Дар доираи форуми байналмилалии “Plus Forum” дар Душанбе намояндагони ширкати “OSON” бо роҳбарони соҳаҳои бонкдорӣ, финтех ва IT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрданд.
Дар мулоқот намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низ ширкат доштанд. Дар ҷараёни вохӯриҳо якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Ҳумо Бонк ва Васл Бонк, ба имзо расиданд.
Ширкати OSON, ки дар панҷ кишвар фаъолият мекунад, дар Тоҷикистон низ системаи пардохтии “Easy Pay”-ро муаррифӣ намуд. Бояд гуфт, ки ин система аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори пардохтро гирифтааст.
– Низоми мо аллакай ба беш аз ду миллион корбар хидмат мерасонад, – гуфт директори рушди OSON.com Файзулло Исҳоқов. – Корҳои ҳамгироӣ бо хидматҳои Тоҷикистон қариб анҷом ёфтанд. Пас аз оғози расмии барнома истифодабарандагон метавонанд беш аз 3000 хизматрасонӣ дар саросари ҷаҳонро пардохт кунанд.