Боғчаи замонавӣ дар Деҳча

Имрӯз дар ноҳияи Бухоро 135-то боғча (34 давлатӣ, 3 нодавлатӣ, 20 шарикии давлатию хусусӣ, 78 оилавӣ) фаъолият дорад. Дар онҳо аз 13446 нафар бачагони синнашон 3-7-сола беш аз 10 ҳазор нафарашон ҷалб шудаанд. Ин ба 81,8 фоиз баробар аст.

Ба муассисаи таълими томактабӣ ҷалб намудани наврасони синни томактабӣ имконият медиҳад, ки бачагон бо таҳкурсии мустаҳками азхудкунии донишҳои марҳилаи навбатии таълим ба мактаб қадам гузоранд. Бо ташаббуси Сарвари давлат дар мамлакатамон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалбшавии наврасон сол то сол беҳтар мегардад.

Имрӯз дар ноҳияи Бухоро 135-то боғча (34 давлатӣ, 3 нодавлатӣ, 20 шарикии давлатию хусусӣ, 78 оилавӣ) фаъолият дорад. Дар онҳо аз 13446 нафар бачагони синнашон 3-7-сола беш аз 10 ҳазор нафарашон ҷалб шудаанд. Ин ба 81,8 фоиз баробар аст.

Боғчаи давлатии рақами 39-уми ҷамоати шаҳрвандони «Деҳча»-и ноҳияи Бухоро соли 1976 сохта шуда, дар давоми солҳо таъмири ҷиддиро талаб мекард. Ниҳоят соли ҷорӣ аз ҳисоби сармоя бинои нави дуошёнаи замонавӣ қад боло кард. Онро сохтмончиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Xondamir qurilish gold» бунёд намуданд. Барои бинои мазкур, ки 120 нафар наврасонро фаро гирифта метавонад, 3 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ харҷ гардид.

Маросими тантанавии ба истифода супоридашавии бино ба амал омад. Дар он ҳокими ноҳия Анварҷон Очилов, фаъолони маҳалла, падару модарон, мутасаддиёни соҳа, намояндагони ташкилоти сохтмон иштирок карданд. Ҳокими ноҳия ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи ғамхориҳои давлат нисбати наврасон таваққуф намуда, аҳли маҳалларо бо рӯи об баромадани орзуи деринаашон муборакбод карданд.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: