17 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фаъолон ва собиқадорони иттифоқҳои касаба мулоқот баргузор намуд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ ба аъзои ҳаракати иттифоқҳои касаба эҳтироми самимона ва таманниёти неки худро иброз намуда, ба онҳо барои ворид кардани рӯҳияи корӣ ба ҳар як корхонаву ташкилот, рағбат ва адолат барои ҷамоаҳои корӣ изҳори миннатдорӣ кард.
– Мо имрӯз дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ҷониби ҳадафҳои бузург талош карда, қадамҳои устувор мегузорем. Дар шароити ҳозираи мураккаб, ки дар ҷаҳон нооромиҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ авҷ мегиранд, мо барои таҳкими сулҳ ва субот дар кишварамон ва боз ҳам беҳтар намудани рӯзгори мардуми сермиллатамон маҳкам камар бастаем. Дар ин раванд саҳми халқи меҳнатдӯст ва фарохдил, ҳар як ҳамватани мо беназир аст, – гуфт Президент.
Таъкид гардид, ки дар ҳашт соли охир ба иқтисодиёт 130 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, ҳазорҳо иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуданд, миллионҳо ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтанд. Барои бахши хусусӣ роҳи васеъ боз гардида, дар натиҷаи фароҳам гардидани шароити муносиби меҳнат ба шаҳрвандон, даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 3,5 ҳазор доллар расид.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, муҳофизати меҳнат ва таъмини бокафолати ҳимояи иҷтимоӣ заминаҳои қонунгузории устувор офарида шуд. Қабули Конститутсия дар таҳрири нав, Кодекси меҳнат, қонунҳо “Дар бораи таъмини шуғли аҳолӣ” ва “Дар бораи иттифоқҳои касаба” дар ин соҳа қадамҳои муҳим гардиданд.
Ӯзбекистон дар радифи давлатҳои фаъолтарине ҷой гирифт, ки стандартҳои Созмони байналмилалии меҳнатро қабул мекунад. Агар ҳашт сол муқаддам Ӯзбекистон танҳо 12 санади ин созмонро ратификатсия карда бошад, ҳоло ба 25 адад расидааст.
– Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ солҳо боз яке аз масъалаи дардноки мо ба шумор мерафт. Танҳо тавассути иродаи пурзӯр ва мавқеи қатъӣ, мо ин мушкилоти мураккабро ба таври мусбат ҳал кардем, – гуфт Президент.
Аз ҷониби Созмони байналмилалии меҳнат ба дигар давлатҳо ҳамчун намуна тавсия гардидани таҷрибаи пешқадами Ӯзбекистон ҷиҳати барҳам додани меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ низ аз ин гувоҳӣ медиҳад.
Мамлакати мо дар радифи давлатҳои камшумор дар ташаббуси “Офаридани ҷойҳои корӣ барои равандҳои гузариши одилона ва акселератори глобалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ-“и Созмони Милали Муттаҳид иштирок дорад, дар “Эътилофи глобалӣ оид ба адолати иҷтимоӣ” ширкат менамояд ва кишварамон соли гузашта ба узвияти Шӯрои маъмурии ин созмон интихоб шуд.
Таъкид гардид, ки дар ин натиҷаҳо иттифоқҳои касаба, ки беш аз 8 миллион аъзо доранд ва яке аз ташкилотҳои аз ҳама халқпарвару бузурги ғайридавлатӣ мебошанд, саҳми арзанда доранд.
– Мо дар Ӯзбекистон барои фаъолияти озод ва мустақили иттифоқҳои касаба ҳамаи шароитро фароҳам намудем ва ба ин тамоюлҳо ҳамеша содиқем. Минбаъд низ сиёсат оид ба таъмин кардани ҳуқуқи муттаҳид шудан ба иттифоқҳои касаба ва дахолат накардан ба фаъолияти онҳоро қатъӣ идома медиҳем, – гуфт Президент.
Ҷонбозии иттифоқҳои касаба дар роҳи ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар корхона ва ташкилотҳо махсус зикр гардид.
Дар солҳои охир ҳуқуқҳои қонунии қариб 500 ҳазор корманд ҳимоя гардида, ба фоидаи онҳо 267 миллиард сӯм ситонида шуд. Ба ҳазор корманде, ки ба туфайли ҳодисаҳои нохуш дар кор зарар дидаанд, 35 миллиард сӯм товонпулӣ пардохт шудааст. 13 ҳазор корманде, ки беасос аз кор барканор шудаанд, ба кор барқарор гардидаанд.
