Дар доираи сафари ҳайати намояндагии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Сарвазир, раиси Кумитаи оила ва занон Зулайхо Маҳкамова дар Сафорати кишварамон дар Пекин форуми занони соҳибкори Ӯзбекистон ва Чин баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Ассотсиатсияи занони соҳибкори Чин, Палатаи савдо ва саноат, занони соҳибкори чинӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Дар ҷараёни форум таъкид шуд, ки дар солҳои охир давлати мо ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон аҳамияти хоса медиҳад.
Қайд гардид, ки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ҳадафҳои мушаххасро барои таҳкими низоми дастгирии ҳамаҷонибаи занон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, аз ҷумла баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии занон пешбинӣ мекунад.
Зикр шуд, ки барои занони соҳибкор дар кишвари мо имкониятҳо ва шароити нав дар соҳаҳои гирифтани қарз ва субсидияҳо, дастрасӣ ба иҷозатномаҳо, амволи ғайриманқул ва захираҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба 45 дарсади субъектҳои соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон занон роҳбарӣ мекунанд.
Дар низоми хидматрасонӣ, Палатаи савдо ва саноат ва бахши занон низоми амудӣ (вертикалӣ) барои густариши имкониятҳои иқтисодии занон ва дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҷараёни муаррифӣ ба иштирокчиён маълумот дода шуд, ки саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон аз ҷониби муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтаанд.
Нишондиҳандаҳои Ӯзбекистон аз 20 рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ дар 10-тоаш беҳтар шудааст. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар индекси «Занон, тиҷорат ва қонун» кишвари мо 48 зина боло рафта, дар байни 190 давлат ҷойи 91-умро ишғол кардааст. Ин нишонаи равшани самаранокии ислоҳоти фарогири соҳаи баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон мебошад.
Ҳамчунин минбари муштараки ӯзбекӣ-чинии муколамаи интерактивӣ байни занон ташкил карда шуд. Дар рафти чорабинӣ як қатор занони соҳибкори чинӣ ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Директори генералии ширкати «Jiangsu Zhengqixin Trading» Ван Мэйян:
– Ман хеле шодам, ки дар форуми занони соҳибкори Ӯзбекистон ва Чин, ки дар сафорат баргузор шуд, иштирок доштам.
Ширкати мо бо Ӯзбекистон ҳамкориҳои зич дорад. Ба шарофати ин чорабинӣ мо дар бораи шароити барои занони соҳибкор дар кишвари шумо фароҳамшуда маълумоти муҳим гирифтем.
Майли занони соҳибкори чинӣ барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш дорад.
Боварӣ дорам, ки дар оянда ҳаҷми ҳамкориҳои судманди дуҷониба васеъ хоҳад шуд ва ба рушди ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари ширкати «Nankin Chenru Project Management» Тзю Сюанси:
– Чорабинии имрӯз баргузоршуда метавонад ҳамчун пули муколама ва ҳамкорӣ байни занони соҳибкори ӯзбеку чинӣ арзёбӣ шавад.
Ӯзбекистон имрӯз марҳалаи рушди босуръатро аз сар мегузаронад. Мероси бойи фарҳангӣ, муносибати боз ва потенсиали бузурги бозории он сармоягузорони чинро ҷалб мекунад.
Мо, занони соҳибкори чинӣ, самимона ва дилпурона кӯшиш мекунем ба Ӯзбекистон сармоягузорӣ намуда, тиҷорати худро рушд диҳем. Умед дорем, ки ба рушди иқтисодии Ӯзбекистон саҳм мегузорем ва уфуқҳои навро барои рушди байналмилалии тиҷорати худ мекушоем.
Мо омодаем, ки мавҷи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ӯзбекистон ва Чинро таҳким бахшем ва барои ҳар ду кишвар ояндаи равшани шукуфоиву пешрафтро ҳамроҳона фароҳам оварем.
АИ «Дунё»,
шаҳри Пекин.