи давоми ҳаёти зиндаҳо бошад. Розиқи мо Худованд аст ва бандагон бо камоли эътиқод ба Рӯзирасони худ, пайваста аз пайи фароҳам овардани ширинтарину бомазатарин маводи хӯрданӣ ҳастанд. Ин талошҳои одамон маҳз дар ҷашни Меҳргон ба нуқтаи олии худ мерасад. Донишомӯзони синфҳои болоии мактаб бо пухтани хӯрокҳои миллии палав ва барак ва низ омода кардани пасғизову шириниҳои худ меҳмононашонро лол карданд. Баргузории мусобиқаи «Ошпазони моҳир» ба ҷашни Меҳргон ҷалолу фараҳи бештар ато кард. Дар ин сабқат дастпухтҳои бомазаи донишомӯзони синфҳои 11 беҳтарин дониста шуд.
Суханронӣ ва шеърхониҳои меҳмонон, аз ҷумла, баромади устодон Абдулло Субҳон, Тоҷибой Икром, Шарофат Ҷӯразода, Юнуси Имомназар ва ҳамчунин донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тошканд Саъбагул Тӯева перомуни ҷашни Меҳргон ва таъриху собиқаи пурмуҳтавои он бисёр ҷолибу диққатангез буд. Алалхусус, аҳли мактаб ва меҳмонон шеърхонии донишҷӯйи ширинсухан Саъбагул Тӯеваро бо ҷонибдории гарм пазируфтанд. Ӯ шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳобро бо маҳорат ва забони шево ба самъи ҳозирин расонид:
Аз сабо пайғоми ҷон ояд ҳаме,
Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме.
Бо ҳазорон каф Фаридуни чанор
Зарфишон дар бӯстон ояд ҳаме.
Бод бол аз барги гул бикшодааст,
Чун ҳумои парфишон ояд ҳаме...
Ҳар ки меҳре парварад, дар Меҳргон
Сӯйи шоҳи Мулиён ояд ҳаме.
Аз қавли Салмони Форс Абӯрайҳон Берунӣ овардааст, ки: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар». Бешак, Меҳргон ҳам ба монанди Наврӯз иди дӯстдоштанӣ аст ва он ҳам дар замони эътидоли рӯзу шаб, ки ин эътидоли тирамоҳӣ бошад, оғоз мешавад ва то як моҳ идома меёбад.
Юнуси Имомназар,
адиб.
Вилояти ТОШКАНД.
Аксбардор: Р. ГАЛЕЕВ.