Нақш ва нуфузи иттифоқҳои касаба дар сатҳи байналмилалӣ низ меафзояд. Бо ташаббуси Федератсия, соли 2021 дар шаҳри Тошканд Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт. Соли 2023 дар шаҳри Самарқанд ба Созмони иттифоқҳои касабаи давлатҳои туркӣ асос гузошта шуд. Соли гузашта узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба гардидани Федератсия, рӯйдоди таърихие мебошад, ки нуфузи онро дар ҷаҳон ба марҳилаи нав мебардорад.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти иттифоқҳои касаба ва вазифаҳои оянда бобати беҳтар намудани муносибатҳои меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Пешниҳод гардид, ки аз соли оянда барои таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ оид ба миқдори ҳадди ақали музди меҳнат Комиссияи сеҷонибаи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ (Федератсияи иттифоқҳои касаба, Вазорати таъмини шуғл ва Конфедератсияи кордиҳандагон) ҷалб карда шавад. Ин барои ҳимояи боэътимоди манфиатҳои кормандон ҳангоми муайян кардани миқдори камтарини музди меҳнат тамоюли наве хоҳад буд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди рақамӣ, дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ шаклҳои нав, аз ҷумла шуғли фосилавӣ ва платформавӣ васеъ паҳн мешаванд. Имрӯз чунин намудҳои фаъолият ба як қисми рушди иқтисодӣ ва нафароне, ки дар онҳо фаъолият доранд, ба субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои меҳнатӣ табдил меёбанд.
Аз ин рӯ, зарурати таҳияи пешниҳодоти асоснок бо иттифоқҳои касаба оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандоне, ки дар платформаҳо фаъолият доранд, таъмини муҳофизати меҳнат, суғуртаи ҳаёт ва амнияти онҳо таъкид карда шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз барои ба як неруи пешбар табдил додани иттифоқҳои касаба ҷиҳати ташаккули табақаи фаъоли иҷтимоии зан ва духтарон тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Президенти мо даъват кард, ки барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои зан ва духтарон дар бозори меҳнат, кӯмак расонидан бобати дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҷомеа ва баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии онҳо тамоюлҳои нав роҳандозӣ шаванд.
Таъкид гардид, ки ҳар сол натиҷаҳои аудити гендерии дастаҳои меҳнатиро баррасӣ намудан ва якҷо бо корфармоён фароҳам овардани шароити беҳтари меҳнатӣ барои зану духтарон мувофиқи мақсад мебошад.
Зикр гашт, ки иттифоқҳои касаба бояд ҳамчун як ҳалқае, ки ба созиш мерасонанд ва ба муросо меоранд, дар ҳаллу фасли ихтилофҳо байни корманд ва корфармо то расидан ба суд нақши фаъол дошта бошанд.
Ҳамзамон, масъалаи айни замон вуҷуд надоштани низоми ягонаи маълумот дар бораи ҳодисаҳои нохуши вобаста бо кор ва бемориҳои касбӣ ба миён гузошта шуд.
Ба вазоратҳои масъул супориш дода шуд, ки якҷо бо иттифоқҳои касаба низоми ягонаи дарёфти маълумот дар бораи чунин ҳодисаҳои нохуш ва ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои касбиро ба роҳ монанд, инчунин, лоиҳаи қарорро доир ба пеш бурдани ҳисоботи чунин ҳодисаҳо, таҳлили сабабҳои онҳо ва таҳияи чораҳои муносибро пешниҳод намоянд.
Пешниҳод шуд, ки бо мақсади пешбурди ташаббусҳо ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои кормандон, ки дар соҳаҳо меҳнат мекунанд, низоми мунтазам баргузор намудани ҷамъомадҳои муштараки вазорат, идораҳо ва мақомоти колегиалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ роҳандозӣ шаванд.
Таъкид гардид, ки дар Барнома оид ба меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии меҳнат таҳия мешавад, ба масъалаҳои таъмини шуғли шоиста, ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, баробарии гендерӣ, ҷавонон ва фарогирӣ диққати махсус дода шавад.
Пурзӯр намудани кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бинобар сабабҳои гуногун бекор мондаанд, дар раванди меҳнат ба беморӣ ё маъюбӣ дучор шудаанд, низ вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.
Аз ин рӯ, зарурати суръат бахшидан ба қабули Қонун “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, ки мустақиман амал мекунад ва дар он бобати ташаккули фонди суғуртаи иҷтимоӣ дақиқ муайян кардани иштироки корманду корфарморо қайд кард.
Тадқиқотҳое, ки аз тарафи олимон, собиқадорон ва фаъолони соҳа гузаронида шуд, собит намуд, ки ба ҳаракати иттифоқҳои касаба дар мамлакати мо соли 1905 асос гузошта шудааст. Аз ин рӯ, имсол дар саросари кишвар 120-солагии ҳаракати иттифоқҳои касаба васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати ин сана, Президенти мо ҳамчун ифодаи эҳтиром ва арҷгузории амиқ ба мардуми меҳнатдӯстамон пешниҳод кард, ки дар ҳар як минтақа “Боғи иттифоқҳои касаба” таъсис дода шавад.
– Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки корҳои якҷоя оғозкардаи мо барои ҳар як дастаи меҳнатӣ, ҳар як корманд ва оилаи онҳо манфиатовар мебошанд. Минбаъд низ ғояи накӯи “Барои қадри инсон” чун яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав хоҳад монд, – гуфт роҳбари давлат.
Сарвари давлат дар анҷоми суханронӣ намояндагони соҳаро бо ҷашни 120-солагии таъсиси Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки дар пеш аст, табрик гуфт.
Дар мулоқот бо фаъолони иттифоқҳои касаба сӯҳбат карда, пешниҳоду ташаббусҳои онҳо шунида шуд.