Пиронсолон файзи хонадонанд. Дар маҳалла низ мавқеи муносиб доранд. Ҳар як ҷамъомад ё чорабинӣ бо иштироки онҳо мазмун ва муҳтавои дигар пайдо менамояд. Ҳар ҳарфи собиқадоре, ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ дорад, сабақе аз зиндагист.
Давлат низ нисбати мӯйсафедон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Баланд бардоштани қадри инсон, боз ҳам беҳтар намудани тарзи зисту зиндагонии солхӯрдагон, муттасил дастгирӣ ва рағбатнок сохтани онҳо дар маркази ислоҳоте қарор дорад, ки дар мамлакатамон татбиқ карда мешавад.
Таҳти ташаббуси роҳбари давлати мо аз 26 ноябри соли 2024 барномаи «Аз камбағалӣ ба сӯи фаровонӣ» қабул гардид, ки мувофиқи он солхӯрдагоне, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, рағбатонида мешаванд.
Мувофиқи қарор аз ҳар як маҳалла се нафар мӯйсафедоне, ки нисбатан фаъолтаранд, интихоб карда мешаванд. Дар интихоб кардани муносибтаринҳо Бунёди «Нуроний»-и назди Вазорати шуғл ва коҳишдиҳии камбизоатӣ, ҳамчунин фаъолони Иттиҳодияи маҳаллаҳо аз наздик ёрӣ мерасонанд. Интихобшудагон ба муддати шаш моҳ ба панҷ оилаи камтаъмини маҳалла вобаста карда мешаванд. Сенафараҳо таҳти кумаки «ҳафтгонаи маҳалла» ба кори аз ночорӣ баровардани оилаҳои ниёзманд, истифодаи самаранок аз қитъаҳои наздиҳавлӣ, даъват намудани оилаҳо ба аҳливу ҳамҷиҳатӣ, мустаҳкамсозии риштаҳои хешутабориву ҳамсоягарӣ, тарғиби тарзи солими зиндагӣ ва ташаккули муҳити иҷтимоию маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар мустақилона ба роҳ гузоштани фаъолияти анъанаи устоду шогирд низ мӯйсафедон сару бар мебошанд. Сенафарае, ки интихоб шуда ва дар иҷрои вазифаҳои наздашон гузошта собитқадаманд, ҳар моҳ ба миқдори 50 фоизи ҳадди ақалли меҳнат рағбатнок гардонда мешаванд.
Яке аз вазифаи муҳим дар ин самт тарғиби пиёдагардист. Дар маҳаллаҳо «роҳравҳои саломатӣ» ташкил карда мешаванд. Сенафараҳо хусусан ба ҳамсолони худ мефаҳмонанд, ки роҳгардӣ ё худ ҳаракат дар давраи пирӣ барои саломатӣ боз ҳам муҳимтар.
Дар ҷойҳо таҳти сарварии «мушовири пиронсолон», ки дар назди идораи маҳаллаҳо созмон ёфтааст, бо иштироки солхӯрдагону миёнсолон марафони «Барои саломатӣ панҷ ҳазор қадам» муташаккилона гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои варзишие, ки ба синну солашон мувофиқ аст, дар байни солхӯрдагон ташкил карда мешавад. Дар баробари ҳамин сенафараҳо дар тарғиби тозагӣ ва озодагӣ, риоя ба ҳолатҳои меъёрии санитарӣ, тарк намудани одатҳои зарарнок масъул мегарданд.
Мувофиқи қароре, ки зикр кардем, танҳо барои ба варзиш ҷалб намудани солхӯрдагон аз ҳисоби бунёди «Нуроний» ба ҳар маҳалла соле 10 миллион сӯмӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар параметри буҷаи давлатӣ барои ин барои соли 2025 504 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Нуктаҳои қарори роҳбари давлати мо «Дар бораи чораҳои иловагӣ доири дастгирии ҳарҷонибаи солхӯрдагон ва беҳтар намудани дараҷаи зиндагии онҳо» низ татбиқи амалии худ меёбанд. Дар ҳуҷҷат қайд гардида, ки дар ҷое пирон ҳастанд, он ҷо баракот ва хотирҷамъӣ пойдор аст. Эътибор ва ғамхорӣ нисбати мӯйсафедон бошад, аз арзишҳои азалии халқи мо ба шумор меравад. Шароитҳое, ки барои насли калонсол, хусусан пиронсолон дар мамлакатамон офарида шудаанд, ба торафт беҳгардии шароити зиндагӣ мусоидат сохта, арзи эҳтиром ва эъзоз сохтани собиқадорон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Чорабиниҳои «Вохӯрии се авлод» ва «Эҳтиром ба солхӯрдагон» дар ҷойҳо мутантан сурат мегиранд. Хусусан «Вохӯрии се авлод», ки ба анъана табдил ёфтааст, таърих, имрӯз ва ояндаро чун ришта ба ҳам мепайвандад.
Ин гуна гирдиҳамоиҳои маънавӣ-маърифатӣ хусусан ҷиҳати маънан баркамолгардии насли наврас, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи инсондӯстию ватанпарварӣ, аз наздик ошно гардондани онҳо ба мактаби ҳаёт нақши муҳим мебозанд.
14 июли соли 2017 мувофиқи қарори Президент барои онҳое, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият ҳалол ва самаранок меҳнат карда, дар тарбияи авлоди ҷавон ҳанӯз фаъоланд, нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» таъсис ёфта буд. Маросими супурда шудани чунин нишон ба собиқадорони сазовор ҳамасолона фаромӯшнопазир сурат мегирад. Дар тантанаҳо пиронсолон шукри замон ва амну амонӣ мекунанд, талқин месозанд бояд ба қадри ин даму нафасҳои осуда бирасем, барои пойдории сулҳ қадри тавон ҳисса гузорем.
Мувофиқи маълумотҳо танҳо дар вилояти Фарғона 430 нафар собиқадорони меҳнат ҳастанд. Ба наздикӣ ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Аҳмедов ба 82 нафари онҳо нишони сарисинагии дараҷаҳои I, II ва III-ро супурд. Яке аз мукофотонидашудагон М. Хурбоев гуфт барои ҳамааш ба Президентамон миннатдорӣ изҳор мекунем ва қавл медиҳем кулли дониш, таҷриба ва қувваамонро дар роҳи равнақи Ватан сарф намоем.
Озмун-азназаргузарониҳои «Як нуронӣ ба даҳ ҷавон масъул» низ ҷавонону пиронро муттаҳидтар месозад. Ҷавононе, ки панду фармудаҳои пиронро сармашқи кори худ қарор медиҳанд, ҳеч гоҳ кам намешаванд. Аз диёре, ки пиронаш мавриди эътибору эҳтироманд, файзу барака ҷудо намешавад.
Ба наздикӣ мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ таҳти лоиҳаи «Макони сабз» сар мешавад. Ба ин маъракаи ба анъанаи хуб табдилёфта низ пиронсолон оғоз мебахшанд.
М.ШОДИЕВ.