Пас аз истиқлолият дар кишварамон қариб дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз ояндаи дурахшон мужда мерасонанд. Ин раванд, бахусус дар соҳаи таълим боз ҳам бештар ба мушоҳида мерасад.
Натиҷаи ҳамин гуна навгониҳост, ки имрӯзҳо соҳаи таълимро бе интегратсияи фанҳо тасаввур кардан мумкин нест. Дар низоми таълим амалӣ гардондани интегратсияи фанҳо яке аз вазифаҳои муҳим ва саривақтии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пеш аз он ки дар бораи интегратсияи байнифаннӣ андеша намоем, зарур аст, ки мафҳуми «интегратсия» ва роҳҳои татбиқи онро равшан созем.
Интегратсия (аз лотинӣ integratio – барқарорсозӣ, пурракунӣ; integer – комил) – наздикшавӣ ва робитаи мутақобилаи фанҳо дар ҷараёни дифференсиатсия ба ҳисоб меравад. Ин раванд марҳилаи ташаккули робитаҳои нав ва босифат миёни фанҳои таълимӣ мебошад. Ба ифодаи дигар, таъмин намудани алоқаи байни фанҳо аст, ки самараи нек медиҳад. Дар натиҷаи интегратсия фанҳо якдигарро ғанӣ мегардонанд, тавсеа медиҳанд ва дар ҳамоҳангӣ амал менамоянд. Ин, дар навбати худ, имконият фароҳам меорад, ки мӯҳтавои таълим дар шакли ягона ва фаҳмо пешниҳод гардад.
Интегратсияи байнифаннӣ имрӯз яке аз самтҳои асосии равишҳои инноватсионии низоми таълим ба шумор меравад. Он ҷараёнҳои таълимро яклухт, пурмазмун ва ҷолиб мегардонад. Аҳамияти он дар таълими муосир на танҳо дар омӯзиши донишҷӯён, балки дар ташаккули қобилияти онҳо барои алоқаманд кардани фанҳои гуногун зоҳир мегардад. Ин раванд ба ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуда, шавқу ҳаваси онҳоро ба азхудкунии донишҳои нав меафзояд.
Бояд гуфт, ки то солҳои наздик ба ин масъала сатҳӣ назар карда мешуд. Аз ин рӯст, ки имрӯзҳо қариб дар тамоми донишкадаву донишгоҳҳои кишварамон ин ҷараён ба таври ҷиддӣ қабул карда шуда, мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Афзоиши шумораи фанҳои таълимӣ на ҳамеша боиси баланд гардидани сифат мегардад. Технологияҳои муосир нафақат зиёд кардани миқдор, балки беҳбудии сифати таълимро талаб мекунанд. Интегратсияи фанҳо роҳи беҳтарини иҷрои ҳамин талабот аст. Он самаранокии таълимро меафзояд ва дар донишҷӯён қобилияти эҷодиро рушд медиҳад.
Дар Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ интегратсияи байнифаннӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим фаъолона амалӣ карда мешавад. Ин раванд дар ҳамаи самтҳои таълим дар асоси кластерҳои педагогӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ғанӣ гардондани мӯҳтавои таълим ва ба даст овардани донишҳои мукаммал мусоидат менамояд.
Дар асоси интегратсияи фанҳо ба раванди таълим усулҳои муосири педагогӣ ворид гардидаанд, ки ба донишҷӯён имконият медиҳанд фанҳоро дар шакли ягона азхуд намоянд. Ин равиш шавқи донишҷӯёнро ба фан меафзояд ва тафаккури таҳлилиро дар онҳо ташаккул медиҳад. Дар доираи кластерҳои педагогӣ донишҳои назариявӣ бо амалия ҳамоҳанг карда мешаванд, ки ба донишҷӯён имконияти татбиқи донишҳои назариявиро дар таҷрибаи амалӣ фароҳам меорад.
Интегратсия муносибати эҷодиро ташвиқ мекунад ва имкони офаридани ғояҳо ва ҳалли инноватсиониро фароҳам меорад.
Дар асоси ҳамин раванд, дар факултети фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ, бахусус дар кафедраи таърих, як қатор лоиҳаҳои самаранок ва таҳияҳои илмӣ-методӣ амалӣ гардидаанд. Ин раванд ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кафедра, ҳамоҳанг сохтани донишҳои назариявии донишҷӯён бо амалия ва таҳияи воситаҳои методие, ки ба талаботи таълими муосир ҷавобгӯянд, нигаронида шудааст.
Аз ҷониби кафедраи таърих барномаҳои таълимие таҳия шудаанд, ки робитаи таърихро бо фанҳои дигар, аз ҷумла ҷуғрофия, сотсиология ва санъат таъмин мекунанд. Масалан, тавассути ҳамгироии таърих бо ин фанҳо муҳтавои дарсҳо ғанӣ мегардад. Омӯзгорони кафедра китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиро дар асоси интегратсияи фанҳо таҳия намудаанд. Ин корҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд донишҳои таърихиро аз нуқтаи назари гуногун таҳлил ва муқоиса намоянд.
Донишҷӯён таърихро на танҳо аз ҷиҳати рӯйдодҳои гузашта, балки дар робита бо иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва технология меомӯзанд.
Таҳияи лоиҳаҳои амалӣ дар таълими таърих дар ҳамбастагӣ бо фанҳои дигар муҳтавои таълимро ғанӣ гардонда, донишҷӯёнро бо дониши васеъ таъмин менамояд.
Масалан:
Лоиҳаи «Роҳи бузурги абрешим: бархӯрди тамаддунҳо» — донишҷӯён аҳамияти ин роҳро на танҳо ҳамчун роҳи тиҷоратӣ, балки ҳамчун маркази ҳамкории фарҳанг, санъат ва динҳо омӯхтанд.
Лоиҳаи «Афросиёб – осорхонаи зери осмони кушод» — ба таҳлили ёдгориҳои Афросиёб ва асарҳои санъат бахшида шуда, донишҷӯён аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии онҳоро омӯхтанд.
Ҳамбастагии таърих ва санъат ба донишҷӯён имкон медиҳад воқеаҳои таърихиро тавассути асарҳои ҳунарӣ дарк намоянд. Ин гуна лоиҳаҳо тафаккури эҷодиро тақвият дода, салоҳияти илмӣ ва малакаҳои амалиашонро инкишоф медиҳанд.
Интегратсияи фанҳо дар Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ намунаи равшани равиши инноватсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим мебошад.
Аз ин рӯ зарур аст, ки ин намуди ҷараёни таълим нафақат дар донишкадаву донишгоҳҳо, балки дар мактабҳои умумтаълимии кишварамон низ бояд ба роҳ монда шавад. Чунки донишомӯзони зукко ҳанӯз нишонаҳои таълими босифат ва самарабахшро аз мактаб мегиранд. Охир беҳуда намегӯянд, ки «Илм дар ҷавонӣ, нақш бар санг аст».
Солеҳҷон Тошев,
устоди калони кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.